Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмуни эҷодиро барои журналистон ва публитсистон таҳти унвони «Роғун — арсаи мардонагӣ» эълон менамояд. Озмун дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бармеояд, «Солҳои рушди саноат» ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намудани солҳои 2022-2026 баргузор мегардад. Он бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба истифода додани ду агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истеҳсолкунандаи «энергияи сабз», эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ ва журналистӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар ва инкишофи инфрасохтори муосири саноатии ҷумҳурӣ, татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати кишвар доир мегардад.
Озмун аз 1 январ то 31 октябр дар давоми солҳои 2022-2026 гузаронида мешавад. Ба озмун маводе, ки аз 2 январ то 31 октябри ҳар сол дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, сомонаҳои хабарӣ табъу нашр гардидаанд ва дар телевизиону радио пахш шудаанд, пешниҳод мешаванд. Довталабон метавонанд маводи худро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ, 16, ошёнаи якум ирсол доранд. Муҳлати охири пешниҳоди мавод — 1 ноябр.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— мақола дар нашрияҳои чопӣ – 1 ҷои якум – 8000 сомонӣ, 2 ҷои дуюм – 5000 сомонӣ ва 2 ҷои сеюм- 2500 сомонӣ;
— мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ – 1 ҷои якум — 15000 сомонӣ, 2 ҷои дуюм — 10000 сомонӣ ва 2 ҷои сеюм – 7000 сомонӣ;
— маводи телевизионӣ — 1 ҷои якум – 20000 сомонӣ, 2 ҷои дуюм- 15000 сомонӣ ва 2 ҷои сеюм – 10000 сомонӣ;
— маводи радиоӣ – 1 ҷои якум- 10000 сомонӣ, 2 ҷои дуюм- 5000 сомонӣ ва 2 ҷои сеюм- 3000 сомонӣ.
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, ба муҳтавои озмун ҷавобгӯ бошанд ва набзи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва заҳмати коргарону мутахассисони тоҷикро ҳаматарафа инъикос намоянд. Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад.
Барои иштирок дар озмун маводи зерин ба Комиссияи озмун пешниҳод мешавад:
- маълумот дар бораи довталаб;
- асарҳо дар шакли СD (барои маводи радиоӣ) ва DVD (барои маводи телевизионӣ ва филми мустанад) дар 7 нусха;
- маълумотномаи эфири барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ;
- нусхаи маводи чопӣ дар 7 нусха;
- матни маводи дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида дар 7 нусха;
- нусхаи шиноснома.
Иштирокчиёни озмун шахсони ҳуқуқӣ (идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ғайра) ва воқеӣ (рӯзноманигорон, муаллифони шабакаҳои иҷтимоӣ) буда метавонанд. Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 919 – 32 — 34 — 02, 989 — 99 — 71 — 50 ва 000 — 00 – 44 — 33 муроҷиат кунед.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон