19 августи соли 2022 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ — ҳисоботии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Обидзода Фозил Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, роҳбарият ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор»- и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Обидзода Фозил Саид дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки тибқи муқаррароти дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба амалигардонии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз 4 январи 2022 то 10 январи соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари хизматӣ анҷом доданд.
Дар давраи мавриди назар аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 ҷаласаи Шӯро ва 29 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки дар онҳо беш аз 665 санади меъёриву ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул гардиданд.
Дар ин давра 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ баррасӣ гардидаанд, ки дар таҳияву такмили онҳо саҳми вакилон — аъзои фраксияи ҲХДТ хеле назаррас аст.
Дар идома муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ҳисоботи раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021 -2022-ро натиҷагирӣ намуда, иброз намуд, ки аъзои он аз дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, баҳри амалисозии ҳадафҳои наҷибу олӣ, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, кӯшиши бештар менамоянд.
Дар доираи чорабинӣ дар ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор» — и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботи — интихоботӣ доир гардид. Дар он чор масъала муҳокима гардида, вобаста ба масъалаи аввал ҳисоботи раиси ташкилоти зикршуда Оқилзода Наҷибулло Нурулло шунида шуда, қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Сипас, Оқилзода Наҷибулло Нурулло раис, Абдусамад Эсанқулов муовин ва 4 нафар аъзои раёсати ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор» — и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок ва суханронӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон