22 августи соли 2022 раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Файзулло Баротзода бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар он вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла парлумони касбии мамлакат, ба густариши муносибат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, хоса баҳри таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
- Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд буда, омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибати байни кишварҳоямон талошҳои муштарак намоем, — гуфт Файзулло Баротзода..
Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ аҳамияти хосса доранд.
- Умед дорам, ки пас аз ин сафар равобити байнипарлумонӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад шуд, — изҳори боварӣ намуд номбурда.
Дар мулоқот, ҳамчунин аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд.