Родманиш

№104 (4524) 22.08.2022

фото 1Инсони шариф дар зиндагӣ аз рӯи мафҳумҳои пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некаш баҳо мегирад.

Шахсе, ки андешаи хуб, некиву шафқат, меҳнати ҳалолро рисолати асосии хеш қарор додааст, ҷои ӯ ҳамеша дар дилу дидаи мардум мебошад.

Солҳои тӯлонӣ мо бо марди нексиришт генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов дӯстӣ дорем. Аз ин ҷо, бо бисер хислатҳои наҷиби ӯ аз наздик шиносем.

Нисбат ба зиндагиномаи ин генерали арзанда аз ҷониби ашхоси касбу кори гуногун таълифоти зиёд аст.

 Қаҳрамони матлаб дар сарзамине ба дунё омадааст, ки даҳҳо арбобони фарҳангу илм ва ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Файзулло Ансорӣ, Ҷумъа Одина, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Ӯрун Кӯҳзод, Лоиқ Шералӣ, Сорбон, Камол Насрулло, Холмурод Шарифов, Зайниддин Насриддинов ва дигарон ба камол расидаанд.

Аз рӯи нақли ҳамдеҳагон Х. Ҳамроқулов давомдиҳандаи амалҳои неку шоистаи  бузургони рустои Фароби шаҳри бостонии Панҷакент аст. Деҳаи мазкур бо се вилояти ҷумҳурии Ӯзбекистон — Самарқанду Қашқадарё ва Сурхондарё ҳамсарҳад мебошад. Гузаштагони Х. Ҳамроқулов шахсони баобрӯ, донишманд ва саховатпешаи ин диёр ба шумор мерафтанд. Мавсуф аз овони наврасиву ҷавонӣ ба андӯхтани фазлу дониш ва меҳнати ҳалол шуғл ва рағбати беандоза дошт. Барои дар ӯ тарбия намудани хислатҳои ҳамида саҳми устодони зиндаёдаш, муаллимони мактаби миёнаи деҳаи Фароб Абдунофӣ Бурҳонов, Кӯчбой Муродқулов, Қодир Насриддинов ва Бозор Неъматуллоев низ ниҳоят калон аст.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки аз соли 1971 то ба нафақа баромадан, асосан дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти амният, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хизмат намудааст.

Дар ҳаёт ба бисёр пастиву баландиҳо дучор омада, бо ақлу заковати худододаш ҳамаи монеаҳоро паси сар кардааст. Ҳақ бар ҷониби Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки дар асараш «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» навиштааст: «Ҳар кӣ дар тирборони ҳаводис сипари сабр дар сар кашад, зудтар хаданги (тири) умедаш ба ҳадафи мурод расад».

Дар ҳама кор ва иҷрои вазифаҳои вазнину муҳим сабру тоқат ва таҳаммул зоҳир карда, дар ин ҷода аз дигар ҳамкорон ба куллӣ фарқ намуда, ба мақсаду мароми ниҳоиаш расидааст.

Номбурда дар КБД -и ҶШС Тоҷикистон хизматро аз вазифаи ниҳоят масъу­лу муҳим — рамзнавис (шифровальщик) сар кардааст. Поксириштӣ, ақли расо, чолокиашро ба назар гирифта, ӯро соли 1972 муҳофизи Котиби аввали КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон  шодравон Ҷ. Р. Расулов таъин намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар замони шӯравӣ на ҳамаро, алалхусус кормандони маҳаллиро, ба вазифаҳои дар боло зикргардида таъин мекарданд.

Шахси мавриди назар 12 сол (1981 – 1992) вазифаҳои ёрдамчӣ, муовини сардори Раёсати Комитети бехатарии давлатиро дар вилояти Кӯлоб ва баъд Хатлонро ба уҳда дошт.

Интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан дар мақомоти амният, масъулияти касбии баланд, заҳмати беандозаро талаб менамуд. Х. Ҳамроқулов аз иҷрои ин вазифаи пурмасъулу муҳим бо сари баланд баромад. Дар натиҷаи тафтишҳои аз тарафи марказ (Москва) гузаронидашуда, раёсатҳои бехатарии давлатии вилоятҳои Кӯлобу Хатлон дар кори таълиму тарбия, инчунин, тайёрии ҳарбиву ҷисмонии ҳайати шахсӣ якчанд сол пайи ҳам дар миқёси шӯравӣ ҷои намунавиро ишғол намуданд.

Доимо ҷонибдори адолат, волоияти қонуну ҳақиқат буд ва ҳаст. Боре ба вазифаи сардори шуъбачаи КБД-и яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон бо «дастгирии шахси баландпояе» афсареро таъин намуданд, ки таҷриба ва дониши кофӣ барои роҳбарӣ надошт. Х. Ҳамроқулов принсипнокӣ зоҳир намуд ва ба роҳбарияти КБД-и ҶШС Тоҷикис­тон оид ба ин таъиноти хато муроҷиат кард. Дар натиҷа, фармони таъиноти афсари номбурда бекор ва ба ҷои ӯ кадри таҷрибадору болаёқат, зиндаёд В. Б. Бӯймамадов таъин гардид.

Табиатан Х. Ҳамроқулов шахси бунёд­кор ва созанда аст. Масалан, ҳини хизмат дар Раёсати КБД — и вилояти Кӯлоб бо талошу ҷидду ҷаҳд ва заҳматҳои ӯ дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ ба тариқи ҳашар, бо иштироки фаъолонаи ҳайати шахсии раёсати мазкур, дар яке аз минтақаҳои зебоманзари деҳаи Душанбеча (чор км дуртар аз маркази ноҳияи Муъминободи ҳозира) истироҳатгоҳ барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо сохта, ба истифода дода шуд.

Қобилияти баланди ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ ва кордонии Х. Ҳамроқуловро ба ҳисоб гирифта, ӯро соли 1992 роҳбарияти вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки кишвари тозаистиқлол таъин намуд.

Дар он солҳои барои мамлакат вазнин дар ин вазифаи муҳиму масъул кор кардан кори осон набуд. Бо ташаб­буси мавсуф қонунҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои соҳавии лозимӣ таҳияву қабул шуданд. Бо якчанд давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба ва бисёр­ҷониба оид ба танзими кори байналхалқии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд, ки фаъолияти байнидавлатии кормандони соҳаро осон намуданд.

Соли 1996 Х. Ҳамроқулов дубора ба Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор баргашта, то соли 2000 вазифаи вазириро ба уҳда дошт. Ба замми ҳалли дигар масъалаҳо, сарпарастии гурӯҳи ноҳияҳои водии Раштро низ ба зиммаи ӯ гузошта буданд. Ҳамаи супоришҳоро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро кард.  Аз рӯи нақли ҳамсафарон, Х. Ҳамроқулов якчанд маротиба зери таҳдид ва гаравгонгирии қувваҳои моҷароҷӯ гаштааст. Аммо оид ба ин ҳодисаҳои нохуш чизе изҳор накардааст.

Яке аз хислатҳои ҳамидаи Х. Ҳамроқулов шикастанафсӣ аст. Беадолатиро, махсусан беадолатии иҷтимоиро, намепазирад.

Шиори ӯ дар зиндагӣ «Кори имрӯзро ба фардо магузор» мебошад.  Маъракаоро буда, аз паси кас ғайбат карданро намеписандад. Ба аҳди бастааш устувор аст. Дар дӯстиву рафоқат ҳамто надорад.

Х. Ҳамроқулов мунтазам кор карда, дониш андӯхтанро шуғли ҳаррӯза медонад. Ҳамин буд, ки ӯ соли 2000-ум дар мавзӯи «Робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш» рисолаи илмӣ ҳимоя намуд ва соҳиби унвони номзади илми иқтисод гардид.

Бо нишони «Спитамен» ва якчанд нишонҳои сарисинагии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ, инчунин як силсила ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ, Кумитаи давлатии бехатарии ҶШС Тоҷикистон, вазоратҳои амният ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сарфароз гардидааст. Барои шуҷоат ва садоқати ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ӯ бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва якчанд нишонаҳои сарисинагӣ қадрдонӣ шудааст.

Х. Ҳамроқулов ҳоло дар нафақа бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ ӯро бекор намебинед ва ӯ доимо ба ягон амали муфид машғул аст.

Ӯ пас аз нафақа баромадан дар зодгоҳи худ деҳаи Фароб аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву корношоям дар масоҳати зиёда аз 10 гектар боғеро ­бунёд намуд, ки дар он бештар аз дусад навъ ниҳолу бутта ва дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Аксари дарахтон аллакай ҳосили дилхоҳ дода истодаанд. Дар дохили боғ, якчанд ҳавзи моҳипарварӣ амал мекунад. Барои таъмини мардуми деҳа ва дигар рустоҳои шаҳри Панҷакент дар боғи мазкур гармхона амал мекунад, ки дар он ниҳолҳои гуногун парвариш ва ройгон ба мардум тақсим карда мешаванд.

Х. Ҳамроқулов дар оиладорӣ намуна аст. Бо ҳамсараш шодравон Робиа Аллаёровна зиндагии хушу гуворо дошт. Ин зани донишманду сиёсатмадори шинохта якчанд моҳ қабл аз дунё даргузашт. Онҳо соҳиби ду фарзанд буда, дар идораҳои давлатӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Ба ӯ саломатӣ, сарбаландӣ, саодати зиндагӣ ва умри дарози бобаракат­ро орзу менамоем.

Э. МУҲИДДИНОВ,

генерал — майори мустаъфӣ,

Р. МАҲМАДАЛИЕВ,

генерал — майори мустаъфӣ