Чордаҳуми июни соли равон ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии истеъмолӣ аз ҳар ваҷаб замини обии корам пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнанд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, вусъат додани ҳама гуна корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорони ободгару бунёдкорро ба корҳои созандагӣ васеъ ҷалб намуда, ба ташкил ва густариши фаъолияташон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
www.president.tj