Раванди таҳаввулоти таърихӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки дар сохтор, низом ва дигар ҷанбаҳои давлатдории хеш роҳи мустақилро пеш гиранд ва бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ниёз ва ормонҳои миллати хешро пиёда созанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки миллати тоҷик низ тавонист барои ноил шудан ба давлатдории миллӣ, мустаҳкам кардани зербинои фарҳангӣ ва саҳм доштан дар рушди тамаддуни башарӣ кори зиёдро ба сомон расонад.
Яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо шарофати қабули Конститутсия муноқишаҳои сиёсию бесарусомонӣ хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд.
Ҳамин тариқ, миллати озода ва соҳибфарҳанги тоҷик бо таваҷҷуҳ ба воқеияти замон ва манофеи миллӣ Конститутсия (Сарқонун) ва сохтори давлатиро тибқи ниёзу ормонҳои фитрӣ ва таърихии хеш қабул ва интихоб намуд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки он аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле мукаммал ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллию давлатии тоҷикон ба ҳисоб рафта ва баҳри сохтани ҷомеаи воқеан ҳам демократию дунявӣ ва ягона заминаи асосӣ гузошта, давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Низоми демократӣ маънои ҳукумати мардумро дорад ва дар худ ирода, хоҳиш ва тафаккури онро таҷассум менамояд. Яъне, сарнавишти мардум ва ҷомеа ба ихтиёри худи мардум гузошта шуд.
Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки бунёди он бар ҳуқуқ аст. Волоият ва қонуният, ба гуфтаи олимони Юнони қадим: «…сабаби ҳастию дарозумрии давлат» мебошад. Ҷавҳари давлати ҳуқуқбунёдро вобастагии давлат аз ҳуқуқ, яъне маҳдуд будани давлат дар доираи ҳуқуқ ташкил медиҳад. Усули волоияти Конститутсия дар кишвари мо ба сифати яке аз асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ муқаррар шудааст. Мувофиқи он Конститутсия эътибори олӣ дорад ва меъёрҳои Сарқонун мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар сандаҳои мухолифи меъёрҳои Конститутсия қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамчунин дар Конститутсия ҳокимияти давлатӣ танзими худро ёфта, суд ҳамчун шохаи ҳокимият эътироф гардид.
Мутобиқ ба Конститутсия қонунҳои алоҳида ва санадҳои зерқонунӣ, санадҳои соҳавӣ қабул ва дар амал татбиқ мешаванд. Ҳамаи ин баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои асосии инсону шаҳрванд равона шудаанд.
Бо мақсади боз ҳам устувор ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани меъёрҳои он аз ҷониби халқи Тоҷикистон ду маротиба, яъне соли 1999 ва соли 2003 ба Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид гардид.
Тавъам будани истиқлолият ва Конститутсия дар бунёди давлати демократӣ хуб эҳсос мешавад. Конститутсияи соли 1994 қабулкардаи мардуми Тоҷикистон аз конститутсияҳои қаблӣ бо он фарқ дорад, ки дар Конститутсияи амалкунанда, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Маҳз дар ҳамин Конститутсия баъди ҳазорсолаҳо забони тоҷикӣ, ки забони аксари кулли ҳамватанон аст, чун забони давлатӣ расман эълон гардида, рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, узви фаъоли ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Иҷро ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсияро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозад ва инро воситаи асосии рушди давлати ҳуқуқбунёд мешуморад. Аз ҷумла дар Паёми худ Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 чунин таъкид сохтанд: «Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад.
Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад».
Имсол миллати тоҷик бистумин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осуда ҷашн мегирад. Аз ин рӯ, бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки Ҷашни 20- солагии Конститутсия ин 20 соли татбиқи меъёрҳои олист.
А. ШАРБАТОВ, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе