Проблема ва мулоҳиза

Қимор дар Интернет. Чаро мардум фирефтаи блогерон мешаванд?

№107 (4527) 29.08.2022

EERaTuVX4AAS-ZxШиркати «YouTube» «монитизатсия» (ҳисобкунаки пул ё пулҷамъкунак)-ро барои корбарони рус хомӯш кардааст. Яъне, ҳар корбаре, ки аз Россия наворҳои «YouTube» — ии дилхоҳ саҳифаро аз саросари дунё тамошо кунад, ба ҳисоби молики саҳифа пул намегузарад.

Чун қисми зиёди корбарони шабакаи «YouTube»-и тоҷикӣ саҳифаҳои худро дар сегменти русӣ ба қайд гирифта буданд, дигар даромад намегиранд. Биноан, блогерони тоҷик ба чанд гурӯҳ ҷудо шуданд. Қисме корро муваққатан бас карданд, боқимонда наворҳояшонро аз ҳаёти мушкили мардуми дастнигар омода намуда, ба гузаронидани «конкурс» ва «гив» машғул шуданд.

Мо дар матлаби зер доир ба чӣ гуна бозӣ будани «конкурс» ва «гив» ва блогерони пешқадам дар ин самт хоҳем гуфт.

 ШАРҲИ «КОНКУРС» ВА «ГИВ»

«Гив» калимаи англисӣ буда, маънояш «тақсим кардан» аст. «Гив»-ро блогерони машҳур, ки обуначии зиёд доранд, ташкил мекунанд. Дар ин бозӣ се намуди одамон иштирок мекунанд. Блогер – ташкилкунанда, сарпараст – нафаре, ки мехоҳад обуначии зиёд дошта бошад ва обуначӣ – нафаре, ки мехоҳад бо обуна шудан ба саҳифаҳои блогерон соҳиби пул ё туҳфа гардад. Яъне «гив» — ро блогерон барои фоида ба даст овардан ва сарпарастон барои фаъол кардани саҳифаҳояшон мекунанд.

Барои мисол, блогери машҳур аз 100 нафар 150 сомонӣ мегирад ва ба онҳо унвони «сарпараст» — ро медиҳад. Сипас, ба обуначиҳояш эълон мекунад, ки ба он сад «сарпараст» — аш обуна шаванд ва дар миёнашон 5 000 сомониро тақсим мекунад. Ҳамин тавр, обуначиҳои блогерон барои пул ё туҳфа ба нафарони махсус обуна мешаванд. Дар натиҷа, блогер пул кор мекунаду «сарпараст» соҳиби обуначиҳои зиёд мегардад.

«Конкурс» бошад, аз «гив» калонтар аст. Дар он ба ҷои пулу туҳфа мошин ё хона гузошта мешавад ва обуначиҳои блогерон ба касе обуна намешаванд, балки чиптаи бурднок мехаранд. Мисли бозиҳои «лото».

Ҳоло дар фазои маҷозӣ блогерон ва одамони алоҳида зиёд чунин «конкурс» мекунанд. Саҳифаҳое, ки «конкурс» мекунанд, аксар вақт дар дили ҳазорон нафар шубҳа мегузоранд, зеро нарх ва шумораи чиптаҳояшонро агар ҳисоб кунем, ба арзиши мошин ё хонаи мондаашон баробар шуда наметавонад. Ҳатто корбарони фазои маҷозӣ мисолҳо меоранд, ки ташкилкунандагон мошинҳои дар «конкурс»-ҳо мондаашонро ба касе намедиҳанд, балки шиносҳояшонро даъват карда, дар назди мошинҳо навор мегиранд, ки гӯё онҳо бурд кардаанд.

 «97 ФОИЗИ «КОНКУРС» — ҲО ДУРӮҒАНД»

Мавзӯи «конкурс» ва «гив» 5-6 моҳи охир дар сархати хабарҳои «YouTube»-у «Instagram» аст. Яке барои «гив» -аш «сарпараст» мекобаду дигаре обуначиҳояшро мегӯяд, ки ба нафарони махсус обуна шаванд. Яке тарғиби «конкурс» — ашро мекунаду дигаре фиребгар набуданашро аз тариқи суҳбатҳои махсус бо ҳамкоронаш «исбот» мекунад. Яке мардумро ба бозӣ кардан дар «конкурс» ва «гив» талқин мекунаду дигаре аз дурӯғ будани онҳо огоҳ менамояд.

Муаллифи саҳифаи «Boroda.tj», яке аз блогерони машҳури кишвар Музаффар Давлатзода, ки дар «YouTube» ба гузаронидани «конкурс» машғул аст, гуфт, ки мардуми одӣ набояд ба ҳама ташкилкунандагони «конкурс»-ҳо бовар кунанд.

- Ҳоло фазои «YouTube»-и моро «конкурс»-ҳо пахш кардаанд, вале набояд фаромӯш кард, ки 97 фоизи онҳо дурӯғанд. Ман шоҳиди зиндаам, ки дар яке аз чунин бозиҳо рафиқи наз­дики маро гуфтанд, ки ба ту 2000 сомонӣ медиҳем ва гӯё ту мошини бозии моро бурд кардӣ. Ман боз нафареро медонам, ки 20 000 сомонӣ додаанд, ки гӯё хона бурд кардааст,- афзуд ӯ.

Овозхон ва блогери шинохта Наимҷони Сайдалӣ ҳам, ки ба наздикӣ оид ба қатъ кардани гузаронидани «конкурс»-ҳояшро хабар дод, чунин гуфт:

- Ҳоло дар «YouTube»-и тоҷикӣ «конкурс»-ҳо хеле зиёд шудаанд ва дар ин миён агар онҳоро ҳақиқӣ гузаронем ҳам, мегӯянд, ки «мошенник» (қаллоб) аст. Бо ин сабаб дигар «конкурс» доир намекунам.

 МОРО МЕБОЯД…

Ташкилкунандагон медонанд, ки корашон нодуруст аст, вале барои фоида ин корро анҷом медиҳанд. Аксари мардум медонанд, ки бозиҳо дурӯғанд, вале боз обуна мешаванду бо маблағи зиёд чипта мехаранд.

Тааҷҷубовар аст, ки мақомоти андозу ҳифзи ҳуқуқ ба ин масъала то ҳол таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Ин бетафовутӣ оқибати хуб надорад. Ҳамватанон фиреб мехӯранд, мардумфиребӣ зиёд мегарданд.

 Дар навбати худ, масъулини Кумитаи андозро мебояд ҳамчуноне, ки блогеронро ба қайд гирифтанд, рӯйхати ташкилкунандагони «конкурс» ва «гив»-ҳоро тартиб дода, фоидаи онҳоро муайян карда, андозбандӣ намоянд.

Ҳамчунин, мақомоти ҳифзу тартиботро мебояд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва ҳолатҳои фиребу найранг ва мардумфиребиро ошкор карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»