Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки дар вазъияти доимотағйирёбандаи ҷаҳон ва болоравии нарху навои маҳсулоти аввалия кӯшиш кардан зарур аст, ки ҳама захираву имкониятҳо самаранок истифода шаванд.
Боиси ёдоварист, ки моҳи августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали Хостроғ — Дашти Луч санги асос гузоштанд. Дашти Луч дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои 500 гектар замин мебошад. Ба ин мавзеъ аз дарёчаи Хостроғ, ки 18 километр масофа дорад, об оварда шуд. Дар шароити камзамини Дарвоз ин имконияти бо замин таъмин намудани сокинон гардид. Ҳоло дар ин мавзеъ 8 гектар боғи нав бунёд гардида, дар 247 гектар замин ҳама навъи зироат кишт мешавад.
Ба гуфти мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Нурмаҳмад Додов, дашти Ёвон низ барои рушди соҳаи боғдорӣ мусоид мебошад. Дар ин ҷо буттаҳои ситрусиро парвариш кардан мумкин аст. Об фаровон аст ва сокинони рустоҳои Ёгед, Шкев ва Сангеву Ушхарви деҳоти «Нулванд» имсол нисбат ба соли гузашта бештар ғалла ва картошкаву сабзавот кишт намуданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»