Файзи қудуми Пешвои миллат

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

8Баъд аз соҳибистиқлол гардидани  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷанги дохилӣ боиси хароб гардидани садҳо шаҳру деҳ, ҳалокати одамон, рӯ ба таназзул овардани соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ шуд. Нотавонбинон шароитро мусоид дониста, ба корҳое даст заданд, ки мардуми одӣ дилшикаставу рӯҳафтода шуданд. Дар ноҳияи Рашт (Ғарм) вазъият бештар риққатовар буд.  Мардум гуруснаву побараҳна мунтазири саранҷоми кор буданд ва ба ояндаи худ ва кишварашон чандон бовар надоштанд.

Ноҳияи замоне дар соҳаи картошкапарварӣ номдор чанд соли охир имконият надошт, ки тухмӣ пайдо кунаду картошка кишт намояд. Аз 18 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 28 ҳазор сар моли майда соли 1992 ҳамагӣ 618 сар чорвои калони шохдор ва 1994 сар моли майда боқӣ монд. Пиллакорӣ аз байн рафт. Дар ҳар деҳа садҳо қуттии холии занбӯриасалпарварӣ ба чашм мерасид. Боғҳо рӯ ба нестӣ оварданд. Одамон ба хотири аз чанги гуруснагӣ раҳонидани хонаводаашон дороии худро ба ду-се халта орду сабӯс иваз мекарданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёти ин гӯшаи зебои Ватан солҳои 1993-1996 маблағи зиёд ҷудо карда бошад ҳам, бо сабабҳои маълум на ҳамаи барномаҳо амалӣ гардиданд. Биноҳои маъмурӣ солҳои зиёд таъмирро надида, вазъи ногувор доштанд. Роҳбарияти ноҳия танҳо пайи он талош мекард, ки вазъият таҳти назорат бошад ва зиндагии осудаи сокинони ноҳия пурра таъмин гардад. Метавон аз хизмати арзандаи собиқ раисони ноҳия Сайдулло Хайруллоев, Туғон Абдуҷабборов ва Маҳмадшариф Толибов ёд кард.

Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он вазъи душвор чанд маротиба ба водии Рашт сафари корӣ намуданд. Бо мардум вохӯрда, тасаллияшон медоданд, дилбардорӣ мекарданд. Доимо таъкид менамуданд: «Ҳамаи мушкилотро якҷоя паси сар мекунем. Ба рӯзҳои нек мерасему боз шодию хурсандӣ менамоем. Ҷудоие, ки байни халқи тоҷик имрӯз ба вуҷуд омадааст, кори дасти бегонагон аст…».

Панду андарз ва суханҳои ҷозиби Сарвари мамлакат ба сокинони ноҳия мисли нӯшдору буд. Онҳо ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бовар карданд. Бовар карданд, ки метавонанд миллати пора — порагаштаро ба ҳам биёранд. Якпорчагии кишвару ягонагии миллатро таъмин намоянд.

27 июни соли 1997 ҷаҳониён аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон байни тарафҳои даргир дар кишвари тоҷикон хабар ёфтанд. Баъд аз имзои созишнома дар ноҳияи Рашт зиндагӣ маънои дигар пайдо кард. Акнун масъулини баландпоя бештар меомаданд. Вазъиятро таҳлил намуда, ба хотири ободии ноҳия барномарезӣ мекарданд. Дубора соҳаи кишоварзӣ эҳё шуд. Барномаҳои давлатию ғайридавлатӣ шароит фароҳам овард, ки деҳқони раштӣ боз картошкаю ғалла кишт кунаду чорводор соҳаашро тараққӣ диҳад. Пиллакорон низ дастгирӣ ёфтанд. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ эҳё гардид. Дар бозорҳои дуру наздики ҷумҳурӣ асали номдори Рашт пешкаш шуд.

Кор дар ҳавзаи ангишти Назарайлоқ дар ду мавқеъ — Кафтархона ва Шикорхона оғоз шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тезонидани кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия созмонҳои байналмилалиро ҷалб намуд.

 Соли 2000 дар ноҳия ҳамагӣ дар 1,5 гектар замин картошка кишт намуданд. Соли 2001  майдони кишти картошка ба 92 гектар расид. Ғаллакорӣ ривоҷ ёфт ва дар 4300 гектар гандум кишт шуд. Раиси вақти ноҳия Муҳаммадшариф Толибов пайваста барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия чораву тадбирҳои зарурӣ меандешид.

Соли 2001 пиллапарварӣ эҳё шуд. Дар масъалаи ҷоннок намудани соҳаи пиллакорӣ Барномаи ҷаҳонии озуқа кумаки шоиста намуд.

16 сентябри соли 2000  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғарм омаданд. Суҳбатҳои самимонаи Роҳбари давлат мардумро ба ояндаи нек дилгарм намуд.

Соли 2001 барои мардуми ноҳияи Ғарм воқеаи муҳими таърихӣ рух дод. Орзуи деринаи ин мардум ҷомаи амал пӯшид. Дар ин кор саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон буд. Дархости сокинони ноҳия ва пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқ оид ба эҳё намудани номи қадимаи ин гӯшаи зебои диёр дар иҷлосияи Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2001 қонеъ гардид. Ноҳияи Ғарм  Рашт ном гирифт.

Соли 2002 дар бораи нооромии вазъ дар Рашт овозаҳои дурӯғ паҳн мешуд. Душманони миллати заҷркашида овоза карданд, ки қувваҳои бегона дар деҳоти «Ҳоит» пинҳон шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ намуданд ва дар ин сафар нависандагону рӯзноманигоронро аз дигар мамолик ҳамроҳашон оварданд, то бо чашми сар вазъро дида, ҳақиқати ҳолро ба ҷаҳониён расонанд.

Моҳи августи соли 2002 сафари Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳоит аз дилгармӣ ва маҳбубияти Роҳбари давлат ба ин мардум гувоҳӣ дод. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт корҳои зиёди бунёдкорӣ ба субот расиданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат аз кони ангишти Назарайлоқ боздид карданд. Таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба истифодаи оқилонаи кони мазкур, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард, истифодаи технологияи навтарин ва сохтмони мактабу дигар иншооти муҳим ҷалб гардид.

Президенти мамлакат дар Ҳоит бо мардум вохӯрданд. Ба майдони варзишии деҳаи Ҳоит аз тамоми деҳаҳои ин музофот, ҳатто аз ноҳияҳои ҳамсоя марду зан омада буданд.  Сарвари давлат шаб меҳмони мардум шуда, бо ташрифашон ба ин диёр файзу баракат оварданд. То ҳанӯз мардуми Ҳоит он шабро бо ифтихор ба ёд меоранд ва мегӯянд, ки «на ҳар деҳаи дурдастро насиб мекунад, ки Сарвари давлат меҳмон шавад».

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ соли 2006 дар ноҳияи Рашт баргузор гардид. 26 июни соли 2006 ба ноҳияи Рашт меҳмонони зиёд омаданд. Раштиён ҳатто дар дуртарин деҳа меҳмонхонаҳоро ороста, дастархон густурданд.  Он шаб ба чашми касе хоб наомад. На мизбонон хобиданду на меҳмонон. Онҳо ташнаи дидори якдигар, суханҳои ҳамдигар буданд. Садои мусиқӣ фазои танги кӯҳистонро пур карда буд. Гоҳ садои шодравон Зафар Нозим баланд мешуду гоҳ овози дилошӯби Ҷӯрабек Мурод. Фалаки  Давлатманд боми фалак­ро меларзонду лаҳни ширини Саидқул Билолов ба дилҳои дардманд марҳам шуд. Дар ҳақиқат, шаби ваҳдати миллӣ буд.

Устод Меҳмон Бахтӣ шеър мехонд. Ҳанӯз суханаш ба анҷом нарасида, насими форами кӯҳистон аз гӯшаи дигар овози Ҳақназари Ғоибро меовард, Гулназар шеър мехонду Саидалии Маъмур, устод Муъмин Қаноату Гулрухсор, Раҳмат Назрию Назри Яздон…

Шабе буд, ки бори дигар бародарони ҳамхуну ҳамзабонро наздиктар гардонд. Мардум хеле равшан пай бурданд, ки Сарвари давлати тоҷикон чӣ шахсияти хирадманданду дили бузурге дар синаашон хуфтааст.  Дар ҳақиқат, ин шахсияти бузург — меъмори қасри ваҳдати миллат тавонистанд дилҳои шикастаро пайванд кунанд, захмҳоро дармон бахшанд ва бародарро ба оғӯши гарми бародар раҳнамоӣ кунанд.

Дар майдони варзишӣ 27 июн он қадар одам ҷамъ шуда буд, ки агар сӯзанро мепартофтанд, ба замин намерасид. Ҳама мунтазири омадани Президенти мамлакат буданд…

Пешвои миллат дар ҳузури гирдиҳам­омадагон суханронӣ карда, дар бораи дӯстии мардуми Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ, худшиносию нангу номуси ватандорӣ суханҳои хотирмон гуфтанд. Аз фарзандони номдори Раштонзамин, ки дар тӯли солиёни пешин барои миллат хизмат кардаанд, самимона ёдовар шуданд.

 Ҳамон рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон дар бораи ба унвони олии Ватан сазовор гардидани фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур қироат карданд.

Хурсандии сокинони ноҳияро ҳадду канор набуд. Онҳо бовар карданд, ки мақсади Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон созандагию бунёдкорист. Чунин қадрдонӣ мардуми заҳматкаши ноҳияи Раштро рӯҳбаландтар намуд.

Дар «Барномаи рушди иқтисодию  иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти №600 тасдиқ гардид, ҷиҳати пешрафти соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия нақшаҳои мушаххас пешбинӣ гардида, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон, буҷети маҳаллӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ имконияти мусоид фароҳам шуд. Дар асоси барномаи мазкур солҳои 2012-2016- ум 73 иншоот ба маблағи 105 миллиону 265 ҳазору 800 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тасдиқи барномаи мазкур ғамхории навбатии Сарвари давлат ба мардуми ноҳияи Рашт буд.

Таъсиси Донишкадаи омӯзгорӣ дар водии Рашт шароит фароҳам овард, ки маркази камназири илмӣ ташкил карда шавад. Агар дар замони барқарории давлати пурқудрати шӯроҳо дар ноҳия се нафар олими унвондор кору зиндагӣ кунанд, имрӯз шумораи онҳо афзуда, 12 нафар ҷавонони ҷӯянда дар риштаҳои гуногуни аспирантура таҳсил карда истодаанд.

Соли 2021 барои сокинони ноҳия умуман соли дастовардҳо буд. Дар ин давра майдони кишти картошка ба  3222 гектар расид. Дар 23 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз ин 10 гектараш боғи интенсивӣ  буда, 135 фоизи иҷрои нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Ҳамчунин, қисми зиёди боғҳои харобгардида аз нав бунёд шуданд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли 2022 дар ноҳия ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ бемайлон рушд ёфта истодаанд. Мардуми шарафманди ноҳия содиқона заҳмат мекашанд, ки 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро арзанда пешвоз гиранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои  мардум»