7 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Лиз Трасс номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.
Дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30- юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.
Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Изҳори умед менамоем, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои гуногун саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.
Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».