7 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хабари ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бар асари зилзилаи шадид боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Бо эҳсоси ҳамдардӣ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, наздикону пайвандони қурбониён ва тамоми мардуми Чин тасаллиёти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.
Ба ҳамаи осебдидагон аз ин офати табиӣ шифои комил мехоҳам».