Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

№113 (4633) 08.09.2022

«Ҳунарманд ҳар куҷо бошад, хор намешавад», — мегуфтанд пирони рӯзгордида.

Дар ҷавонӣ медидем, ки устоҳои чирадастро аз дигар деҳаҳо даъват мекарданд. Бологузар буданд ва барояшон ҳамеша дастархони пур аз нозу неъмат меоростанд.

Бо мурури солҳо ҳунарҳои мардумӣ аз рушд бозмонда, аксар одамон ба онҳо ниёз надоштанд. Сафи ҳунармандон кам шуд. Онҳо дилмонда шуданду ба фарзандон ҳунари аз ҳафт пушт меросмондаро наомӯхтанд.

Шукронаи даврони соҳибис­тиқлолӣ, шук­ронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шароит фароҳам оварданд.

Субҳоналӣ 16 ноябри соли 1992, яъне рӯзи барои миллату давлати Тоҷикистон таърихиву сарнавиштсоз, рӯзи кушодашавии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, ба дунё омадааст.

Падараш Шералӣ Шарифов устои шинох­таи ноҳия аз чӯб гаҳвора, табақ, кафлезу қошуқ, нонпар, тахтаю тирак барои зувола, уғураки чӯбин ва боз даҳҳо маҳсулоти дигарро омода менамуд. Қаҳрамони матлаб писари чоруми хонадон аст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа ба шуъбаи забони англисии Коллеҷи омӯзгории ноҳия дохил гардида, онро соли 2013 хатм кард.

Дар рӯзҳои истироҳат ва таътил ба падараш ёрӣ мерасонд. Падараш ба маҳорату хушкории писараш диққат дода, ҳаловат мебурд. Боварӣ дошт, ки писараш устои хуби чӯбкор мешавад.

Соли 2013, баъд аз хатми Коллеҷи омӯзгорӣ номбурдаро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват намуданд. Хизмати Модар — Ватанро ду сол дар ҳайати Гвардияи миллӣ, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба ҷо овард.

Завқи идомаи таҳсилу соҳиби таҳсилоти олӣ шудан дар ӯ боло гирифту соли 2016 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт супорид. Илова бар ин, дар муассисаи таълимии деҳа аз фанни забони англисӣ ба шогирдон дарс мегуфт. Соли 2021 таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳам ба охир расид.

Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар касеро баҳри коре сохтанд. Бо мақсади шиносоии бештар пайдо кардан бо Субҳоналӣ ба деҳаи Мулло Барот роҳ пеш гирифтем. Ба муассисаи таълимии деҳа рафтем, ки Субҳоналӣ дар он ҷо омӯзгор шуда кор мекунад.

Аз суҳбат бо директори ин муассисаи таълимӣ Давлаталӣ Ҳаётов маълум гардид, ки рӯзҳои истироҳат ӯ ба устогӣ машғул мешавад. Хеле масъулиятшинос аст. Ягон дарсро бе омодагӣ намегузаронад. Номбурда миёни омӯзгорону хонандагон ва падару модарон эҳтироми хоса дошта, дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок менамояд.

Ӯро машғули гаҳворатарошӣ дидем. Пеш аз ҳама, нақшҳои устокорона кандаву рангкардашудаи гаҳвораҳо диққати моро ҷалб кард.

Дар пайравӣ ба падари бузургвору амаки азизам кӯшиш мекунам, ки корамро босифат анҷом диҳам, чунки гаҳвора дар фарҳанги мардуми тоҷик ашёи муқаддас ба шумор меравад, — афзуд ӯ.

- Дар мавриди нархи гаҳвораҳо суол кардему чунин ҷавоб дод:.

- Ҳар гаҳвораро аз рӯи фармоиш метарошам. Чун деҳаи мо дар мавзеи хуби ҷуғрофӣ қарор дорад ва роҳҳо ба сӯи ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва деҳоти «Ҳоит»-у «Ясман» аз байни он мегузаранд, харидорони зиёд наздам меоянд. То имрӯз ягон гаҳвораи тарошидаамро нархи муайян намондаам».

 Ғайр аз гаҳвора, ӯ аз уҳдаи сохтани бисёр ашёҳои дигар ҳам мебарояд, бинобар норасоии вақт танҳо машғули гаҳворатарошист.

Умед дорем, ки Субҳоналӣ бо донишу ҳунаре, ки дорад, минбаъд низ ба миллату Ватани хеш софдилонаю содиқона хизмат менамояд.

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

рӯзноманигор