Ҳаждаҳуми июни соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.
Чунонки зикр гардид, Тоҷикистону Покистон бо умумиятҳои зиёди фарҳангию мардумии худ метавонанд, дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳамкории пурсамар дошта бошанд. Дар ин замина ба таъсиси корхонаю муассисаҳои муштараки истеҳсолию тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
www.president.tj