Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷамъбаст гашт

№64 (3210) 17.06.2014

DSC_0054

Чанде пеш  маросими кушодашавии озмуни якуми байналмилалӣ ва чоруми  ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» дар толори  «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт баргузор гардид. Тавре  ба мо сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Наргис Тӯйчиева иттилоъ дод, нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани  озмуни мазкур  ҳайати комиссияи тадорукот ва ҳакамон аз ҳисоби кормандони БДА ВКД ҶТ ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳои марбута таъсис ёфта буд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур фармони вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории озмуни якуми байналмилалӣ ва чоруми ҷумҳуриявии нозирони навраси ҳаракат дар шаҳри Душанбе» аз 16 майи соли 2014 таҳти  №304  қабул гардид. Озмун дар осоишгоҳи «Садбарг»-и шаҳри Ваҳдат  идома ёфт. Дар он 13 даста дар ҳайати 130 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон  ширкат варзиданд. Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯйи намудҳои  пурдонӣ, мухбири наврас, танзимгари наврас, тарғиботчиёни наврас, донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, азназаргузаронии сафороӣ, санитари наврас, мусобиқаи сарварон ва гурӯҳҳои ташвиқотӣ  доир гашт.

Аз рӯйи ҷамъбасти озмун дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳ аз  Ҷумҳурии Қазоқистон ва  литсейи №2 –и шаҳри Душанбе ҷойи якум ва дастаи Федератсияи Россия сазовори ҷойи дуюм гаштанд.  Дар озмуни ҷумҳуриявӣ  ҷойи аввал насиби дастаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд гардид. Нозирони ҷавони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибон бо диплом, медал, ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз  шуданд.

Иштирокчиёни озмун аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, Боғи  Парчами миллӣ ва дигар ҷойҳои ҷолиби шаҳри Душанбе дидан намуданд. Ҳамчунин бо даъвати намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои нозирони наврас аз ин марказ боздид ба амал оварданд.

-Бурдани корҳои таблиғотӣ  байни кӯдакону наврасон ва ба ин васила  кам намудани  ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва  чорабиниҳо  дар ин самт идома дода мешавад,- гуфт дар хотима Наргис Тӯйчиева.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»