Ҳамсадои «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»
«Тоҷикон»-ро нақд донем, тоҷиконхонӣ кунем,
Эътимоди ҳастии ин миллати ҷонӣ кунем.
Таърихи худро биомӯзем аз он бедареғ,
Ҳамчу хуршеди дурахшон шуълаафшонӣ кунем.
Тоҷикон, донед инро: «Тоҷикон» чун офтоб,
Офтоби пурнишоти беҳиҷобу бесаҳоб.
Қисмати гӯёи мо дар ин китоби муҳташам,
Бар ҳама бадхоҳи тоҷикҳост шамшери хитоб.
«Тоҷикон» аз турктозиҳо дарак дод тоҷикон,
Ҳамчу оина ҷило бикшод тахти ориён.
Аз хирадмандии Бармак то ба Маздак бо аён,
Огаҳӣ андохт аз Сомониён рӯи ҷаҳон.
Асли моро пок кард аз туҳмату буҳтонҳо,
Бо забони илм, бо арқому бо буҳронҳо.
Суннату оину динро кард ифшо бехато,
Дарди тоҷикро шифо бахшид чун теғи Сино.
Яъне, яъне қисмати мо дар китоби «Тоҷикон»,
Ин китоби давраи пуризтироби тоҷикон.
Оре, оре, қиссаи талху итоби тоҷикон,
Саргузашти печутоби инқилоби тоҷикон.
То даме, ки ҷовидон бошад ҷаҳони тоҷикон,
«Тоҷикон» ҳамчун ливои парфишони тоҷикон.
Балки кохи пойдори ҷовидони тоҷикон,
Ҷой дорад то абад дар мағзи ҷони тоҷикон.
Фахр мебояд намуд аз лафзи ноби тоҷикон,
То бихоҳем нӯш гирем аз гулоби «Тоҷикон».
Қаср бояд сохт дар дил аз китоби «Тоҷикон»,
Ҷой бояд дод дар он боб-боби «Тоҷикон».
Шаҳкитоби тоҷикон бошад китоби «Тоҷикон»,
Достони ростон бошад китоби «Тоҷикон».
Балки қуръони замон бошад китоби «Тоҷикон»,
Дар дили мо ҷавидон бошад китоби «Тоҷикон».
«Тоҷикон»-ро нақд донем, тоҷиконхонӣ кунем,
Эътимоди ҳастии ин миллати ҷонӣ кунем.
Таърихи худро биомӯзем аз он бедареғ,
Ҳамчу хуршеди дурахшон шуълаафшонӣ кунем.
Ҷӯрабек МУЪМИН