Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи барномаи стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ оғоз гардид. Дар мадди аввал баҳри пайваст намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази ҷумҳурӣ сохтмони шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Қулма оғоз гашт.
Бунёди ин роҳ, ки аз синаи ба қаъри дарёи Панҷ фурӯрафтаи силсилакӯҳҳо ва мавзеи Девдара мегузашт, таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дошт. Пеш аз ҳама, қитъаи вазнинтарин ва мушкилтарин — Шоҳон — Зиғар сохта шуд.
Сипас, то сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой сохтмони роҳи мошингарди қариб 100 — километраи Мурғоб — Қулма ба итмом расид ва ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Бо ҳамин умеду орзуи даҳсолаҳои сокинони Бадахшон дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҷомаи амал пӯшид.
Мардуми Дарвоз ва саросари Бадахшон шукргузоранд, ки меъмори асосии бунёди шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Қулма Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Қитъаи бештар аз 100 — километраи роҳи Шоҳон — Зиғар — Шкевро, ки мошинҳо пештар дар давоми панҷ-шаш соат тай менамуданд, акнун дар ду соат тай мекунад.
Сохтмони қисмати роҳи Шамсиддини Шоҳин — Шоҳон — Зиғар — Шкев — Қалъаи Хумб ҳам ба талаботи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз болои селроҳаҳои мавзеъҳои Хирманҷой, Кишт ва Оби ниёв, ки мавсими боронгариҳо мошинҳо шабу рӯзҳои дароз дармемонданд, се пули дарозиашон 300 — 310 — метраи тавоноии борбардориашон зиёда аз 100 тонна сохта шуд. Соли ҷорӣ сохтмони роҳи садкилометраи Дарвоз-Ванҷ оғоз гардид.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон иброз дошт, ки мардуми ноҳия низ чун дигар сокинони вилоят дар даврони шӯравӣ аз норасоии неруи барқ танқисӣ мекашиданд. Ягона неругоҳи хурди барқи обии солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо иқтидори 200 кВт/соат дар рӯдхонаи Хумбов сохта шуда, эҳтиёҷи сокинони маркази ноҳияро таъмин карда наметавонист.
Солҳои ҳаштодуми асри пешин тариқи ағбаи Хобу Рубот хатти баландшиддати барқии Шугнов — Тавилдара — Сағирдашт — Қалъаи Хумб инчунин, хатти барқии 10 кВт иқтидордоштаи Қалъаи Хумб — Зиғар — Пошхарв ва чанде баъдтар хатти барқии Курговад — Ванҷ кашида шуд, аммо танқисии неруи барқ аз миён бардошта нашуд
Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили Хумбов неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2» бо иқтидори қариб 800 кВт/соат сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Навсозии хатҳои баландшиддати 35 — киловатта Қалъаи Хумб — Зиғар — Ванҷ низ ба анҷом расонида шуд. Ҳамин тариқ, тавассути ғамхориҳои беназири Президенти мамлакат сокинони ноҳияи Дарвоз ҳам дар қатори сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъаву Ишкошим аз истиқлолияти энергетикӣ бархӯрдор гаштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Дарвоз низ як қатор корҳо ба ҷо оварда шуд. Ин диёр ба мисли дигар минтақаҳои Бадахшон агарчӣ хеле камзамин бошад ҳам, заминаш ҳосилхез буда, чарогоҳҳои доманфарох, боғистонҳо ва дар самтҳои дигари кишоварзӣ шароит ва имконияти фаровон дорад. Дар ин давра соҳаи лимӯпарварӣ ва анору анҷирпарварӣ низ хеле рушд ёфт.
Дар ин минтақа захира ва имкониятҳои боз ҳам бештар дар рушди кишоварзӣ ва чорводориву дигар соҳаҳо мавҷуданд. Мавриди зикр аст, ки солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта як қисмати даштҳои Роғак, Ёвон ва Ёгед дар Ҷамоати деҳоти «Нулванд» аз худ карда шуда буд. Алҳол ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин мавзеи фарози кӯҳсорон боз ба таври илова камаш 300 гектар киштзори нав аз худ карда мешавад.
Абдураҳмонзода Саидбурҳон, ҳамчунин, иброз дошт, ки бо ғамхориҳои Пешвои миллат, маблағгузориҳои Ҳукумати мамлакат, кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин соҳибкорони бонангу номуси диёр тайи ин солҳо дар маркази ноҳия ва деҳоти дуру наздики он зиёда аз 80 иншооти нави самти иҷтимоӣ ва бисёр манзилҳои истиқоматии ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ бунёд гаштанд.
Кохи бонувон бо номи «Меҳри модар», корхонаи истеҳсоли сангҳои қиматбаҳо, корхонаи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти «Сағирдашт», хонаи фарҳанги ба номи Акашариф Ҷӯраев, толорҳои варзишии «Ориён-Арена» ва «Вастан», варзишгоҳи замонавӣ, нахустин маркази савдои чорошёна, истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и мавзеи Паткуноб, рустои нави аҳолинишин дар мавзеи Яхчисор, инчунин бунёд шудани меҳмонхонаи шашошёнаи «Карон — плаза», маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ деҳаҳои қадимаи Дашти Шер, Марғак, Пушта роғ, Мадраса, Зингироғ, Жаку Марғ, Яхчи сор ва Яхчи миёна, дар маҷмӯъ, 14 деҳа эҳё гаштанд.
Дар ноҳия ҳоло панҷ корхонаи саноатӣ фаъолияти назаррас дошта, маҳсулоти корхонаҳои саноатии он ба манотиқи кишвар ва берун аз он содирот мешавад.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»