16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки дар он аз 230 нафар вакил 197 нафар иштирок карданд. Ба бахти сокинони кишвар дар он иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ якдилона Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Дар он айёми пурваҳшату душвор, ки ҳеҷ кас ба як соати ояндаи зиндагиаш бовар надошт, ин вакили ҳақгӯю ҷасур масъулияти роҳбарии кишвари дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ азияткашидаро ба дӯш гирифта, дар дили ҳамватанон умеду бовариро ба ояндаи нек ҷо намуд. Нахустин паёми роҳбари ҷавону софдил ва хайрхоҳ барқарор кардани сулҳу осоиштагӣ буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1992 дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ҳама шоҳидем, ки Сарвари давлат барои барқароршавии сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат чӣ заҳматҳо кашидаанд. То ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне 27 июни соли 1997, Пешвои миллат ба хотири осоиштагии мамлакат 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, ҳафт маротиба дар муколамаҳо шахсан иштирок намуданд.
Ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаю табрикот намуда, доимо аз дӯстию ваҳдат суҳбат мекарданд. Ба дили мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ бехонумоншуда бо суханони умедбахшу рӯҳафзо раҳ меҷустанд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Ҳамин неруи суханони самимӣ ва дилсӯзона буд, ки як миллион мардуми овора ба диёр баргашта, аз паи ободии Ватан шуданд.
Пас аз истиқрори сулҳ бо ибтикори Пешвои миллат бо мақсади баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ шоҳроҳҳои Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб, Айнӣ — Панҷакент, Душанбе — Файзобод- Лахш — Қарамиқ, Душанбе — Турсунзода- Дӯстӣ, роҳи оҳани Душанбе — Ваҳдат — Ёвон ва ғайра ба истифода дода шуданд. Тавассути бунёди нақбҳои «Анзоб» ва «Шаҳристон» ҳаракати нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд тамоми сол таъмин гардид. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ қабл аз бунёди нақбҳо роҳи мошингарди вилояти Суғд қариб шаш моҳ баста буд.
Тавассути бунёди силсилапулҳо аз болои дарёи Панҷ роҳи мошингард ба Афғонистон боз гардид. Оянда бо истифода аз ин пулҳо метавон ба бандарҳои Эрону Покистон роҳ ёфт, ки ин боиси афзоиши робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо соири мамолики дунё мегардад.
Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», инчунин, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва садҳо неругоҳҳои хурд ба истифода дода шуданд. Ин имкон дод, ки кишвари мо на танҳо бо неруи барқ пурра таъмин шавад, балки неруи барқи изофаро ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ интиқол диҳад.
Дар бахши таъмини амнияти озуқаворӣ низ дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёд ба сомон расиданд. Истеҳсоли ғаллаю сабзавот, меваю ангур ва асал бамаротиб зиёд шуд. Маҳсулоти боғҳои интенсивию гармхонаҳои муосир берун аз ҷумҳурӣ содир мешаванд.
Дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат низ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Албатта, сарчашмаи ин ҳама дастоварду пешравиҳо интихоби дурусти вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мебошад.
Имсол аз баргузории он иҷлосияи тақдирсоз 30 сол пур мешавад. Боварӣ дорем, ки ин санаро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда, Тоҷикистони азизамонро ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил медиҳем.
Музаффар МАҲМУДОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон