Аввал эъломия буд…

№118 (4538) 22.09.2022

Чанде қабл дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихору фараҳмандӣ таҷлил гардид.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати шарафманди тоҷик, воқеан, ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад, зеро хиради азалии миллати тоҷик ва садоқату далерии фарзандони ватандӯст ва сарсупурдаи миллат дар лаҳзаҳои сангини таърих, ки солҳои аввали истиқлолият ба сари аҳолии мамлакат омад, тавонист ҳам кишвар ва ҳам мардумро аз вартаи бало раҳоӣ бахшанд. Дари рӯзгори тинҷу осуда, сулҳу ваҳдат ва рушду тараққиётро ба рӯямон боз намояд. Ҳоло бо хушиву хурсандӣ ба сар мебарему ҷасорату қаҳрамонии онҳоро аҳсан мегӯем. Вале қаҳрамони асосӣ дар он марҳалаи тақдирсоз ва минбаъд низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аст. Бояд эътироф намуд, ки дастовардҳои бузурги мамлакат дар даврони истиқлолият бо номи фарзанди асил, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бевосита алоқаманданд. Ин дастовардҳо кадоманд? Аввалин ва бузургтарин дастовард ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи ҷаҳон пайдо гардида, ба узвияти комилҳуқуқи СММ пазируфта шуд. Роҳбари давлати тоҷикон аз минбари ин созмон суханронӣ намуд. Ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуда, сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар пойдор гашт. Дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ҳамчунин расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ қадамҳои устуворона гузошта шуд. Таъриху фарҳанг, расму оини миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Дар мамлакат даҳҳо неругоҳҳои барқии хурду бузург, шоҳроҳҳои автомобилгарду роҳи оҳан, пулу нақбҳо бунёд ёфтанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ қариб 50 маротиба, даромадҳои буҷетӣ беш аз 90 маротиба афзуданд. Теъдоди муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ сол то сол зиёд мешуданд, ки ин ҳама натиҷаи азму талош ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Вале ин ҳама рушду тараққиёт аз куҷо маншаъ мегирад?

Охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта давлати абарқудрати шӯравӣ ба буҳрони шадиди иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Корхонаҳои зиёд аз фаъолият бозмонда, бекорӣ афзуд. Коргарон маош гирифта наметавонистанд. Норизоӣ дар байни омма меафзуд. Пеш аз ҳама, ҷумҳуриҳои соҳили Балтика нақшаҳои ҷудошавӣ аз ИҶШС-ро тарҳрезӣ мекарданд. Вазъ дар дигар ҷумҳуриҳои иттиҳод низ рӯз то рӯз тунду нооромтар мегардид.

25 феврали соли 1990 дар ҷумҳурии мо интихоботи депутатҳои халқии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум гузаронида шуд. Ба парлумони якпалатагии давр 230 нафар депутат интихоб шуданд. Вале интихобот дар шароити бетартибиҳо дар пойтахти кишвар доир шуд. Метавон гуфт, ин бетартибиҳо шарорае буд, ки пасон алангаи ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Вазъи ноороми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикис­тонро низ нигарон кард. Ҳар як ҳодиса дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Дар кишвари мо низ вазъ хуб набуд. Аксар корхонаҳо оҳиста-оҳиста аз кор монданд. Коргарон музди меҳнаташонро намегирифтанд. Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва мухолифи давлат пайдо гардида, неру ҷамъ менамуданд.

Вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аллакай дар иҷлосияи нахустин ба хулосае омаданд, ки пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ амри ногузир аст ва бояд нақшаи ояндаи кишварро тарҳрезӣ намуд. Пеш аз ҳама, пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро устувор намуда, онро аз парокандагӣ эмин доштан ва пеши роҳи неруҳои мухолифро, ки аз ҷониби бадхоҳони миллати тоҷик дастгирӣ меёфтанд, гирифтан зарур буд.

Бо ҳамин мақсад Президиуми Шӯрои Олӣ ва вакилони халқ ду тан — раиси Комиссияи Шӯрои Олӣ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва раиси Комиссия оид ба масъалаҳои кори шӯроҳои вакилони халқ ва худидораи маҳаллӣ Абдусаттор Ҷабборовро вазифадор намуданд, ки матни Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Президиуми Шӯрои Олӣ пешниҳод намоянд. Онҳо низ бузургии масъулияти ба зиммаашон вогузоштаро хеле амиқ дарку эҳсос менамуданд ва бо ҷиддияти том ба кор оғоз бахшиданд. Ба қавле, сесаду шасту шаш паҳлуи ҳар калима амиқ санҷида мешуд. Ҳар ҳарфу ибора таҳлил мегардид. Нафарони зиёд бо маслиҳату пешниҳод ба таҳиягарон ёрӣ расонидан мехостанд. Пас аз он ки матни эъломия қариб омода гардид, аз ҷониби гурӯҳи вакилон матни дигар низ пешниҳод шуд. Тӯли 15 рӯз матни мазкур мавриди омӯзиши дақиқ қарор гирифта, баъзе аз нуктаҳои он дар матни асосии эъломия ҷой дода шуд.

Дар моддаи 1- уми Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардид, ки қадами хеле ҷиддӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти комил буд. Дар эъломия бори аввал андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён ёфт. Нуктаи муҳими дигар он буд, ки корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва амволи дигар моликияти давлатии ҷумҳурӣ дониста мешуданд. Яъне, дар эъломия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дош­тани тамоми ҳудудҳо ва моликияти мамлакат хеле ҷиддӣ таъкид мегардид. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам ҷумҳурии мо расман ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд, тибқи эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дошт ҳама масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро мустиқилона ҳал намояд. Ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС дода мешуданд.

Матни эъломия ба Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олӣ пешниҳод гардид. Дар он айём шодравон Қаҳҳор Маҳкамов сарварии кишварро ба уҳда дошт. Ба минбар аввал шодравон Н. Ҳувайдуллоев ва сипас А.Ҷабборов баромад. Ҳар ду оид ба шарҳи баъзе қисматҳои матни эъломия маърӯза карданд. Вокуниши вакилон ҳар гуна буд. Бархе ақида доштанд, ки кишвар ва халқи мамлакат ҳанӯз ба соҳибистиқлол будан омода нестанд, бархе бо дағалӣ таҳиягарони эъломияро ба ҷои нишасташон баргардондан мехостанд. Маърӯзаҳо ва суолу ҷавоб атрофи моддаҳои матни эъломия қариб се соат тӯл кашид. Вале ҳамон рӯз — 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳама вакилон аз ҷой бархеста, тӯли қариб ним соат кафкӯбӣ намуданд. Ин санади нахустин буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо номи «ГКЧП», ки пас аз як сол — моҳи августи соли 1991 ба амал омад, мавҷи пошхӯрии комили Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои аъзои онро тезонд. Ин мавҷ ба Тоҷикистон низ расид. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба эъломия ба вуҷуд омад. Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, ки 9 сентябри соли 1991 баргузор шуд, ба он тағйирот ва иловаҳо ворид шуда, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он чунин омадааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон… Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Пас аз он Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул кард.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»