Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии мамлакатро фаро гирифта, дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ диққати махсус дода шудааст. Чунки бе таъмини рушди босуботи иқтисодиёт пеш бурдани иҷтимоиёт, илм, фарҳанг ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ имконнопазир мебошад.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тӯли ҳафт соли гузашта барои таъмини рушди устувор заминаҳои моддию техникӣ гузошта шуд. Барои тасдиқи ин якчанд факту рақамҳои омориро пешниҳод менамоем:
Дар ҳафт соли сипаришуда суръати афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД), ки нишондиҳандаи асосии рушди иқтисодиёти миллӣ мебошад, дар сатҳи 7,4 фоиз қарор дошта, ҳаҷми умумии он 1,5 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 маротиба зиёд ва дар соли 2013 қариб ба 4 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Давоми панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ 870 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё ва барқарор гардид, аз ҷумла ин рақам дар соли 2013 ба беш аз 185 ҳазор баробар шуд. Ин ҳама аз боло рафтани сатҳи зиндагии мардум шаҳодат медиҳад.
Ба назари мо, рушди босуботи иқтисодиёт раванди бемайлон буда, дар заминаи омилҳои дохилӣ ва беруна таъмин мегардад.
Омилҳои дохилӣ, аз ҷумла инҳоянд:
- мавҷудияти қувваи кории арзон ва усулҳои бо кор таъмин намудани онҳо;
- мавҷудияти захираҳои нодири табиӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки онҳо;
- омили сеюм дар заминаи омилҳои якум ва дуюм ба амал омада, боис мешавад, ки иқтисодиёти миллӣ рушд ёфта, камбизоатӣ барҳам хӯрад.
Ба омилҳои беруна фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ба даст овардани асъори хориҷӣ ва истифодаи густурдаи техникаю технологияи навтарин дар истеҳсолот мансуб мебошад.
Дар ин хусус дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад».
Омилҳои фавқуззикрро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки агарчанде сатҳи бекорӣ дар мамлакат баланд набошад ҳам, қисмати муайяни қувваи корӣ (тақрибан як миллион нафар) дар муҳоҷират қарор доранд. Имрӯз аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамасола ба мамлакат тақрибан 3-4 миллиард доллари ИМА ворид мегардад, ки нишондиҳандаи хуб мебошад.
Таҷрибаи баъзе мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон гувоҳ аст, ки яке аз омилҳои асосии пешравии иқтисод муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Масалан, Туркия, ки дар гузашта як давлати рӯ ба тараққӣ буд, ҳоло аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари тараққикардаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон тақрибан ду миллион нафар турк фаъолият намуда, баҳри пешравии давлаташон саҳмгузорӣ менамоянд.
Мисоли дигар хитойиҳо – онҳо, сарфи назар аз он ки дар мамлакати худашон ва ё берун аз марзи он заҳмат мекашанд, ҳисси ватандӯстиашон хеле баланд аст. Омили асосии бозорҳои ҷаҳонро фаро гирифтани маҳсулоти хитойӣ ин арзон будани он (ҳам аз ҳисоби арзонии музди меҳнат, ҳам бо миқдори миллионҳо нусха истеҳсол намудани ин ё он намуди маҳсулот) аст.
Як паҳлуи мусбати муҳоҷирати меҳнатӣ аз худ намудани забон, маданият ва тахассуси нав мебошад.
Муҳоҷирони меҳнатии мо ба пешравии иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири мусбӣ мерасонанд. Як қисмати муайянашон ба соҳибкорӣ машғул мешаванд, фарзандҳояшонро дар мактабҳо мехононанд, хонадор менамоянд, биноҳои нав бунёд мекунанд, автомашинаҳои боркашу сабукрав мехаранд ва ба аҳли оилаашон ёрии моддӣ мерасонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тақрибан 10-12 фоизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғул ҳастанд. Агар дар дохили мамлакат дар як сол танҳо як фоизи муҳоҷирон, ки тақрибан 10 ҳазор нафарро ташкил менамоянд, ба соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ машғул шуда, ҳар як соҳибкор ба ҳисоби миёна 8-10 ҷойи кори нав таъсис диҳад, давоми даҳ соли оянда қариб 800 ҳазор ҷойи кори нав (фақат аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна) ташкил мешавад, ки барои ғанӣ гардидани буҷети оилавии муҳоҷирон, Буҷети давлатӣ ва боло рафтани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Дар Паём ба бахши хусусӣ ва соҳибкорон, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, диққати махсус дода шудааст. Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар доираи Кодекси нави андоз беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, давоми соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дод ва соли ҷорӣ он ба 4 миллиард сомонӣ мерасад. Ин маблағҳо дар ихтиёри худи соҳибкорон боқӣ мемонад ва ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, бо супориши Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисшудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона мегардад.
Аз ин бармеояд, ки соҳибкории хурду миёна омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ буда, дар маркази диққати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба маврид аст, зикр намоям, ки дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон (ИМА, Япония, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Сингапур ва ғайра) қисми азими (аз 40 то 50 фоиз) Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна аст.
Ба назари мо, ба соҳибкории хурду миёна, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ машғул шудан манфиатбахш аст. Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла лимӯ, дар бозори ҷаҳон арзиши баланд дорад. Мавиз (мавизи сиёҳ ва зард), ғӯлинг (қоқи зардолу), чормағз, писта, бодом, қоқи олу, себқоқ, шафтолуқоқ, қоқи тут, (тутмавиз) ва ҳоказо дар ҳама бозорҳо серхаридоранд ва аз фурӯши онҳо даҳҳо миллион доллар ба даст меояд.
Соҳаи саноати сабук, ҳарчанд соҳаи заҳматталаб аст, дар сурати рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсолмегашта имкониятҳои зиёди рушд дорад. Тавре маълум аст, як қолини дастбофи эронӣ то 10 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад. Ба роҳ мондани ин соҳа дар заминаи захираҳои пашму пӯст имкони дар бозори ҷаҳон мавқеи муайянро ишғол намудан ва ҷойҳои кори нав бунёд карданро фароҳам месозад.
Соҳаи дигар коркарди металлҳои нодир (тиллою нуқра) ва сангҳои қиматбаҳо мебошад. Дар ин бахш истеҳсоли садҳо номгӯй маводи ороиширо бо ташкили инфрасохтори коркарди тилло роҳандозӣ намудан имконпазир аст. Захираҳои табиии Тоҷикистон фаровонанд. Истифодаи манбаъҳои об ва таъмини кишвар бо барқ рушди босуботи иқтисодиётро таъмин менамояд ва барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ заминаи мусоид маҳсуб меёбад. Дар Паём ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст. Корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» (тибқи нақшаи бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқашуда) ва дар соли ҷорӣ ба анҷом расонидани бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» (бо иқтидори 220 мегаватт), навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (бо иқтидори 100 мегаватт), ҳамчунин дар се соли оянда то ба 400 мегаватт расонидани тавоноии ин марказ махсус таъкид гардид. Ҳамин тариқ, дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аз Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Дар Паём фароҳам овардани иқлими мусоиди инвеститсионӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи маблағгузорон ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчун роҳи муҳими таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар таъкид гардидааст, зеро дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат имтиёзҳои андозбандӣ ва воридоту содироти молу маҳсулоти истеҳсолӣ ва дигар сабукиҳо фароҳам мебошанд.
Рушди босуботи иқтисодиётро бе кадрҳои баландихтисос таъмин намудан имконнопазир аст. Бинобар ин, дар Паём соҳаи илму маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ ном бурда, таъкид шуд: «Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Аз сабаби он ки сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз дониш, маданият, тафаккур, таҷриба, усули таълим ва маҳорати касбии омӯзгор вобаста аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру мақому манзалати омӯзгоронро баланд бардошта, «…омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хосса дорад»,- гуфтанд ва ба ин васила ба дили ҳазорон омӯзгорон фараҳ бахшиданд.
Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рӯҳбаландӣ пазируфтанд, зеро он ҳуҷҷати барномавиест, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Шодимурод ДӮСТБОЕВ, доктори илмҳои иқтисод, профессор