Забондонӣ неруи инсон аст, лекин дар ин масъала нуктаи нозуке ҳаст, ки набояд онро сарфи назар кард. Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд хуб дарк кунад, ки дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамон вақт комёб мегардад, ки аввал забони модариашро шоиста омӯзад.
Замони истиқлолият ҳар чӣ бештар омӯхтани забонҳоро барои мукаммал сохтани маънавиёт ва афзудани имконоти иҷтимоию иқтисодӣ тақозо мекунад. Мусаллам аст, ки донистани забонҳои хориҷӣ мақоми ҳар фардро дар ҷомеа боло мебарад, доираи омӯзишу муошираташро васеъ менамояд. Мақоли «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» аз ҳамин маъно маншаъ мегирад. Дар замони мо вобаста ба соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ва густариши робитаҳо бо мамлакатҳои хориҷӣ аҳамияти забондонию забономӯзӣ боз ҳам афзудааст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва фановарӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим ба ҳисоб рафта, он метавонад барои мутолиаи осори арзишманди адибони ҷаҳонӣ ва кору фаъолияти пурсамар ба наврасону ҷавонон имкони мусоид фароҳам оварад.
Пас аз таҳлилу баррасии вазъи забономӯзии насли наврас дар таълимгоҳҳои мамлакат Сарвари давлат чунин дастур доданд: «Ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд». Пешвои миллат дар Паём пас аз тавзеҳи ин масъала, ҳамчунин таъкид карданд: «Мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на ба мақсади дигар».
Тибқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ анҷом додаанд, Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 кишвари ҷаҳон дар ҷои 54 қарор дорад. Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо набояд қонеъ шуда, ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа камтаваҷҷуҳ бошем.
Талабот бобати омӯзиши забони хориҷӣ солҳои охир батадриҷ боло рафтааст. Ин аст, ки ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯ, магистр ва аспирант таҳсил мекунанд, ки забони тадриси онҳо русиву англисӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аксар падару модар мехоҳанд фарзандонашон дар мактабҳои таҳсилашон бо забони русиву англисӣ ба таълим фарогир шаванд.
Дар Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат ба забондонию забономӯзӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Хусусан, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ба масъалаи омӯзиши забонҳо дахл карда шуд: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот — аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».
Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки дар дунёи муосир комёбии ҳар фард аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки чанд забони маъмули байналмилалиро медонад.
Хуб медонем, ки осори гаронбаҳои адибони барҷастаи рус Пушкин, Толстой, Чехов, Горкий, Шолохов ва дигарон аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд ва пешниҳоди мутолиаи онҳо рағбати хонандагонро ба омӯзиши забони русӣ бештар менамояд. Барои ин омӯзгори забони русӣ бояд мутолиаи зиёд дошта, осори арзишманди адибони шинохтаи русро шоиста бидонад. Ҳангоми баёни мавзӯи нав метавонад бо пешниҳоди лаҳзаҳои шавқовар аз осори адибони шинохта, хонандагон ба омӯзиши забони русӣ шавқманд гардонад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи нигоҳдошти забон аз муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи пажӯҳишҳои олимон, ҳар сол чандин забон аз байн меравад. Сарвари давлат вобаста ба ин таъкид карданд: «…раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, зарурате ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад».
Дарвоқеъ, бузургдошту ҳифзи забони давлатӣ аз ҳар яки мо — омӯзгорон масъулияти зиёдро тақозо менамояд, зеро омӯзиши дурусти он ба муаллимон вобастагии амиқ дорад. Ҳангоми гузоштани қадами аввалин кӯдакону наврасон ба таълимгоҳ, мураббиҳову омӯзгорон бояд ба забони адабӣ сухан гӯянд. Дар баробари ин, осори бадеиро вобаста ба синну соли хонандагон барои омӯзишу мутолиа пешниҳод намоянд. Агар мо хонандагонро ба мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ ҷалб намоем, аз як тараф, ҷаҳонбиниву тафаккурашон рушд меёбад, аз ҷониби дигар, онҳо ба ин васила забон меомӯзанд ва дар навиштану суханронӣ ба ғалатҳо роҳ намедиҳанд.
Забонҳо мисли пул халқҳову миллатҳоро ба ҳам мепайванданд. Дониши андӯхтаи ҷавонони миллат бояд сипари фарҳанги миллат бошад. Агар мо - омӯзгорон, моҳияти ин мавзӯи ниҳоят муҳимро ба насли ҷавон фаҳмонда тавонем, ҳатман муваффақ хоҳем шуд.
Аз ин рӯ, ташкил намудани дарсҳои иловагии забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба таҳкиму робитаҳои дӯстиву маънавӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ тарбия ёбанд.
Дар ин самт омӯзгор бояд осореро интихоб намояд, ки ба синну сол ва психологияи хонандагон мувофиқ бошад. Бо мутолиаи китобҳои бадеӣ аз як тараф, ҷаҳонбинии хонанда ташаккул меёбад, аз ҷониби дигар, захираи луғавияш ғанӣ мегардад. Дар хотир бояд дошт, то вақте ки хонанда ба худомӯзӣ майлу рағбат пайдо накунад, забонро пурра омӯхта наметавонад.
Аз ин рӯ, мо — омӯзгоронро мебояд дар забономӯзии хонандагон аз роҳу воситаҳои муассири таълим истифода намоем, то онҳо зуд забонҳои хориҷиро аз бар намоянд.
Наргис РАҲМОНОВА,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор