Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироатҳо мебошад. Аз ҷониби масъулини соҳа ва коршиносон ин масъала, бахусус дар замони ҳозира, муҳим арзёбӣ мегардад, зеро истифодаи тухмии бесифати зироатҳои кишоварзии аз хориҷи кишвар ворид гардида, истифодаи онҳо дар кишт заҳмату талошҳои деҳқононро баъзан бенатиҷа намуда, нишондиҳандаҳои манфӣ ба бор меоварад.
Ба хотири таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат дар кишварамон хоҷагиҳои тухмипарварӣ фаъолият менамоянд, ки аз имтиёзҳо бархӯрдоранд. Мутаассифона, на ҳама хоҷагиҳои тухмипарварӣ ин рисолати муҳим — парвариши зироатҳои пурсамар ва захираи тухмии хушсифатро дар сатҳи зарурӣ таъмин менамоянд, ки боиси нигаронист.
Дар ноҳияи Спитамен алҳол якчанд хоҷагии тухмипарварӣ, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагии тухмипарварӣ гузаронида шудаанд, фаъолият доранд. Яке аз онҳо хоҷагии деҳқонии тухмипарварии «Болтухон» мебошад, ки дорои 54,8 гектар замин бо 23 саҳмдор аст. Хоҷагӣ бо Сертификати ҳуқуқии истифодаи замин таъмин гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 таҳти № 611 ба хоҷагии тухмипарварӣ табдил ёфтааст. Маълум гардид, ки соли 2021 дар хоҷагии деҳқонӣ чигити тухмии навъи «Султон» ба миқдори 6 тонна захира шудаасту халос. Бояд хоҷагиҳои тухмипарварӣ дорои анбори махсуси нигаҳдории тухмӣ, озмоишгоҳи ташхиси сифат ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ бошанд. Аммо дар хоҷагии тухмипарварии мазкур на анборхона мавҷуд асту на озмоишгоҳи ташхиси сифати тухмӣ. Чигити тухмии истеҳсолшуда дар анбори корхонаҳои коркард нигаҳдорӣ мешавад. Ҳолати базаи моддию техникии хоҷагӣ низ беҳбудӣ металабад, зеро дар хоҷагӣ ягон навъи техникаи кишоварзӣ мавҷуд нест.
Вазъ дар дигар хоҷагиҳои тухмипарварӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии «Саидқурғон» низ, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №312 ба хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ гузаронида шудааст, нигаронкунанда мебошад. Ҳарчанд хоҷагии мазкур 126,6 гектар замин дорад, тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2022 дар масоҳати 11,42 гектар кишти пахта гузаронидааст, ки аз он дар сурати 100 фоиз баромадани чигити тухмӣ ҳамагӣ 6,9 тонна чигити тухмӣ истеҳсол мешаваду халос.
Мавриди зикр аст, ки дар хоҷагии деҳқонии «Саидқурғон» низ барои нигоҳдории тухмӣ анборхона ва озмоишгоҳи ташхиси сифати тухмӣ мавҷуд нест. Инчунин, ҳамкории хоҷагиҳои мазкур бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда нашудааст.
Азбаски ҳоло маъракаи ҷамъоварии ҳосил аст, месазад, ки масъулини соҳа, бахусус раисони шаҳру ноҳияҳо, ба масъалаи захираи тухмии босифати ватанӣ эътибори саривақтӣ диҳанд. Набояд ба умеди тухмии хориҷа шавем, зеро аз аксари тухмиҳои хориҷӣ, аз ҷумла тухмиҳое, ки аз Хитой ва ИМА ворид мегарданд, бисёр вақт деҳқонон на баракат, балки зарари зиёд мебинанд.
Агар ба ин масъала беэътиборӣ зоҳир гардад, пас бемасъулиятии мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии номбурдаро дар иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №117 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» нишон медиҳад.
«Садои мардум»