Мусоҳиба бо декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илмҳои фалсафа Нозим Маҳмадизода
- Далелҳои таърихӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир гувоҳи он мебошанд, ки ифротгароӣ бо таассуб ҳаммарз аст…
- Комилан бо шумо ҳамфикрам. Барои мутаассиб ақидаи дигарон аҳамият надорад. Аломати нахустини ифротгароӣ эътироф накардани нуқтаи назари дигарон ва қасдан фарқ нагузоштан байни дурусту нодуруст мебошад (ҳатто агар нодуруст будани ақидаи ӯ бо далелҳои қотеъ исбот шавад) .
Онҳо мунтазам аз номи Яздони пок суиистифода менамоянд. Дар илми сиёсатшиносӣ ин гуна суиистифодаро манипулятсия меноманд. Аз ҷониби дигар, истифода аз ормонҳои башарӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ спекулятсия номида мешавад. Барои мисол, фалсафаи мактаби Кант ва пайравони ӯро фалсафаи спекулятивӣ меноманд, чунки мафҳумҳоеро истифода мебаранд, ки дар воқеият вуҷуд надоранд ва бо роҳи таҷрибаи илмӣ исботнашавандаанд.
- Таассуби динӣ, ки сабаби ҷангу нифоқ дар ақсои олам аст, ба кадом омилҳо рабт дорад?
- Ин ҷанба, қабл аз ҳама, дар афзал шуморидани дину мазҳаби худ нисбат ба дину мазҳаби дигарон зоҳир мегардад. Мутаассибон одамони ҷоҳилу якрав ва маҳдудандеша мебошанд. Табиист, ки шахси тангназар наметавонад фарқи байни шаклу мазмун, тадбир ва мақсадро дарк намояд. Аз нуқтаи назари мутаассиб, диндорон вазифадоранд ба истилоҳ муқаддасоти диниро ҳифз намоянд. «Дар замоне, ки ба Моҳ бояд рафт» ин тоифа истифодаи килк дар навишт, ғусл дар оби ҳавз, ба кор бурдани чароғи керосинӣ ва дигар «муқаррарот»-и хандаоварро меҳвар қарор додаанд.
Онҳоеро, ки ба ақидаҳои мутаассиб розӣ нестанд, палид, нокас ва душмани ашаддиашон меҳисобад. Мутаассиб наметавонад механизми таҳлилу хулосабарориҳоро ба кор дарорад, чун аз дарки умумиинсонӣ маҳрум аст.
Ба андешаи Ҷалолиддини Балхӣ, сахтгириву таассуб нишонаи хомиву бехирадии одам ба шумор меравад ва то даме, ки инсон аз таассуб даст накашад, кораш хомӣ, озордиҳию зараррасонии мардум мебошад. Чунин инсон шабеҳи ҷанине дар батни модар мебошад, ки рагҳои баданаш пайванд бо рагҳои хунгарди модар аст:
Сахтгириву таассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ кор хуношомӣ аст .
Ба ақидаи олими маъруф Р. Габбасов, «Шахси мубталои таассуб атрофи худро наметавонад бинад, зеро моҳиятан оҷиз аст, ношунавост ва қодир нест, ки дигаргуниҳои ҷаҳонро шунавад».
Собит шудааст, ки инсони мубталои ин зуҳурот на аз рӯи ақлу шуур, балки аз рӯи дарку эҳсосот ва тибқи табиати ҳайвонӣ амал мекунад. Тавассути эътиқоди таасссубӣ далелҳои бебаҳс инкор гардида, афзалият ба эҳсосот дода мешавад.
- Моҳиятан дунявият ва таассубу хурофот шакар ва заҳр буда, омезиш додани онҳо пайомади маргбор дорад…
- Бале. Хурофот — сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос тафсир шуда, маҳз хурофоту таассуб сабаб шуда, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ рӯз то рӯз авҷ мегирад. Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусулмоннишин аз ҷониби баъзе аз давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қудрату тавоноӣ табдил ёфтаанд.
Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати зиёди нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табаддулоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозии мусалмонон дар заминаи таассуб рабт доранд.
Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ низ пайомади афзоиши таассуб мебошад.
- Дар мамлакати мо ба чунин гурӯҳҳо ҷалб гардидани ҷавонон чӣ сабаб дорад?
- Сабаби асосӣ таассуб ва хурофотпарастӣ аст. Ба ғайр аз ин, то як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли зиё ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон то андозае ба густариши ин раванд боис шудааст.
Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд мегӯянду менависанд, вале ин раванд, дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки як қисм муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд. Аз ин лиҳоз, ба ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, оид ба фирефта нашудан ба гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ маълумоти бештар додан зарур мебошад.
- Бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба тавсеаи таассуб ва хурофот мусоидат намояд?
- Бегуфтугӯ. Шояд барои «баъзе»- ҳо ин масъала на чандон муҳим ба назар расад, вале муносибати сатҳӣ ва созиш намудан ба ин раванд пайомадҳои ногувор ба дунбол хоҳад дошт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон худ бахшида ба Рӯзи Модар зикр намуданд: «Бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Ба андешаи ин ҷониб, дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои мо носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани як идда бонувони тоҷик ба заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардон рабт дорад. Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки аксари ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мутаассибон пойбанд, кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон ҳамрадиф баробари аз таҳсил дар канор мондан, зери ба истилоҳ ҳиҷоб бошанд.
Қисми зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд. Чун баъзе аз мардон дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд.
Чунин ашхос зимни таҳмили андешаҳояшон ба пайвандон фарҳанги ниёконро мисол меоранд, ки билкулл нодуруст аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъалаи мавриди назар минҷумла таъкид намуданд: «Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест». Аз ин лиҳоз, мардонро лозим аст, ки ҳифзу арҷгузории оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои модар, ҳамсар ва хоҳару дигар пайвандон симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд бегазанд нигоҳ доранд.
- Мутаассиб аз равшанфикр бо кадом ҷиҳатҳо фарқ мекунад?
- Равшанфикр тарафдори зиндагии дунявӣ мебошад ва намегузорад, ки ин ҷанбаҳои дуюмдараҷа ва маҷозӣ ҷои воқеиятро ишғол намоянд. Аммо мутаассибон барои «исбот»-и ақидаашон одамонро мулҳиду кофир эълон мекунанд. Ҳукми мулҳиду кофир дар дин маънои инкор кардани зиндагии инсонро дорад. Гувоҳи ин гуфта ҷангҳои ҷиҳодӣ мебошанд.
Илова бар ин, равшанфикр оянданигар мебошад, аммо мутаассиб ба ҳеҷ ваҷҳ оянданигар нест. Дигар хусусияти фарқкунандаи мутаассиб аз равшанфикр ба ҳувият рабт дорад. Мутаассиб мехоҳад мардумро дар чорчӯбаи динаш бинад. Баръакси ин, равшанфикр идеяи шаҳрвандиятро пешниҳод мекунад, ки бартар аз ҳама тааллуқиятҳои динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ ва ҷинсӣ мебошад.
Фарқи дигари равшанфикр аз мутаассиб дар мавқеи сиёсии онҳо зоҳир мегардад. Равшанфикр манфиати шахсӣ ва амну осоиши худро низ сарфи назар мекунад. Муҳимтар аз ин, равшанфикр барои ошкор кардани мушкилиҳо аз усулҳои илмӣ истифода мебарад. Аввал таҳқиқ мекунад ва баъд баҳогузорӣ. Аммо мутаассиб ҳамеша манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбиашро ҳимоя мекунад.
- Аз ин бармеояд, ки оянданигарӣ вижагии асосии равшанфикр мебошад…
- Дуруст аст. Ин қишри ҷомеа барои сохтани оянда бо истифода аз ақли инсонӣ истифода мебарад, на аз дигар сарчашмаҳо. Вале мутаассиб барои рафъи мушкилот аз усулҳои илмӣ истифода намебарад, чунки мутахассис нест. Муносибаташ ба омӯзиш дуюмдараҷа буда, тамоми ибтикораш аз манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маншаъ гирифтааст.
- Барои пешгирии таассубгароӣ чӣ пешниҳод доред?
- Қабл аз ҳама, бояд неруро ба он равона намоем, то ҷавонон дар зери таъсири ғоявии равияҳои динӣ – ифротӣ наафтанд. Бояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асосҳои исломи анъанавӣ, дину мазҳабҳои ҷаҳониро тавассути ҷорӣ кардани фанни «Диншиносӣ» омӯзонем, зеро бархе аз ҷавонон аз асосҳои таълимоти мазҳаби худ бехабаранд ва аз ин рӯ, ба осонӣ зери таъсири тарғиботу таъсиррасонии дигар равияҳои ифротӣ қарор мегиранд.
Дар тарбияи ҷавонон уламои дин саҳми босазо мебозанд. Онҳо бояд дар мавъизаю суҳбатҳои худ ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, барояшон дар бораи исломи анъанавӣ ва адолати динӣ маълумот диҳанд. Зарур аст, ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар масҷидҳо барои гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ — динӣ оид ба таълимоти мазҳаби ҳанафӣ шароит фароҳам оранд. Се ниҳод – оила, мактаб ва ҷомеа бояд ҳамкориро тавсеа бахшанд, то ки омилҳои инкишофи таассубгароӣ рафъ шавад. Аз тариқи воситаҳои ахбори омма аъмоли зишти гурӯҳҳои ифротгаро намоиш дода шуда, ҷавононе, ки аз Сурияву Ироқ баргаштаанд, ба машварату маҷлисҳо ва намоишҳои телевизионӣ даъват шаванд, то саргузашти талхашонро нақл кунанд. Муҳим он аст, ки чорабиниҳо бо ин мақсад доиршаванда, бояд қолабӣ набошанд. Оид ба омӯхтан ва таҳлили илмии ин масъала бояд тадқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида шаванд, олимони тавоно ба ин тадқиқот ҷалб гарданд.
Дар шароити кунунии кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, созандагию бунёдкорӣ вазифаи ҳар яки мо ба ҳисоб рафта, воситаи асосии пешгирии рушди таассубгароӣ мебошад. Эътироф бояд кард, ки сохторҳои дахлдор дар ин самт пайваста тадбирҳои назаррасро меандешанд.
Новобаста ба тадбирҳои андешидашуда, то ҳанӯз холигоҳ мавҷуд аст ва дар сурати бетаъхир тадбир наандешидан, аз чунин вазъият гурӯҳ ва шахсони алоҳида суиистифода менамоянд. Илова бар ин, бояд созмонҳои ҷавонон бо ин мақсад лоиҳаҳо таҳия карда, тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқотро пурзӯртар гардонанд.
- Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти экстремистӣ — террористӣ ғайриқонунӣ эълон ва манъ шудааст. Таассуфовар аст, ки тайи солҳои охир 22 сархатиби масҷид бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд. Дар ин робита, чӣ тадбир бояд андешида шавад?
- Аз ин бармеояд, қисме аз толибилмоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ гирифтаанду ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият мекунанд, сарфи назар аз тадбирандешиҳои сохторҳои дахлдор ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ дошта, ақидаҳои тундрави онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд. Зарур аст, ки неруи зеҳнии ходимони дин, махсусан онҳое, ки ба ҳамкориҳои судманд майлу рағбат доранд, сиёсати давлатиро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд, исломи суннатиро тарғибу ташвиқ менамоянд, ба муқобили таассуб истифода гардад. Таҳия ва рушди барномаҳои давлатӣ, стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ барои дастгирӣ ва рушди таълимоти динӣ тақозои замон мебошад. Ин кор бояд тезтар анҷом дода шавад, то низоми таълимоти динӣ дар ҷомеа инкишоф ёбад. Илова бар ин, бояд бетаъхир Консепсияи шарикии иҷтимоии давлат ва ташкилотҳои динӣ таҳия шавад. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки заминаи мусоиди қабули қонунҳои зарурӣ дар самти ҳамгироии давлатию динӣ фароҳам шуда, мутобиқи онҳо мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолиятро бо ташкилотҳои динӣ дар самти мубориза бо таассуб тавсеа бахшанд.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»