Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколама аз доираи фарҳангу воқеият (фазои фарҳангӣ) берун рафта, дар фазои худ афроди дорои ҷаҳонбинии динӣ ва муносибатҳои сиёсии гуногунро фаро мегирад ва онҳо ба мақсад мувофиқ ва зарурӣ буда, барои ҳалли масъала муттаҳид мешаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколамаи фарҳангҳо рисолати созиши некиро иҷро мекунад, ки фазои муколамаи байни тамаддуни фарҳангҳоро тавассути шаклҳои муташаккили институтсионалии ассотсиатсияҳо, марказҳо, ҷамъиятҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил медиҳад. Раванди ҷаҳонишавии муосир навъи махсуси муколамаи фарҳангҳоро актуалӣ мегардонад, ки бо самти созанда ба амал – муколамаи сиёсӣ фарқ мекунад. Таҷассуми аслии он Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки асоси идеологии он ба истилоҳ «Рӯҳи Шанхай» ҳамчун ифодаи ниятҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ мебошад. Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун як консенсуси кишварҳои баробарҳуқуқ намунаи муколамаи Шарқу Ғарбро муаррифӣ мекунад, ки дар он ратсионализми аврупоӣ (дар қабули қарор) ва прагматизми шарқӣ (дар иҷрои қарорҳо) таҷассум ёфтааст. Донишманди тоҷик Кароматулло Олимов зимни иштирок дар хонишҳои илмии Лихачёвӣ, ки 13-14-уми майи соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, таҳқиқот анҷом дода, дар бобати баррасии «фарҳанги ҷаҳонӣ» изҳор намуд: «Лозим аст доманаи мафҳуми «фарҳанги ҷаҳонӣ» мушаххас шавад. Оё нишондиҳанда маҷмӯи фарҳангҳои мардуми ҷаҳон аст ё фарҳанги кишварҳои тавсеаёфта? Оё ин фарҳанг равобити байни давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонии фаромиллӣ аст, ки муҳтавои сиёсӣ доранду аз лиҳози мундариҷа бештар аз он маҳсуб мешаванд? Барои ҷилавгирӣ аз талаққии фарҳанги ҷаҳонӣ ба унвони аъҷубае (монстр), ки фарҳангҳои дигарро фурӯ хоҳад бурд, лозим аст усули ахлоқии тавсеаёфта тавассути талошҳои ҷаҳонии бештар ба унвони маъқулаи аслии ин фарҳанг таъин шавад».
Синтези фарҳангҳо бо нигоҳ доштани гуногунии фарҳангҳо аз аҳдофе маҳсуб мешавад, ки раванди ҷаҳонишавӣ онро роҳандозӣ мекунад, аммо аксуламали ҷаҳонисозӣ низ дар тақвияти ҳадафҳое саъй мекунад, ки такмили гуногунии фарҳангҳоро дар замони муосир пайгирӣ хоҳад кард.
Аз омилҳои таърихии ташаккул ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир вижагиҳои бархӯрд ва баҳамоии аносири фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Ба қавли ҷомеашиноси муосири амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон, агар асоси ҳувияти фарҳангии амрикоӣ «протестантизми бритонӣ» бошад, бегуфтугӯ, пояҳои асосии ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ориёӣ ва махлутшавии он бо андешаи исломӣ аст, ки алҳол дар анъана ва ҷашну маросими тоҷикон мушоҳида мешаванд. Гузашта аз ин, тамаддуни ориёӣ (эронӣ), ки дар номгӯи А. Тойнби ҷиҳати баррасии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст, майли гуфтугӯ бо ғайр ва баҳамоии тамаддунҳоро инкор намекунад ва чунон ки ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома», дар бахши «Достони дувоздаҳ руҳ» дар мисоли Пиррони Виса мутазаккир мешавад, ориёиҳо агарчӣ дар ғасби сарзаминҳои нав мушорикат доштанд, аммо суботи ҷомеаро авлотар шуморида, «баҳамоварӣ» – ро рукни ба ҳадаф мувофиқ медонистанд. Бинобар ин, афкори ориёӣ дар замони хилофати араб ва пасон низ ҳукумат мекард, агарчӣ араб бинобар кинварзӣ ба ориёиҳо ҳама вижагиҳои фарҳангии онҳоро аз номи худ матраҳ намуда, сохти давлатдории мансуб ба ориёиҳоро бардурӯғ таҳриф менамуданд. Мисоли ин гуна таҳрифсозиҳо «никоҳи маҳорим» ва «умумӣ будани занон» дар бовариҳои динии ориёҳост, аммо таърихи ниёкони мо гувоҳ аст, ки онҳо маслакҳои гуногун эҷод кардаанд ва дар баробари тавҳид, гурӯҳе аз онҳо ба бутпарастӣ дар марзи Бохтари қадим машғул будаанд. Яъне, на фақат таърих ва бостоншиносӣ, балки хусусиятҳои фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки новобаста ба таҳмилшавии ислом феълан анъанаҳои гуногуне ва мансуб ба фарҳангҳои мухталиф мавҷуданд ва агар онҳоро қудрати исломӣ дар таърихи 1400 – сола маҳв накардааст, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ғалабаи ҳувияти амрикоиро бар соири ҳувиятҳо таъмин намудааст?
Кароматулло Олимов дар мақола таҳти унвони «Давлатҳои миллӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ: таамул дар роҳҳои шаклгирии фарҳанги ҷаҳонӣ» чунин нигоштааст: «Ҷиддитарин таззодҳо, ки байни ҷаҳонбинӣ ва идеология шомил мебошанд, динӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ба таври мутаноқиз дар шароити ҷаҳонишавӣ дин гоҳе ба унвони механизме барои ҳифозат аз фарҳанги миллӣ амал мекунад ва ин муддат омили ташкили ҳувияти миллӣ хоҳад буд».
Лозим ба ёдоварист, ки вижагиҳои фарҳанги ориёӣ дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони муосир маҳфуз мондаанд ва тавассути онҳо умр ба сар мебаранд. Масалан, ҳунари гулдӯзӣ дар шаклу рақам ва дар тасвири худ тафаккури ориёиро баён дошта, ғолибан муҳтавои мобаъдуттабиӣ доранд. Гузашта аз ин, дар баъзе аз манотиқи кишвар рангҳое мисли сафеду сурх то кунун дар пӯшишҳои миллӣ нақшандозӣ мегарданд, ки бори дигар иртиботи имрӯзиёнро бо фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ мекунад, чунки ақвоми ориёӣ рангҳои мазкурро мунтахаб медонистанд. Дигар аз аносири фарҳанги замони ҷаҳонишавӣ бештар татбиқшавии андешаҳои утопиявӣ аст, ки чунин иқдоми башар таърихи дурудароз дошта, вазъи нави ҷомеаро қудрат дорад баррасӣ кунад. О. Шпенглер нишон медиҳад, ки навъҳои шахсият ва навъҳои фарҳанг ба ҳамдигар вобастаанд. Ҳар як фарҳанг афсонаҳои худро дар бораи худ эҷод мекунад ва хусусияти вобаста ба давра, мавҷудият ё набудани буҳрон ва ғайра, ки дар фарҳангҳои гуногун вуҷуд доранд, падидаҳои табиатро шарҳ медиҳанд. Кумак ба бунёди муносибатҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, кумак ба зинда мондан навъе аз вижагиҳои фарҳангист. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки худшиносии инсон вобаста ба заминаи фарҳангӣ ва таърихӣ, зерфарҳангӣ ва дар айни замон, афсонасозӣ зарур аст. Худи ҳаёт як ҳикоя аст, аммо дар умқи ҳар як шахс пинҳон аст, зеро тасвири ҷомеа дар рӯи замин нест. Таҳлили чунин вазъият моро ба хулосае меорад, ки бар асоси экзистенсиализми муосир ирфонӣ сухан меронем ва тамоили бозгаштан ба замони бостон мекунем, чунки нодонӣ ва хурофот дар ҳар як утопия мавҷуд аст. Бинобар ин, аз вижагиҳои таҳқиқу баррасии ҳувияти фарҳангии дилхоҳ ҷомеа зеҳнияти ҳамон миллат нақши калидӣ дорад, ки низоми давлатӣ дар дасти ӯст ва истилоҳи менталитет – (аз вожаи лотинии мentalis – равонӣ) – тарзи тафаккур, маҷмӯаи маҳоратҳои равонӣ, муносибатҳои равонӣ ва анъанаҳои фарҳангии хоси шахсият ё ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Кароматулло Олимов ягона ҷомеашинос аз Ховари Марказӣ буд, ки дар хонишҳои лихачёвии шаҳри Санкт-Петербург иштирок карда, назарашро оид ба баҳамоии фарҳангҳо ва ғамшарикии тамаддунҳо сароҳатан изҳор намуда, вазъи чунин гуфтугӯро дар минтақа баррасӣ намудааст. Бинобар ин, дар ҳар давлати пасошӯравӣ агар суҳбат аз ҷомеашиносии муосир равад, уламои Россия ҳатман исми Кароматулло Олимовро бар забон меоранд. Ин эҳтиром ба донишманди тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки номбурда ҷиҳати баррасӣ ва пажӯҳиши вижагиҳои раванди ҷаҳонишавӣ, бо назардошти ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир ва гирифтории он ба буҳрон талош доштааст.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ Машраби Абдуллоҳ,
рӯзноманигор