Қазияи Ворух ва чеҳракушоии нотавонбинон

№ 21.09.2022

  Инкор намекунам, ки ҳамагуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хоса миёни ҳамсоякишварҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб, бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қавонини байналмилалӣ  ҳуқуқу манфиатҳои  тарафи дигаррро ба маънои томаш нақз мекунад, чораандешӣ зарур ва ногузир мебошад. Ба ибораи дигар, «саги девонаро дору кулӯх аст».

    Қазияи Ворух ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Аз он нигаронам, ки тибқи «анъана», як идда,  ки вокуниш намудан вазифаи ҷониашон аст, бо вуҷуди аз ҳад гузаштани нописандии қирғизҳо, то кунун хомӯшанд.

   Шояд фаромӯш кардаанд, ки Пешвои миллат «бетарафиро нишонаи марг» гуфта буданд,

   Минҳайси шахси то андозае аз набзи ҷомеа огоҳ дарк мекунам, ки дар ҳама масъала, хоса масоили ба равобити байни кишварҳо рабтдошта назокатҳои дипломативу ҳамсоядорӣ бар мабнои «хати қирмизӣ» вуҷуд дорад.  Вале қирғизҳо  «хати қирмизӣ»-ро дағалона ва хеле пеш убур карда буданд…

  Хушбахтона, ба шарофати қаламкашони бонангу номус, ки Ватанро на бо сухан ва на ба хотири маснад дӯст медоранду ба арзишҳои милливу давлатӣ садоқати бепоён доранд, дар набарди иттилоотӣ низ комёбем…

  Муҳим он аст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

  Қазияи Ворух  бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид, ба арзишҳои милливу давлатӣ содиқанду арҷгузор ва аз ин лиҳоз касе наметавонад иттиҳоди моро рахна созад.

 Дар ҳамин ҳол ҳастанд ашхосе, ки қазияи мазкур онҳоро бори дигар «чеҳракушоӣ» кард. Ба «шарофат»-и ин муноқиша тоҷику тоҷикистониён комилан муътақид шуданд, ки барои ин қабил, ки «ба осиёби бегонагон об мерезанд», арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва инсонӣ як пули пучак арзиш надоранд.

    Ин «аллома»-ҳо, худро мухолифони Ҳукумат мепиндоранд, бояд кору пайкорашонро низ аз ин зовия ва тибқи муқаррароти роиҷ роҳандозӣ мекарданд. Шояд намедонанд, ки мавҷудияти мухолифин дар давлатҳои олам падидаи маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои гуногун, дар масоили  миллӣ, амсоли қазияи Ворух   ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд.

  Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии ин тоифа (манзур мухолифони Ҳукумат мебошад)  расидан ба қудрат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки  ба қонунгузорӣ  мухолифат надоранд,  кор мегиранд.

   Мутаассифона, нотавонбинони миллату давлати мо, ки бӯе аз муқаррароти  зикршуда набурдаанд, бо амалҳояшон дар ин марҳилаи ҳассос худро шармандатар карданд.

 Вой бар ҳолашон!!!

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири  рӯзномаи «Садои мардум»