Муҳокимаи парламентӣ

Чоряки Буҷети давлатӣ аз ҳисоби туризм мешавад

№66 (3212) 21.06.2014

ба шарте ки имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд

DSC_0024

Ҳаждаҳуми июни соли 2014 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010- 2014» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти №299) баргузор шуд.

Ба ҷаласа масъулини вазорату идораҳои марбута ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват шуда буданд.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи муҳокимаи парламенти М. Шабозов суханронӣ намуда минҷумла зикр кард, ки бахши туризм яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Соҳаи туризм ба буҷети кишварҳо маблағи зиёд ворид намуда, дар рушди устувори онҳо ва болоравии сатҳи зиндагии мардумонашон саҳми арзанда мегузорад. Аз ҷумла даромад ва сатҳи зиндагии ҳашт дар сади аҳолии Амрикои Шимолӣ ва 12 дар сади аҳолии Аврупо аз ҳисоби соҳаи туризм таъмин мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди туризм имкониятҳои зиёд  дорад. Ба вуҷуд овардани инфрасохтори дахлдор, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ омилҳои асосии ҷалби садҳо ҳазор нафар ба кишвар ва  рушди минбаъдаи соҳа ба шумор мераванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳими ояндадор аҳамияти махсус дода, онро яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии худ эълон намудааст. Дар ин замина, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010- 2014» қабул гардида, дар он ҳадафҳо, мақсад ва моҳияти сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм дар солҳои оянда муайян карда шудааст.

Дар Барнома бо мақсади таъмини инкишофи соҳаи туризм танзим ва дастгирии давлатии соҳаи туризм, бартараф намудани монеаҳо дар ин самт, таъсис ва бунёди инфрасохтори дахлдори ба меъёрҳои байнамилалӣ ҷавобгӯ ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муқаррар шудаанд.

Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро он имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад.

Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то соли 2020 ба панҷ фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт имкониятҳои бузурге дорад, ки мавҷудияти  ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар робита ба ин масъала ҳадафаи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза муҳокимаи ҳаматарафаи раванди иҷрои  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010- 2014» ҷиҳати рушди соҳаи мазкур мебошад.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо дар муҳокимаи парламентӣ ҷиҳатҳои гуногуни масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Боварӣ дорем, ки иштироки фаъолона ва мавқеи муайяни шумо дар ҳалли проблемаҳои соҳа ба сифат  ва самаранокии амалӣ намудани он тасъири мусбӣ хоҳад расонд.

САИДМУРОДОВСипас, Мирганд Шабозов суханро барои пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба масъалаи мавриди баррасӣ  ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов дод. Номбурда масъалаи зикршударо мавриди таҳлили амиқ қарор дода, аз ҷумла гуфт, ки туризм дар замони муосир яке аз соҳаи рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ гардидааст. Тибқи маълумоти омории Ташкилоти ҷаҳонии туристии СММ, туризм дар содироти ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, зиёда аз 12 фоиз нишондиҳандаҳои шуғли аҳолии ҷаҳониро ташкил медиҳад ва ҳиссаи он дар ММД-и ҷаҳонӣ аз  6  фоизи соли 2000 то ба 9.1 фоиз дар соли 2011 расидааст, ки он ба 6.5 трлн. доллар баробар аст. Интизор меравад, ки ин рақам то соли 2022 ба 10 трлн. доллар афзоиш ёбад.

Дар бисёр мамлакатҳо туризм дар ташаккули Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, афзоиши тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда дошта, ба рушди соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат, саноат ва ғайра таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар навбати худ соҳаи туризм ба буҷети кишварҳо маблағи зиёд ворид намуда, дар рушди устувори онҳо ва болоравии сатҳи зиндагии мардумонашон саҳми арзанда мегузорад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таҳти №220 «Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 №388 «Дар бораи тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохтҳои ҳатмии истифодаи табиат» маблағи воридшавӣ ба ҳудудҳои Парки миллӣ аз 100 сомонӣ ба 10 сомонӣ барои як шабонарӯз коҳиш ёфта, бақайдгирии ҳатмии туристон дар мақомоти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 то 30 рӯз тамдид шуда, сайёҳон аз бақайдгирӣ дар мақоми дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ давоми 30 рӯз озод шуданд.

Амалӣ гаштани тадбирҳои мазкур сайёҳони хориҷиро дар баробари интизорӣ дар қабулгоҳҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин аз пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ озод намуд. Ин ҳолат ба ширкатҳои сайёҳӣ ҳуқуқ дод, ки ба воситаи намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ба шаҳрванди хориҷӣ барои дастрас намудани раводиди сайёҳии Тоҷикистон мактуб-даъватнома равон намоянд.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи ин барнома шумораи мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид тариқи содакардашуда дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд иҷозат доранд, аз 68 адад ба 80 адад расонида шуд.

Дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сода кардани тартиби воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ барои будубоши туристон дар ҳудуди ҷумҳурӣ барномаҳои ҷалби гурӯҳҳои нави туристӣ таҳия гашта истодаанд. Инчунин дар заминаи чорабиниҳои тарғиботию иттилоотӣ оид ба муаррифии имконоти туристии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, дӯстдорони ҷаҳонии саёҳат аз хусусиятҳои табиию рекреатсионии ин раванд (маҳалҳои кӯҳӣ, мавзеъҳои экологӣ ва мамнуъ) огоҳ гардиданд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» қабул гардида, баъдан аз тарафи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Илова бар ин, бо мақсади тақвият додани рушди бахши сайёҳӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019 қабул гардида, ноҳияҳои Балҷувон, Варзоб, минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат минтақаҳои туризм эълон шудааст.

Инчунин бо ташаббуси сектори хусусӣ моҳи марти соли 2011 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои туристӣ (ширкатҳои ҳавопаймоӣ, осорхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо ва дигарҳо) ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст, ки он ба такмили фаъолият дар соҳаи туризм ва рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.

Дар давраи солҳои 2010-2014 шаш созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо кишварҳое чун Ҷумҳурии Исломии Покистон, Қазоқистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон ва Полша ба имзо расида, ду Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Катар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони гардишгарӣ, саноати дастӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм тасдиқ шудаанд.

Дар маҷмӯъ, теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои тафоҳум дар соҳаи туризм ба 17 адад расидааст, ки ба рушди байналмилалии соҳаи туризм таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои ин созмони бонуфуз иштирок менамоянд. Шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии ин ташкилоти бонуфуз барои ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ гузоштааст.

Дар ин раванд, бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намуданд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои туристӣ муаррифӣ шаванд.

Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти байналмилалии туризм ва бо дарназардошти сатҳи баланди намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла «ITB Berlin» ва нақши калидӣ доштани он дар ҷалби туристони аврупоӣ ба кишвар, ҳайати намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии мамлакат дар ин чорабинии байналмилалии туристӣ ҳамасола иштирок карда истодаанд.

Бояд зикр кард, ки намоишгоҳи мазкур яке аз чорабиниҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар он ҳар сол намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои туристӣ, ширкатҳои хавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар самтҳои бахши туристии зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд.

Ҳамасола павилёни хоссаи мамлакат зери унвони «Тоҷикистон-кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ташкил ёфта, санъати волои кандакорӣ, табиати зебо ва таърихи кӯҳани сарзамини тоҷиконро инъикос менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ва масъулини намоишгоҳи «ITB Berlin» он яке аз стендҳои беҳтарин байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.

Аз соли 2010 то соли 2012 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои туристии кишвар дар ярмаркаи туристии «WTM London-2010» лавҳаи «Тоҷикистон- кишвари туризм» ташкил ва иттилооти ҷолиб пешниҳод шудаанд.

Натиҷаи иштирок дар намоишгоҳи «WTM London-2010» ва «WTM London-2012» бори дигар собит намуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои туристии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо зиёд гашта истодааст. Ба имзо расидани зиёда аз 70 шартнома байни ширкатҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ дар соҳаи туризм шаҳодати гуфтаҳои болост.

Барои ҷалби ҳар чӣ бештари туристони хориҷӣ ба кишвар, ҳамасола ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа зиёда аз 10000 адад харитаҳои туристӣ ва маҷмӯи руқъаҳо аз мавзеъҳои туристии кишвар, инчунин буклетҳои туристӣ бо забони англисӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таҳия ва чоп мешаванд, пешниҳод шуда истодаанд.

Аз маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ бармеояд, ки талаботи муассисаҳои дипломатии мамлакат дар хориҷа ба маводи тарғиботию иттилоотӣ оид ба иқтидори туристии ҷумҳурӣ зиёд буда, дар оянда вобаста ба имкониятҳои молиявӣ таъмини бештари онҳо ба манфиати кор мебошад.

Дар ин давра, бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диски алоҳида доир ба ин масъала дар ҳаҷми 15 дақиқа бо забони англисӣ таҳия гардида, тариқи намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ дар хориҷа паҳн гардида истодаанд.

Ёддошти туристӣ бо маълумоти пурра оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва суроғаҳо барои муроҷиат дар ҳолатҳои ғайричашмдошт таҳия гашта, ҳамасола бо теъдоди қариб 9000 нусха аз нашр бароварда мешавад. Маводи мазкур дар муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа ва ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватании мусофиркашонӣ паҳн гашта истодаанд.

Харитаи туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 70 иншооти дорои аҳамияти соҳавӣ, маҷмӯи руқъаҳо бо акси  мавзеъҳои тамошобоби кишвар таҳия ва бо забонҳои англисию русӣ аз чоп бароварда мешаванд. Маводи мазкур дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ бо иштироки соҳибкорони кишвар ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии кишвар паҳн мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳн шудани чунин мавод дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар хориҷа боиси афзоиши таваҷҷуҳ ва ташрифи туристони хориҷӣ шудааст.

Тибқи баҳогузории коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ бартарияти Тоҷикистон дар фарҳанги нодир (туризми фарҳангию  маърифатӣ), захираҳои бойи табиӣ (туризми экологӣ), фаъолнокии корӣ (туризми корӣ), инчунин имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат ба мисли туризми варзишӣ ва экстремалӣ зоҳир мегардад.

Дар рушди туризми кишвар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҷойгоҳи хос доранд. Таҷрибаи баъзе мамлакатҳо нишон медиҳад, ки туристони ба боғҳои миллӣ ташрифоварда (масалан Кения, ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой) ҳамасола то як миллион доллари амрикоӣ хароҷот менамоянд. Ба боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳо иҷозат дода шудааст, ки мустақиман аз ҳисоби фурӯши маҳсулот ва хизматрасонии пулакӣ даромад ба даст оранд. Воситаҳои  молиявие, ки аз ин ҳисоб ба даст меоранд, барои рушди онҳо ва доир намудани чорабиниҳои ҳифз ва барқарорсозии табиат истифода мешаванд.  Дар амал ҷорӣ намудани ин таҷриба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ буда, ба равнақу ривоҷи минтақаҳои алоҳидаи мамлакат ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Омили дигари таъминкунандаи рушди устувори соҳаи туризм туризми экологӣ мебошад. Зарурати рушди туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ туризми экологӣ дар даҳ соли охир байни туристон бештар маъмул гашта, яке аз фишангҳои  устувори рушд ба ҳисоб меравад.

Тибқи натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ (93 фоиз ҳудуди кишварро мавзеъҳои кӯҳӣ ишғол менамоянд) дорои имкониятҳои зиёд барои рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароитҳои нодири табиӣ ва манзараҳо, дар якҷоягӣ бо муҷассамаҳои сершумори таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ ташкил медиҳанд.

Барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар иншооти туризми экологӣ фароҳам овардани шароит зарур аст, ки он ба амалӣ намудани тадбирҳо вобаста ба такмил додани нақшаҳои генералии Боғи миллӣ, мамнуъгоҳҳои давлатии табиӣ бо мақсади ташаккули инфрасохтори туризми экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши туризми экологӣ, иҷрои уҳдадориҳои барои нигоҳдории  гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи муҷассамаҳои мероси ҷаҳонии табиӣ ва фарҳангӣ, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, алоқаманд мебошад.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд, ба тамоми намудҳои нишондиҳандаҳои туризм (дохилӣ, содиротӣ ва воридотӣ) таъсири мусбӣ расонидаанд. Пас аз татбиқи босамари чорабиниҳои мақсадноки Барнома, сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, тибқи маълумотҳои оморӣ ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун турист ба мамлакати мо батадриҷ зиёд гашта истодааст. Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки ба ҳайси турист ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, ИМА, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷопон, Франсия ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф меоранд.

Дар маҷмӯъ, тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони 80 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намудаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар панҷ соли охир ба кишвар 1 млн. 177 ҳазору 685 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла соли 2010 — 220 ҳазор нафар, 2011 — 255 ҳазор нафар, 2012 — 344 ҳазор нафар, 2013 -320 ҳазор нафар ва семоҳаи аввали соли 2014 – 38.7 ҳазор нафар ташриф оварданд. Таҷриба собит месозад, ки дар сурати идома додани тадбирҳои пайгирона бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва маблағгузории саривақтӣ ва пурраи онҳо шумораи туристони хориҷӣ афзоиш ёфта, барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Айни ҳол дар бозори туристии мамлакат 90 ширкати туристӣ фаъолият карда истодаанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 14 адад, вилояти Суғд –18 адад, вилояти Хатлон- як адад, шаҳри Душанбе- 56 адад ва ноҳияи Ҷиргатол- як адад ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи дар боло зикршуда 50 ададаш бо туризми содиротӣ машғул буда, шумораи боқимонда танҳо дар самти ҷалби туристони хориҷӣ ба кишвар фаъолият карда истодаанд.

Миқдори шаҳрвандоне, ки тавассути ширкатҳои туристӣ дар чор соли охир ба хориҷа сафар намудаанд, 53 ҳазору 221 нафар, ба ҷумҳурӣ ташрифоварда -8686 нафар ва ба туризми дохилӣ фаро гирифташуда -3461 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму ояндадор аҳамияти хосса медиҳад, ки муҳайё намудани заминаи мусоиди қонунгузорӣ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Бояд гуфт, ки ин раванд тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар пайваста ва ҳамаҷониба инъикос мешавад.

Ҳар сол 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм таҷлил мешавад ва вобаста ба ин маводи зиёде ба нашр расида, вазъи соҳа ва муваффақияту проблемаҳои онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Тибқи мулоҳизаҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма баён мешаванд, Тоҷикистон барои рушди туризм имкониятҳои зиёд дорад. Ҳавои софу беғубор, табиати дилрабо, кӯҳҳои сарбаафлок, рӯдҳои хурӯшон ва мардуми меҳмоннавози он омилҳои ҷалби садҳо ҳазор нафар сайёҳанд. Ин рақам ба миллионҳо расида метавонад, лекин баъзе омилҳо монеъ мешаванд. Овозаҳои ғаразноки беасос оид ба вазъи Тоҷикистон, номукаммалии инфрасохтор, набудани мутахассисону рекламаи кофӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Дар сурати рафъи ин монеаҳо имкон ҳаст, ки чоряки буҷети кишвар аз даромади соҳаи туризм таъмин гардад.

Воситаҳои ахбори омма туризмро дар Тоҷикистон дар ду самт – дохилӣ ва хориҷӣ баррасӣ менамоянд. Зикр шудааст, ки кишвар беш аз 2000 ёдгориҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ дорад, ки истифодаи пурсамарашон барои рушди сайёҳӣ бисёр муфид хоҳад буд. Нашрияҳо дар бораи қисме аз онҳо, аз ҷумла Саразм, Аҷинатеппа, Мунк, Сайёд, Кофирқалъа, Муғ, Қаҳ-қаҳа, минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон, Сафедорак ва ғайра маълумот додаанд.

Тибқи иттилои дар воситаҳои ахбори омма ба табърасида, омилҳои муҳими равнақи сайёҳӣ дар ҷаҳон қонунгузории мукаммал, устувории экологӣ, амният ва инфрасохтор дониста шудаанд ва аз рӯйи мавҷудияти ҳамаи онҳо Тоҷикистон метавонад кишвари муваффақи туристӣ бошад. Барои ин ҳамаи чораҳо андешида мешаванд. Барои мисол, ҳоло шаҳрвандони 80 кишвари дунё метавонанд бевосита ва осон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон раводид гиранд. Қимати раводид аз 100 ба 25 доллар расонда шуд ва агар гурӯҳи туристон аз 5 нафар зиёд бошанд, 50 фоизи   нарх пардохт мешавад, ситонидани 100 доллар барои фатҳи қуллаҳои кишвар бекор карда шуд, муҳлати баррасии раводиди сайёҳон дар намояндагиҳои хориҷии Тоҷикистон аз 15 ба се рӯз расид. Соли гузашта ба кишварамон омадани зиёда аз 300 000 нафар сайёҳи хориҷӣ ва дар рейтинги «Индекси рақобатнокии сохтори туризм дар соли 2013» якбора чор зина боло баромада, дар байни дусад давлат ҷои 114-умро ишғол кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи ҳамин иқдомот мебошад.

Вақтҳои охир танҳо дар ВМКБ беш аз 50 меҳмонхонаи хурд сохта шудааст, ки баробари шароити хуби истиқомат ба туристон маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои халқиро пешниҳод карда, ба ин восита онҳоро бо таъриху тамаддуни кишвар ошно месозанд. Дар Донишкадаи соҳиборӣ ва хизмат факултети туризм ва дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ курсҳои махсуси «Раҳбаладон», «Туризми кӯҳӣ», «Роҳ ва бозор дар соҳаи туризм» амал мекунанд, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Клуби ихтиёриёни туризм» ташкил шудааст, ки ҳадафашон тайёр кардани кадрҳои сазовори соҳа ва ба ин восита таъмини рушди соҳа мебошад.

Бинобар он ки соҳаи туризм дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад, маблағгузории чорабиниҳои Барнома асосан аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гаштааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур дар давраи солҳои 2010-2013 ва семоҳаи соли 2014 мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ҳамагӣ 1860000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудаанд. Аммо таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар ин давра барои татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1298031 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда 561969,0 сомонӣ кам буда, 69,8 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар соли 2011 барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома мувофиқи нақша 428 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, давоми сол, бо дарназардошти тағйиру иловаҳо баробар ба 300 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Дар марҳилаи ҳисоботӣ хароҷоти хазинавӣ 235902,75 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда 64097,25 сомонӣ кам аст ва 78,6 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.

Сметаи хароҷотӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома дар оғози соли 2012-ум  578 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи ҳисоботӣ хароҷоти хазинавӣ маблағи 521079,99 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба сметаи тасдиқшуда 56920,0 сомонӣ кам буда, 90,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар соли 2013 сметаи хароҷотӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар як сатри моддаи хароҷотӣ «Трансфертҳои дохилии капиталӣ, ки ба гурӯҳҳои дигар шомил нашудаанд» 428000 сомонӣ пешбинӣ гардида, давоми сол ба он тағйироту иловаҳо ворид карда нашудааст. Дар марҳилаи ҳисоботӣ хароҷоти хазинавӣ маблағи 411712,16 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда ба 16287,84 сомонӣ кам аст ва 96,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, дар оғози соли 2014 сметаи хароҷотӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар як сатри моддаи хароҷотӣ «Трансфертҳои дохилии капиталӣ, ки ба гурӯҳҳои дигар шомил нашудаанд» ба маблағи 428000 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар семоҳаи аввали соли 2014, бо дарназардошти тағйироту иловаҳо, ба маблағи 130000 сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Дар марҳилаи ҳисоботӣ хароҷоти хазинавӣ маблағи 129336,10 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда 663,90 сомонӣ кам буда, 99,5 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки маблағҳои ҷудогардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои амалӣ намудани Барнома асосан барои таҳия ва чопи маводи таблиғотӣ оид ба имкониятҳои туристии кишвар, таблиғоти соҳаи сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, дигар чорабиниҳои байналмилалии соҳа ва сафарҳои хизматӣ хароҷот гардидаанд. Тибқи маълумоти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ошкор карда нашудаанд.

Ҳамзамон, дар баробари муваффақиятҳои бадастомада як қатор мушкилоте низ мавҷуданд, ки ба нигоҳдории туризми анъанавӣ ва ҷалби гурӯҳҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.

Аввалан, аз ҷониби баъзе кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзамон аъзои шабакаи Шоҳроҳи бузурги абрешим тамоюли эҷод намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ барои рафтуомади бемайлони туристони хориҷӣ ба назар мерасад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки монеаҳои маъмурӣ ҷараёни инкишофи туризми минтақавиро халалдор сохта, боиси коҳиш ёфтани гардиши туристони хориҷӣ мешаванд.

Мушкили дигар, маблағгузории маҳдуди соҳаи туризм аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар заминаи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» мебошад. Бо дарназардошти афзудани шавқи туристон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё ва Амрико барои ташриф овардан ба ҷумҳуриамон ва талаботи рӯзафзуни онҳо ба маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбии худ соҳаи туризм ба маблағгузории иловагии давлатӣ ниёз дорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муаррифии захираҳои туристии давлат дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои туристӣ бошанд, дар доираи салоҳияти худ танҳо барномаҳо ва хатсайрҳоеро, ки хизматрасонӣ мекунанд, тарғиб менамоянд.

Маводи иттилоотие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда нашр карда мешаванд, талаботи имрӯзаи намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ва туристонро қонеъ карда наметавонанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки мавҷуд набудани имконияти молиявии кофӣ дар буҷети Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи густурдаи захираҳо ва имкониятҳои туристии кишвар дар хориҷа, инчунин барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои туристӣ, ки майдони асосии мулоқоту гуфтушунидҳо баҳри дарёфти шарикони нав ва туристон маҳсуб меёбанд, таъсири худро расонида истодааст.

Дар шароити рақобати шадид дар бозори туристии ҷаҳонӣ мамлакатҳои минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳузур надоштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори хизматрасониҳои туристӣ истифода бурда, гардиши воқеии туристонро ба манотиқи худ таъмин намоянд.

Тартиби воридот ба ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз сайёҳони хориҷӣ дастрасии ҳатмии иҷозатномаи пулакиро аз мақомоти дахлдори вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ тақозо менамояд, айни замон ба мақсад мувофиқ нест. Бояд зикр кард, ки талаботи мазкур ҳамчун мероси маъмурӣ аз давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ монда, ба гардиши туристони хориҷӣ дар ин минтақаи тамошобоб монеа эҷод мекунад.

Туристони хориҷӣ аз он нигаронӣ менамоянд, ки пас аз ворид шудан ба пойтахти кишвар дар баробари пардохти маблағи муайян барои дарёфти иҷозатномаи вуруд натиҷаи дархости худро дар мақомоти дахлдор интизорӣ мекашанд. Дар баробари ин, мавҷудияти чунин монеаҳои маъмурӣ ба Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ, ки давлатҳои аъзоро ба сода кардани тартиби ташрифот ва аз байн бурдани ҳар гуна маҳдудиятҳо тӯли сафари туристон ҳидоят мекунад, мухолифат менамояд.

Масъалаи доғи рӯзи соҳа норасоии мутахассисони соҳаи туризм, алахусус роҳбаладҳо мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди таъсис ёфтани бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи туризм дар ҳафт макотиби олӣ ва миёнаи кишвар дараҷаи дониши хатмкунандагони онҳо ба талабот ҷавобгӯй намебошад. Аксари онҳо бинобар сатҳи пасти донишҳои касбӣ ва забонӣ дар бозори меҳнат мавқеи худро ишғол накардаанд. Номукаммалии барномаҳои таълимӣ дар он зоҳир мегардад, ки мутахассисони ҷавони соҳа, бе дарназардошти талаботи бозори соҳаи туризм тайёр мешаванд ва ҳадди ақал як забони хориҷиро хуб аз худ намекунанд. Омӯзиши ҷадвалҳои дарсии таълимгоҳҳо собит сохт, ки дар онҳо соатҳои омӯзиши забони хориҷӣ ва дарсҳои амалӣ басо кам аст ва барои ба таври зарурӣ аз худ кардани фан мусоидат карда наметавонад.

Дар ин ҷода Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар ва Созмони умумиҷаҳонии туристӣ барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани барномаҳои таълимии марбут ба соҳаи туризм ва мубодилаи таҷрибаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо ҳамкасбон аз дигар макотиби таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мусоидат намояд.

Муносибати мақомоти давлатӣ, махсусан қудратӣ (кормандони  мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук ва ҳифзи сарҳадот) нисбат ба туристони хориҷӣ ҳангоми воридшавӣ, сайру саёҳати пиёда ва бо нақлиёти кироя, инчунин вақти убури ҳудуди кишвар, алалхусус дар дидбонгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе беҳбудии  ҷиддиро тақозо менамояд.

Айни замон бо мақсади аз байн бурдани монеаҳое, ки ба рушди туризм халал мерасонанд ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ Модели рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки ба рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ дода, дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар соҳаи туризми мамлакат марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти давлат мубаддал гашта, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Бо мақсади рушди низоми танзими давлатӣ ва дастгирии фаъолияти туристӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- такмили қонунгузорӣ оид ба содакунии тартиби додани раводид ва бақайдгирӣ;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва такмили системаи андозбандӣ барои рушди туризми воридотӣ ва дохилӣ;

- такмили ҳисоби оморӣ ва ҳисобот дар соҳаи туризм;

- густариш бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо мамлакатҳои хориҷӣ;

- баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ва пазиройӣ дар меҳмонхонаҳо;

- таъмини дастгирии давлатӣ барои рушди инфрасохтори туристӣ;

- дастгирии ташаббусҳои инфиродӣ дар соҳаи туризм.

Аз рӯи иттилооте, ки ба мо дастрас гардид, ба наздикӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави рушди туризм дар Тоҷикистон таҳия  ва ба вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои дахлдор барои мувофиқа ирсол шудааст. Бо истифода аз фурсати муносиб аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илм хоҳиш карда мешавад, ки дар Барномаи нав нуқтаи назари консептуалиро ба инобат гиранд.

Дар охир, бо итминони комил гуфта метавонем, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар туризми мамлакат марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти давлат мубаддал гашта, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда чунин ибрози назар кард:

-Бахши сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Солҳои охир даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, кишварҳои ҷаҳон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд.

Соли 2012 дар тамоми ҷаҳон қариб як миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард мерасад.

Айни замон ҳиссаи Тоҷикистон дар бахши сайёҳии ҷаҳон аз рӯи содирот ночиз буда, ҳамагӣ 0,032 фоиз ё ин ки 32000 нафар ва аз рӯи воридот 0,24 фоиз ё ин ки зиёда аз 244 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо истифода аз мавзеъҳои бойи таърихӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ ва табиати нотакрори худ туризмро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ эълон намудааст.

Давоми соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи туризм заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохторию ташкилӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида бошад ҳам, то ҳанӯз захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосири байналмилалии сайёҳӣ истифода намешавад.

Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» муҳим буда, он стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

Вазифаҳои аввалиндараҷае, ки дар ҷараёни татбиқи Барнома гузошта шудаанд, қабл аз ҳама, таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм, ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва пешрафти минбаъдаи маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна, ташаккули имиҷи ҷолиби туристии кишвар, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва такмили омор мебошад.

Рисолати асосӣ дар ин ҷараён ба ташкилотҳои туристии ҷумҳурӣ вогузор карда шудааст. Субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм вобаста ба рушди худ ҳамкориро бо ҳамкасбонашон  аз 20 мамлакати ҷаҳон ба роҳ мондаанд.

Таҳлили ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» нишон медиҳад, ки соҳаи туризм дар сохтори иқтисодӣ-иҷтимоии давлат мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст.

Дар ин замина баҳри беҳдошти соҳаи туризм, аз соли 2010 инҷониб, қонунгузории кишвар мавриди такмил қарор ёфта, дар натиҷа:

-монеаҳои сунъии маъмурӣ, аз қабили ситонидани маблағ аз кӯҳнавардон барои фатҳи баландкӯҳҳо аз эътибор соқит карда шуд;

-маблағи гарони воридшавӣ ба ҳудудҳои Парки миллӣ барои як шабонарӯз аз 100 сомонӣ ба 10 сомонӣ паст карда шуд;

-бақайдгирии ҳатмии туристон дар мақомоти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ аз 7 то 30 рӯз дароз гардид;

-сайёҳон аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми 30 рӯз озод карда шуданд.

Тадбири мазкур туристони хориҷиро дар баробари интизорӣ дар навбатгоҳҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ аз пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ низ озод намуд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат ширкатҳои туристӣ ҳуқуқ пайдо намуданд ба воситаи намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мактуб-даъватнома ба шаҳрванди хориҷӣ барои дастрас намудани раводиди сайёҳии Тоҷикистон фиристанд. Инчунин, дар доираи татбиқи ин барнома шумораи мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи содакардашуда дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат доранд, аз 68 адад ба 81 адад расонида шуд.

Дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ба густариши фаъолият мусоидат намуд.

Саҳми арзандаро дар ин раванд қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмили фазои ҳуқуқии фаъолият ва бартараф кардани монеаҳои маъмурии будубоши туристони хориҷӣ гузошта истодаанд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амал мекунад, ки ба рушди соҳаи туризм мусоидат намуда истодааст.

Дар баробари ин, аз 3 майи соли 2014 таҳти №301 Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 29 банд тасдиқ карда шуд.

Аз ҷониби сектори хусусӣ моҳи марти соли 2011 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои саноати туристӣ (ширкатҳои ҳавопаймоӣ, осорхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо ва дигарҳо) ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моҳи июни соли 2014 Ассотсиатсияи туризм ташкил ёфт.

Тазаккур бояд дод, ки дар давраи солҳои 2010-2014 ҳашт созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, Қазоқистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Полша, Баҳрайн ва Латвия таҳия ва ба имзо расиданд.

Дар ин ҷараён ду Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Катар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони гардишгарӣ, саноати дастӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм тасдиқ шудаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаи туризм ба 19 адад расидааст.

Аз ҷониби Кумита се лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҷдиди Базаи кӯҳии лижаронии «Сафедорак», сохтмони Комплекси туристӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва Бунёди маркази туристӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо забони англисӣ таҳия ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб, дар чорабиниҳои сиёсии ин Созмони бонуфуз иштирок намуда, сифати маҳсулоти тарғиботию иттилоотии худро баланд бардошта истодаанд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла «ITB Berlin» ва нақши калидии он дар ҷалби туристони аврупоӣ ба кишвар, ҳайати намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии мамлакат дар ин чорабинии байналмилалии туристӣ ҳамасола иштирок карда истодаанд.

Аз соли 2010 то инҷониб  сомонаи интернетии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм бо забонҳои русию англисӣ дар шабакаи Интернет www.visittajikistan.tj фаъол аст. Муҳтавои он тамоми ҷанбаҳои бахши туризми кишварро фаро гирифта, зиёда аз 60 саҳифаро дар бар мегирад.

Бо дарназардошти мавҷуд будани маълумоти нопурра ва носаҳеҳ дар сомонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ оид ба захираҳои туристӣ ва қоидаҳои будубоши туристон дар кишвар сомонаи мақомоти давлатӣ дар байни туристони сершумори хориҷӣ ба манбаи боэътимоди дарёфти маълумот мубаддал гаштааст.

Дар баробари ин, Кумита ҷиҳати таҳия ва пахши маводҳои таблиғотӣ-иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омммаи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо», радиои «Ховар» ва «Имрӯз» тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Пас аз татбиқи босамари чорабиниҳои мақсадноки Барнома, сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ба имкониятҳои иқтисодии дӯстдорони сайру саёҳат, тибқи маълумотҳои оморӣ ташрифоти шаҳрвандонии хориҷӣ ҳамчун турист ба мамлакати мо батадриҷ зиёд гашта истодааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» ҳамкории худро бо вазорату идораҳои дахлдор тақвият бахшида, баҳри пешрафти боустувори соҳаи туризм тамоми чораҳои зарурӣ меандешад.

Сипас, ахбороти муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова манзури вакилон гардид.

Мавсуф  туризмро яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир арзёбӣ карда, афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити муосид фароҳам меоварад.

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз баромадҳои худ чунин иброз доштанд: «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд».

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ гардид, ки ин барои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон комёбии беназир аст.

Тавре ки  маълум аст, туризм дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт эътироф шудааст. Ҳадафи асосӣ ташаккулёбии соҳаҳои экологӣ, иҷтимоӣ, рақобатнок шудани комплекси туристӣ ва ба Буҷети давлатӣ ворид  гардидани даромад  маҳсуб меёбад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди туризм дар кишвар тадбирҳо андешида истодааст, ки ба ҷалби бештари туристони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи  туристӣ ва ҷалби сармоя нигаронида шудаанд.

Бояд зикр кард, ки маблағгузории дохилӣ ба ин самт ҳанӯз нокифоя  буда, паҳлуҳои иқтисодӣ  ва иҷтимоиро пурра таъмин карда наметавонад.

Барои рушди сайёҳӣ таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара, роҳи автомобилгарди Душанбе-Зиғар-Қалъаи  Хумб-Хоруғ-Мурғоб- Қулма-Қароқурум ва Душанбе-Айнӣ-Панҷакент аҳамияти муҳим доранд.

Бо дарназардошти он ки туризм соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Ҳукумати кишвар як қатор чорабиниҳоро барои барқароршавӣ ва рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат, фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ташрифи туристони хориҷӣ ва беҳтар намудани вазъи инфрасохтори туристӣ амалӣ карда истодааст.

Зикр кардан зарур, ки мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи туризм Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти № 299 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» тасдиқ гардиданд, ки баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур то соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн.сомонӣ ҷудо гардидааст.

Соли 2011 ба ин мақсад дар Буҷети давлатӣ 300000  сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки ҳамагӣ 235903 сомонии он, дар соли 2012 аз 578000 сомонии пешбинигардида  521080 сомонӣ ва дар соли 2013  аз 428000 сомонии пешбинигардида 411712 сомонӣ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ карда шудаасту халос.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2014 бошад, барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур 428000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки маблағгузории он бо тартиби муқарраргардида давоми сол таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд зикр намоям, ки тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2010 — 2020» ва бо мақсади нигоҳ доштани иншооти таърихию фарҳангӣ, инчунин таъмиру тармими онҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2014 барои Қалъаи Муъминобод дар ноҳияи Муъминобод, ҷувозхонаи музейи Восеъ дар ноҳияи Ховалинг, қалъаи «Вомар» дар ноҳияи Рӯшон, мақбараи  «Хоҷа Сангхок» дар ноҳияи Варзоб, қалъаи «Санҷаршоҳ» дар шаҳри Панҷакент, мақбараи «Хоҷаи заррин» дар ноҳияи Данғара, қалъаи «Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон, мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории таърихии Саразми шаҳри Панҷакент, масҷиди Далёни Боло дар ноҳияи Ғончӣ, мадрасаи Абдуллохон дар шаҳри Исфара, қалъаи Муғтеппа дар шаҳри Истаравшан 2,9 млн.сомонӣ равона карда шудааст, ки ин чорабиниҳо низ ба рушди соҳаи туризм мусоидат мекунанд.

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшоев роҷеъ ба масъалаи мавриди баррасӣ чунин ахборот дод:

-Таҳлил  нишон дод, ки маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» мувофиқи сметаи хароҷотии алоҳида танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида шудааст. Муайян карда шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома  дар давраи солҳои 2010-2013 ва се моҳи аввали соли 2014 мувофиқи  нақшаи тасдиқшуда  ҳамагӣ  1.860 ҳазор сомонӣ  маблағ  пешбинӣ карда шудааст. Дар ин давра аз Буҷети давлатӣ 1.298 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба сметаи тасдиқшуда ба 562 ҳазор сомонӣ кам буда, 69,8 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо ошкор карданд, ки соли 2010 мувофиқи нақшаи пешбинишуда 446 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра умуман маблағ ҷудо карда нашудааст.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома дар соли 2011 428 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, нақшаи мазкур ба андозаи 300 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Дар ин марҳила хароҷоти хазинавӣ 236 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда 64 ҳазор сомонӣ  кам мебошад.

Дар соли 2011 дар асоси шартномаи байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITВ Berlin» аз 5 то 14 марти соли 2011 ва тайёр намудани лавҳаи хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари туризм» дар масоҳати 60 метри мураббаъ 75,9 ҳазор  сомонӣ  харҷ шудааст. Маблағи мазкур аз ҳисоби Барнома ба Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ирсол шудааст.

Аз сабаби он ки намояндагони Тоҷикистон якумин маротиба дар чунин намоишгоҳи байналмилалии туризм иштирок мекарданд, хароҷоти сафарҳои хизматӣ аз ҷониби даъваткунанда  пардохт карда шудааст.

Дар ин давра дар асоси протоколҳои тендерӣ  ба маблағи 155,5 ҳазор сомонӣ харитаҳои туристӣ бо забони англисӣ, руқъаҳо (открытки), китобу дастурамал ва роҳнамоҳои туристӣ ба мақсади ташвиқу таблиғоти маводҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ чоп шудааст.

Дар соли 2012 сметаи хароҷотӣ барои татбиқи Барнома ба маблағи 578 ҳазор  сомонӣ пешбинӣ гардида,  хароҷоти хазинавӣ 521,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба сметаи тасдиқшуда 56,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Зикр кардан зарур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Барнома бо намояндагони соҳаи туризми кишвар аз 7 то 12 марти соли 2012 дар  Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITВ Berlin»  иштирок намудаанд.

Бо ин мақсад 123,9 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби Барнома барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «WТМ London-2012» ва тайёр намудани лавҳаи хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 12 метри мураббаъ 119,2 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст.

Барои таблиғоти соҳаи сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма 25 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Барномаи мазкур хароҷот карда шудааст.

Таҳлил нишон дод, ки сметаи хароҷотӣ барои татбиқи Барнома дар оғози соли 2013 428 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ гардида, хароҷоти хазинавӣ маблағи 412 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитстон масъулини Кумита бо ҳайати намояндагони соҳаи туризми кишвар аз 6 то 10 марти соли 2013 дар  Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITВ Berlin» иштирок намуданд.

Дар соли 2013 низ барои лавҳаи хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 40 метри мураббаъ 116 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумита бо ҳайати намояндагони соҳаи туризми кишвар аз 3 то 12 марти соли 2014 дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITВ Berlin» иштирок намудаанд. Барои иштирок дар ин намоишгоҳ ва тайёр намудани лавҳаи хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат низ 119,3 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки то ҳол омилҳое ҳастанд, ки садди роҳи рушди ин самти  муҳими иқтисодӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла:

- муносибати дағалона ва эҷод намудани мушкилоти иловагӣ аз тарафи кормандони мақомоти сарҳадӣ дар тамоми  гузаргоҳҳои давлатӣ (махсусан дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе);

- манъ ва эҷод намудани мушкилиҳо ба ронандагони автомобилҳое, ки дар онҳо туристон интиқол дода мешаванд аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

-беасос манъ кардани туристон ва бо баҳонаи санҷидани ҳуҷҷатҳо эҷод намудани мушкилиҳо дар хиёбонҳо, бозорҳо, гулгаштҳо ва минтақаҳои туристӣ аз тарафи кормандони милитсия;

-эҷод намудани мушкилиҳо ба туристон аз тарафи кормандони гумрук ҳангоми бозгашт  дар гузаргоҳҳои қаламрави кишвар.

Дар маҷмӯъ, санҷиши аудиторӣ нишон дод, ки маблағҳои буҷетӣ ғайримақсаднок истифода бурда нашудааст.

Баъди шунидани гузоришҳо ва ахборот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Исматуллоев, О. Сафаров ва М.Нозимов роҷеъ ба масъалаи мавриди баррасӣ саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Вакилон  Исмоил Талбаков, Шодӣ Шабдолов, Абдураҳмон Хонов ва Муҳиддин Кабирӣ ба музокира баромаданд.

Дар охир, бо дарназардошти таклифу пешниҳодот ва нуктаҳое, ки дар гузоришу ахборот ва раванди саволу музокираҳо зикр гардиданд, аз рӯи масъалаи мавриди муҳокима қарор ва тавсияҳои парламентӣ  қабул шуд.

Далер МЕРГАНОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ