30 сентябр - Рӯзи Мавлоно ҷалолиддини Балхӣ

Таълимоти инсонгароёнаи Мавлоно — василаи обутоби инсони комил

№120 (4540) 28.09.2022

da2ce861-c709-4325-b4f8-bfd3dfd1bc10Масъалаи марказии таълимоти ахлоқии Ҷалолиддини Балхӣ масъалаи «инсони комил» ба шумор меравад. Дар андешаҳои ахлоқии Мавлоно бештар масъалаҳои диниву фалсафӣ ҳаллу фасл гардида, ба ҷонибдории озодии инсон майл мекунанд ва ба ҳамин тариқ, оҳанги прогрессивии ақлгароиро дар тасаввуф қувват мебахшанд. Андешаҳои ахлоқии Мавлоно дар доираи суннатҳои исломӣ ва орои динӣ-фалсафӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқии бузургтарин шахсиятҳои тасаввуф ташаккул ёфтаанд. Аз ҷумлаи саромадони он метавон Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Абулмаҷд Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ибн ал-Арабӣ, Баҳоуддин Валад, Саидбурҳонуддини Тирмизӣ ва Шамсиддин Табрезиро номбар кард. Дар ахлоқи Мавлоно таъсири мероси ақлонии он замона низ баръало ба мушоҳида мерасад.

Дар осори Мавлоно инсон олитарин шакли офариниш, султони ирода ва омири хоҳишҳояш ба шумор меравад. Ба пиндори ӯ инсон  метавонад  худро дарк созад,  ислоҳ ва такмил дода, ба «инсони комил» — и ормонӣ наздик намояд.

Андешаҳои ахлоқии Мавлоно ду ҷанбаи ба ҳам алоқаманд доранд: андозаҳои универсалии ахлоқӣ, ки ба инсоният ҳамчун объекти ахлоқ равона шудааст ва ахлоқи солики роҳи ҳақ, ки ахлоқи сӯфии тариқатро дар бар мегирад. Аз ин хотир дар таълимоти ахлоқии ӯ ду навъи андешаи ахлоқӣ ба назар мерасад: ахлоқи умумиинсонӣ ва ахлоқи сӯфиёна.

Ахлоқи сӯфиёнаи Мавлоно чанд қисм аст: иҷтимоӣ, тадбири манзил ва тасаввуф, ки дар тамоми он фалсафаи сулҳи ӯ шарҳу тафсир ёфтааст. ӯ масъалаҳои ахлоқи тасаввуфро бо мисолу танз баррасӣ намуда, ба тарбият аҳамияти зиёд дода, дар айни ҳол, ҳудуду шохисҳои ахлоқии тасаввуфро муайян ва муқаррар месозад. Аз ҷумлаи мафҳумҳое, ки аз тариқи он Мавлоно тарзи бенизоъ зистанро шарҳ медиҳад, мафҳуми адолат мебошад. Адолатро Мавлоно ҳамчун категорияи арзишҳои ахлоқии шахс маънидод карда, мепиндорад, ки он ихтиёран амали некро нисбат ба бад интихоб кардани инсонро ифода менамояд. Он дар ду шакл — мутлақ, илоҳӣ ва нисбӣ — инсонӣ вуҷуд дорад. Ба андешаи Мавлоно, ҳама амалҳои олам одилонаанд — хоҳ некӣ бошаду хоҳ бадӣ. Подоши некӣ омадани бадӣ низ одилона аст, зеро он вазифаи ҳамчун подоши амалро иҷро менамояд. Мавлоно, инчунин, мафҳуми адолати заминиро таҳлилу баррасӣ менамояд ва онро бо мазмуни иҷтимоӣ бою ғанӣ мегардонад. Ӯ мепиндорад, ки ҳар як инсон бояд дар рафтору аъмоли худ одил бошад ва ба атрофиён бадиро муносиб нашуморад. Хусусан ин сифатро Мавлоно ба шоҳону ҳокимон муҳим ва мубрам мешуморад, зеро эшон бояд дар созгорӣ бо қонунҳои заминиву илоҳӣ ҳукм ронанд ва ба зулму истибдоди раийят роҳ надиҳанд, яъне «Адолат хосу кори шоҳон аст», — менигорад Мавлоно.

Саҳми Ҷалолиддини Балхӣ дар таҳқиқу омӯзиши дарки мазмуну мундариҷаи ҳастии инсон ҳамчун ҷузъе аз ҳастӣ, таҳлили сабабу мақсади ҳаёти заминии инсон ва рисолати он хеле бузург аст. Мавлоно сароғози андешаро оид ба ҳастии инсон ба мақоми аъло бароварда, инсонро аз ҳастии умум ҷудо месозад ва мегӯяд: рӯзу шаб фик­ри ман ин аст, ки ҳастии инсон чист, ӯ аз куҷо омадааст, ватанаш кадом аст ва чӣ рисолатеро бояд дар рӯи замин анҷом диҳад. Зиёда аз ин, бо иқдоми Мавлоно ин масъала ба мавзӯи фалсафӣ мубаддал гардида, ковишҳои файласуфони баъдӣ дар атрофи он қувват пайдо кард.

Инсони комилро Мавлоно мақоми таҷаллии Худо, ҳамчун махлуқи поктарини олам, аммо на ғояи мутлақ мепиндорад. Назарияи «инсони комил» дар ахлоқи асрҳои миёна эътиқод ба инсон ва қудрати интихоби неку бадро дар ӯ мустаҳкам карда, инсонро бовар мекунонад, ки бо такмили рӯҳ ӯ метавонад ба зинаҳои олии судури ахлоқӣ ноил шавад. Солик (пайрав)-и роҳи Ҳақ аз хоҳишу шаҳватҳои заминӣ рӯҳашро поку беолоиш намуда, сифатҳои илоҳиро дар худ мепарварад ва ба мартабаи «инсони комил» сазовор мегардад. Дар роҳи такмил ӯ чандин мақомро тай карда, аз хислатҳои хабиса озод ва бо роҳи тамринҳои равониву ахлоқӣ пок мегардад. Инсони комилро Мавлоно дар симои расулону қутбон, авлиёву анбиё таҷассум кардааст.

Таҳлилу баррасии мафҳумҳои озодӣ, ирода ва озодии ирода дар андешаҳои ахлоқии Мавлоно касро ба хулоса меорад, ки ӯ ин мафҳумҳоро ҳамчун имконияти дар созгорӣ бо иродаву ақл амал намудан дарк менамояд. Ба андешаи ӯ, ин амал танҳо хоси инсон ҳамчун махлуқи олӣ дар байни офаридаҳои Худо мебошад. Ҳамин тавр, инсон бо ақли худ ягон навъу рафтор, амалро интихоб намуда, онро бо тасаввуроташ нисбат ба хайру шарр, амалу ҷазо, қазову қадар тақозо менамояд. Мавлоно андеша дорад, ки ирода ба таври объективӣ дар интихоби амал иштирок менамояд. Ӯ, ҳамчунин, мафҳуми озодии мутлақро низ мулоҳизаронӣ менамояд, ки онро танҳо дар ҳоли озод шудани рӯҳ аз қолаби бадан имконпазир мешуморад.

Таҳаммулпазирии Мавлоно аз андешаҳои ӯ нисбат ба озодии виҷдон маншаъ мегирад, ки баробарии инсонҳоро дар олам эълом доштааст. Таҳаммулпазирии Мавлоно дар заминаи мафҳуми универсалии инсон зуҳур намудааст, ки онро ӯ ҳамчун ҷомеаи афроди ҳамаҷониба баробар, аммо бинобар сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ парешоншуда шарҳу маънидод менамояд. Ҳамчунин, Мавлоно таъкид менамояд, ки инсоният ягонаву воҳид мебошад. Таълимоти  ӯ андешаҳои баъдии ахлоқиро бо мазмуни инсонгароӣ ғанӣ намуда, бунёди таълимот оид ба таҳаммулпазир будан, тафаккури ҳамзистии осоиштаи инсонҳо дар кураи Заминро гузоштааст. Мавлоно боварӣ дорад, ки бани одам, новобаста ба миллату нажод, забону эътиқод Худои ягонаро меҷӯянд, ба сӯи ӯ мераванд, танҳо ӯро гуногун ном мебаранд. Ба андешаи Мавлоно, мазмуну муҳтавои ҷустуҷӯҳои инсоният Худои ягона аст

Яке аз муҳимтарин категорияи ахлоқи Мавлоно ишқ аст, ки онро ӯ воситаи идроки ҳақ меномад. Ӯ мепиндорад, ки олам пур аз ишқ аст ва ин  ишқ офаридаи Худованд аст. Ишқ дар андешаҳои Мавлоно қудрати бузурги таҷдиду эҳёро дошта,  он  мисли олам гуногунранг буда, ҳама шодиву сурур ва ғаму андуҳро таҷассум намудааст. Он, ҳамчунин, воситаи обутоби хислату равон буда, пайвандгари рӯҳ бо рӯҳи ягона мебошад.

Дар андешаҳои ахлоқии Мавлоно бунёди таълимоти «маранҷу маранҷон» гузошта шудааст, ки ҳоло ба таълимоти инсонгароёнаи умумиҷаҳонӣ роҳ ёфтааст. Асоси онро андешае ташкил кардааст, ки бадиро бо бадӣ маҳв кардан имкон надорад. Ин мавзӯъ дар таълимоти нақшбандия, ки андешаҳои ахлоқии он бо шиорҳои «дил ба ёр, даст ба кор», «дил ба ҳақ, тан ба халқ», «дар зоҳир бо кор, дар ботин бо ёр» таҷассум ёфтаанд, аҳамияти иҷтимоӣ пайдо карда, асоси таълимоти иҷтимоии онро ташаккул медиҳад.

Ақидаҳои иҷтимоии Мавлоно масоили диниро бо дунявӣ алоқаманд дониста, ин ду ҷанбаи ҳаёти ҷомеаро бо ҳам мепайвандад. Ӯ мепиндорад, ки ҷамъият бо мақсади муттаҳид сохтану дастгирӣ намудани одамон пайдо шуда, бояд аз тарафи як сарвар идора карда шавад. Усули идораи ҷамъият бояд адл бошад, ки барои ӯ муродифи ҳақиқат аст. Ӯ мефармояд, ки рисолати шахсони бофарҳанги ҷомеа роҳ надодан ба тафриқа  аст. Ҷамъият ба шоҳи одил ва шоҳ ба вазири кордон ниёз дорад.

Мавлоно нисбат ба ҳаёти инсон дар ҷомеа мефармояд, ки ӯ бояд аз мардум дурӣ наҷӯяд ва агар шахси олиму варзида бошад, аз маслиҳату ҳамкорӣ бо ҳокимон, мавқеи фаъол дар ҷомеа канор нагирад. Зиёда аз ин, Мавлоно инсонро сокини корвонсарои умумӣ ва маскани ӯро Замин меномад ва ба ин тариқ мафҳуми оламшумули андешҳояшро қувват мебахшад.

Муҳаббати инсонӣ, ӯро комилтарину олитарини офаридаҳо эълом доштан, асоси андешаҳои инсонгароёнаи Мавлоно гардидааст. Таълимоти ахлоқии ӯ  иборат аз арҷгузории инсон ва қудрату тавоноии он, нақшу мақом ва мартабаи олии он нисбат ба офариниши олам буда, таблиғгари ғояҳои ҳифзу нигаҳдории инсон аз бадӣ мебошад. Инсонгароии Мавлоно буд, ки ба ӯ мақоми шахсияти машҳуртарини муосирро бахшид, сабаби муҳаббати бепоёни инсоният нисбат ба мероси нубуғӣ ва намирандаи ӯ гардид. Таълимоти ахлоқии инсонгароёнаи Мавлоно одобро бо ғояҳои прогрессивӣ ғанӣ гардонидааст, ки бешубҳа саҳми сазоворе дар рушду нумӯи орои ахлоқии мардумони Шарқ мебошад. Маҳз, ҳамин ҷанбаҳои таълимоти ахлоқии Ҷалолиддини Балхӣ — фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, бузургтарин намояндаи тасаввуфи асри ХIII, дар масири асрҳо то ҳол диққати олимону дӯстдорони ҳикмат­ро нисбат ба мероси адабии ӯ ба худ ҷалб менамояд.

Муҳиба МАҲМАДҶОНОВА,

доктори илми фалсафа