27 сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бахшида ба дӯстии халқҳои Чин ва Осиёи Марказӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Номбурда, аз ҷумла иброз дошт, ки таҳкими дӯстии анъанавӣ ва дастгирии ҳамдигар, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати тавсеаи тиҷорат ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои иқтисодии мутақобилан судманди минтақавӣ, хоса дар заминаи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аз вазифаҳои асосӣ мебошанд.
- Мо бар ин назарем, ки ҳамкории ҷонибҳоро дар самти тағйири иқлим фаъол созем ва таъсири манфии пайомадҳои онро ба иқтисоди кишварҳои минтақа рафъ намоям, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Зикр шуд, ки дар оғози соли равон Тоҷикистон ва Чин 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро таҷлил карданд, ки дар ташаккул ва рушди он хизмати сарони ҳар ду давлат бузург аст.
Ёдовар мешавем, ки форуми зикршуда дар пасманзари 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин доир гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон