Таъиноти кадрӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

№66 (3212) 21.06.2014

Нуздаҳуми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ба далерию матонат дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки масъулияти марзбонони тоҷик пас аз берун рафтани неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки то охири соли 2014 сурат мегирад, дучанд мегардад, зеро таҳдиди хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонад бештар гардад.

Ҳамин тариқ, Ҳабибулло Сафаров муовини якуми сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Маҳмадалиев муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка – сардори Раёсати разведка, Муҳамад Ҷафаров муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ – сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин ба вазифаҳои сардори Маркази таълимии Пойтахт ва сардорони отрядҳои сарҳадии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент, Лангар ва отряди таъиноти махсус кадрҳои дигар таъин карда шуданд.

www.president.tj