Ҳамроҳи доктори илмҳои фалсафа, Давлатхоҷа Назиров ба аёдати ходими давлатию ҷамъиятӣ, дипломат, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон (солҳои 1994-2001), Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Мирзоев рафтем.
Бо ин марди бузургу фидоӣ боре ҳам аз наздик дидор надоштам. Соли 2001 дар китобе, ки бо номи «Ховалинг» (бо ҳаммуаллиф) ба муносибати 70 — солагии ноҳияи Ховалинг омода кардем, дар он зери сарлавҳаи «Акбар Мирзоев — собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақолае ҷой дода шуд. Агарчӣ дар ҳуҷҷатҳо ҷои таваллудаш шаҳри Норак навишта шуда буд, медонистам, ки номбурда кай ва дар куҷо ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, дар он мақола ҷои таваллуди ин марди шарифро деҳаи Хоҷахалили ноҳияи Ховалинг навиштам.
Хонаи ӯ дар канори чойхонаи «Роҳат» — и шаҳри Душанбе воқеъ аст. Моро табассум дар лаб пешвоз гирифт. Баъди аҳволпурсӣ аз гузаштаҳо суҳбат кардем. Акбар Мирзоев пора-пора хотироти кӯдакиашро ба ёд овард.
- Падарам Мирзо Насруллоев, зода ва сокини деҳаи Хоҷахалили ноҳияи Ховалинг, иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, — ҳикоят кард ӯ. — Ӯро баъд аз ҷанг ду соли дигар дар баталони коргарӣ ба кор сафарбар намуда, соли 1947 аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб доданд ва ба хона маъюбу беҳолу бемадор баргашт. Мо — кӯдакони даврони ҷанг бисёр хориву зорӣ, азобу уқубат ва хунукиву гуруснагиро аз сар гузаронидаем.
Дар ёдам ҳаст, ки рӯзе раиси ҳамонвақтаи колхоз ба деҳа омада, доду фиғон бардошта, мардумро бо суханони қабеҳ ба корҳои саҳроӣ равон мекард. Бо ҳамон шӯру мағал ва суханони дурушт ба хонаи мо низ омад ва супориш дод, ки падарам зуд ба саҳро барояд. Ҳарчанд падарам мефаҳмонд, ки маъюб асту беҳол, раис эътино накарда, дӯғу пӯписа ва суханони қабеҳашро ҳамоно идома медод. Муносибати бад аз ҳад гузашт ва падарам ба ҷабру гуфтаҳои дағалонаи раис тоқат накарда, маҷбур шуд, ки ӯро «изову алам» — и зарурӣ диҳад. Бинобар ин, белро, ки дар як гӯшаи ҳавлӣ меистод, гирифта, ба пушти раиси золим сахт зад ва ӯ аз болои зини асп ба замин афтиду аспаш гурехта рафт. Ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки падарам ба шаҳри Кӯлоб пиёда рафта, барои аҳли оила сарпаноҳ ёбад. Дар маҳаллаи Куҳнашаҳр, ки Лаби ҷар низ мегуфтанд, кулбае дар ҳамсоягии яке аз занҳои маъруфу машҳури замон Гавҳарбӣ Шарифова гирифт ва дар он ҷо муддате зиндагӣ кардем. Сипас, аз рӯи зарурат ва бемории падарам чанд моҳ пас зиндагиро дар ин шаҳр тарк карда, ба деҳаи Хоҷахалили Ховалинг баргаштем.
Дар Хоҷахалил ҳоламон зор буд. Падари паҳлавони маҷруҳамро доғҳои ҷанг, ҷойҳои тиру пораҳои оҳан озор медод, мудом дар бистари беморӣ буд. Ёд дорам, зимистони соли 1948 барфи бениҳоят баланд борид. Дар болои бинои «харпуштак»-амон ба назарам як метр зиёд барф буд. Бинобар ин, падарам ба акаам Сайидакрам фармуд, ки барфи болои бомро рӯбад, то ки боми хона ба сарамон наафтад, аммо бародари якрави ман супориши ӯро иҷро накард.
Мани хурдсол маҷбур шудам, ки бо мадади модарам ба пойҳоям латта печонида, барфи болои бомро бо бел тоза кунам. ҷӯраҳоям ба мададам омаданд, якҷоя супориши падарамро иҷро кардем.
Падарам ҳамон сол, яъне соли 1948, аз зарби дарди ҷонкоҳи тиру оҳани аз ҷанг «мерос»-гирифтааш аз дунё даргузашт ва дар гӯристони деҳаамон ба хок супорида шуд. Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки аз падари паҳлавону ҷасурам ҳатто расме ба ёдгор намондааст, вале шодам, ки аз модарам расме дар бойгониам дорам.
Акбар Мирзоев бо ҳарорат нақл мекарду ман хиҷолат мекашидам, зеро як умр дар ҷустуҷӯи иштирокчиёну шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ будаму ҳоло мефаҳмам, ки ҳанӯз ҳам ҳифзу ҳимоятгарони Ватан дар вартаи фаромӯшиву гумномианд. Тобистони соли 1988 дар доираи садсолагии Шӯриши Восеъ бо ҳамроҳии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, пайкорнавис Раҳмон Сафаров, суратгири собиқи фотохроникаи «ТАСС» Сергей Жуков дар маҷмӯъ даҳ нафар шахсони касбу корашон гуногун, дар бисёр шаҳру деҳот, вилоятҳо ва ҷумҳуриҳои фарогири Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бахусус Федератсияи Россия, Украина ва ҷумҳуриҳои назди Балтика оромгоҳҳои шаҳидонро гаштаву зиёрат намуда, ҷустуҷӯро аз 26 июн то 26 июл идома дода, китоберо бо номи «Пайванди дилҳо» (2008) ба табъ расонидам. Инчунин, китобҳои «Шарафманд» (2015), «Каримқаҳрамон» (2015), «Каримқаҳрамон-Сайидаҳмад Каримов» (китобномаи шарҳиҳолӣ, 2018) ва соли 2021 китоби «Садоқатмандон»-ро бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иборат аз 400 саҳифа бо расмҳо тавассути нашрияи «Балоғат» (дар бораи иштирокчиёну шаҳидони ҶБВ) аз чоп бароварда, дастраси хонандагон гардонидаам, вале дар ягон китобам дар бораи ному насаб ва роҳи ҷангии Мирзо Насруллоев маълумот надодаам.
Бар асари муҳоҷиркуниҳои пай дар пай ва соли 1958 барҳамхӯрии ноҳияи Ховалинг чун Мирзо Насруллоеви падари Акбар Мирзоев чандин иштирокчиёну шаҳидони ҶБВ берун аз қайду дар вартаи фаромӯшӣ қарор гирифтаанд. Мутаассифона, Акбар Мирзоев низ дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, дар бораи роҳи тайкардаи ҷангӣ ва зиндагии ӯ маълумоти кофӣ надорад…
Суҳбат ҳамоно идома дошт. Кунҷковона аз ҷои таваллудаш пурсон шудам.
- Вақте ки падарам аз дунё гузашт, ман дар синфи якум дар мактаби деҳаи Хоҷахалил мехондам. Мутасаддиҳои ҳукумати вақт бо супориши роҳбарони болоӣ ба хонаи мо — оилаи иштирокчии ҷанг омада, модару додарамро дар хона монданду барои сабукшавии оила ману акаам Сайидакрамро ба хонаи кӯдакони ноҳияи Ховалинг бурданд. Хонаи кӯдакону мактаб дар як ҷо буд. Дар ҳамон солҳо Ҳасанов ном одам мудири хонаи кӯдакон ва Исмоил Қосимов директори мактаби Ховалинг шуда кор мекарданд. Мо дар хонаи кӯдакони Ховалинг якчанд сол таълиму тарбия гирифтем. Баъди ҷанг барои барқароркуниҳо коргар лозим буд, бачаҳои калонсолу дидадароро барои таҳсилу касбомӯзӣ ба омӯзишгоҳҳои коргарӣ фиристоданд ва тарбиягирандаҳо дар хонаи кӯдакон кам монданд. Бинобар ин, хонаи кӯдакони Ховалингро барҳам дода, як қисми кӯдаконро ба Хонаи кӯдакони Балҷувон ва қисми дигарро ба хонаи кӯдакони Тебалайи шаҳри Кӯлоб бурданд. Ману акаам Сайидакрам дар Тебалай мондем. Ин хонаи кӯдакон низ барҳам хӯрду моро ба хонаи кӯдакони шаҳри Норак фиристоданд.
Дар Хонаи кӯдакони Норак барои мо ҳуҷҷати расмӣ тайёр карданд. Ман Сайидакбар ном доштаму акаам Сайидакрам. Номи маро Акбар ва номи акаамро Акрам монда, дар ҳуҷҷатҳои ман Мирзоев Акбар ва дар ҳуҷҷатҳои акаам Мирзоев Акрам сабт намуданд. Соли таваллуди ман аслан 1941 буд, аммо соли таваллуди ману акаамро дар ҳуҷҷатҳо 1939 ва ҷои таваллудамонро шаҳри Норак сабт намуданд, ки ин беэътиноӣ буд. Дар асл ҷои таваллуди мо деҳаи Хоҷахалили ноҳияи Ховалинг аст. Мо то синфи 7-ум дар шаҳри Норак таҳсил кардем. Дар ҳақиқат роҳи тақдири бисёр кӯдакони замони ҷанги хонумонсӯз ҳамин тавр ҷараён гирифтааст, — мегӯяд А. Мирзоев.
Тайи ин солҳо Акбар Мирзоев илм омӯхт, меҳнат кард, маълумоти олӣ гирифта, то ба мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Ба халқу миллат ва давлати тоҷикон хизматҳои арзишманд намуд.
Ӯ дар тӯли фаъолияташ дар сохтори Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об ҳама зинаи кориро гузашта, аз вазифаи усто то муовини якуми сардори «Главтаджикводстрой»-и Вазорати хоҷагии оби ИҶШС фаъолият дошт.
Акбар Мирзоев барои хизматҳои намоён дар рушди соҳаи мелиоратсия, сохтмони иншооти таъиноти истеҳсолӣ-шаҳрвандӣ, меҳнати босуботи бисёрсола ва арзишманд дар корҳои хоҷагидорӣ, давлатӣ ва дипломатӣ ду маротиба бо Ифтихорномаи Раёсати (Президиуми) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Байрақи сурхи меҳнат», медали ҷашнии «Меҳнати шоён» бахшида ба ҷашни 100 — солагии В. И. Ленин, медали Жуков, Ордени Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бисёр мукофотҳои дигар қадрдонӣ шудааст.
Умуман, ҳаёту фаъолияти ин марди бузург пурпечутоб, ибратбахш ва рангин аст.
Амир Сайиди Мункӣ,
журналист,
адиб,
барандаи Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав