Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 27 сентябри соли 2022 бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Душанбе — шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор» баргузор гардид. Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва доираи васеи хабарнигорон ширкат варзиданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳусни оғоз бахшида, бо ифтихор иброз намуд, ки Тоҷикистон кишвари амну осоишта ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳат буда, бо манзараҳои беназиру дилфиребаш дар ҷаҳон машҳур аст. Ин соҳаи калидӣ ҳамчун муаррифгари фарҳангҳо дар байни кишварҳои дунё мавқеъ пайдо кардааст. Шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ҳамчун маркази тамаддуни илму фарҳанг ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ва хизматрасонӣ ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар шомил ва барои саёҳат амну бехатар дониста шудааст.
Ҳамчунин, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар бораи симои сайёҳӣ касб намудани шаҳри Душанбе суханронӣ карданд. Онҳо саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро барои ба шаҳри сайёҳӣ табдил додани пойтахти Ватанамон баланд арзёбӣ карданд.
- Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаҳои гуногуни сайёҳӣ дар пойтахт ва ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад, — иброз дошт Ҷамшед Табарзода.
Дар қисмати дуюми кори конференсия Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Душанбе — шаҳри бо рушди устувор ва имконоти бузурги сайёҳӣ», Аҳмадҷон Шерализода муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди уствори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе», Зафаршо Иброҳимзода директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Осорхонаи миллӣ ҳамчун объекти сайёҳӣ», Махфират Хидирзода доктори илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Омилҳои таъсиррасон ба рушди сайёҳии устувор дар шаҳри Душанбе», Маликшо Неъматзода раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди сайёҳии дохилӣ – омили рушди инфрасохтори соҳа» дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ ҳамчун василаи муҳими ҷалби сармоягузорӣ, соҳаи ба шуғл фарогирандаи аҳолӣ ва муаррифгари таърих ва мероси бойи фарҳангӣ баромад карданд.
Дар доираи ҳамоиш маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе», ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон гардидааст, баргузор шуд.
Ёдовар мешавам, ки аз 27 сентябри соли 1979 дар дунё «Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз он, инъикоси бахши сайёҳӣ ҳамчун робитаи дӯстиву ҳамкорӣ миёни мардумони олам аст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»