Масъалаҳои забони давлатӣ дар паёмҳои Президенти мамлакат

№121 (4541) 30.09.2022

РудакиЗабони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Мутобиқи қисми якуми моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф гардидааст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад ва онро эҳтиром намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо ва суҳбату суханрониҳо, бахусус зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва баҳри ҳифзу гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани он дастур дода, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Чунончи, Президенти мамлакат дар Паёми нахустинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2000 перомуни таърихи густариши забони тоҷикӣ чунин ибрози ақида намуданд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имрӯз симои миллии худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст, забони миллии худро ҳифз кардаву густариш додааст ва дар байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст».

Аҳамияти забони давлатӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар ҷумҳурӣ бузург мебошад. Бинобар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16-уми апрели соли 2005 оид ба масъалаи таҳияву пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ ва истифодаи дурусту якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ чунин таъкид мегардад: «Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ, сифати қонунҳоро муайян мекунанд».

Мусаллам аст, ки баланд бардош­тани сифати қонун ба забони он низ вобастагӣ дорад, чунки бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо ифода кардани забони қонун ва бо истифода аз вожаву ибораҳои оммафаҳм тартиб додани истилоҳоти он шарҳу тафсири ҳаргунаи меъёрҳоро истисно карда, дар амал татбиқ намудани қонунро осон мегардонад.

Мавриди ёдоварист, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба забони давлатӣ қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ махсус қайд шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст, ки матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009) қабул гардида, он аз 7 боб ва 28 модда иборат аст. Дар қонун вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Қонуни номбурда мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқиро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадор менамояд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам созанд. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда, ҳангоми истифодаи он риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмист.

Пас аз қабул гардидани қонуни зикршуда барои татбиқи самараноки он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009 таҳти №604 дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд. Инчунин, дар доираи ваколаташ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб мекунад.

Гузашта аз ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (таҳрири соли 1995) 21-уми июли соли 2010 таҳти №615 иловаи дахлдор ворид гардид, ки тибқи он 5-уми октябр ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардида, ҳар сол таҷлил карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ бузург аст, зеро аз ҷониби ин фарзанди фарзонаи миллат ва маорифпарвар асари мондагору арзишманд «Забони миллат — ҳастии миллат» таълиф гардид, ки дар он оид ба марҳилаҳои таърихи густариши забони тоҷикӣ тадқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода шудааст. Муаллиф дар ин асар ба забони шевои шоиронаи тоҷикӣ баҳои баланд дода, дар сарсухани он бо ифтихору сарафрозӣ чунин менависад: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 низ ба масъалаи забони давлатӣ эътибори махсус дода мешавад. Зимни ироаи Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварданд: «…мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем».

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январ ва 21-уми декабри соли 2021 оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, диққати махсус дода мешавад ва таъкид мегардад, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ набояд унсурҳои нолозими бегонаро ба забони давлатӣ ворид созанд ва ҳифзу ҳимояи он бояд дар дараҷаи аввал қарор дошта бошад. Чунончи, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 Роҳбари давлат роҷеъ ба масоили забони давлатӣ, рушду пешрафти он инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сухан карда, минҷумла, зикр намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем, чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳои мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.

Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».

Дар шароити кунунӣ омӯзиш ва аз бар кардани забонҳои хориҷӣ, бавижа забонҳои русӣ ва англисӣ зарур буда, ба боло рафтани донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии шахс мусоидат менамояд, аммо чунин ҳолати кор набояд ба забони давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳар шахс бояд, қабл аз ҳама, забони давлатиашро бо ҳама ҷузъиёташ донад ва ҳифз намояд.

Ҳоло тоҷикон берун аз кишвар дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон кору зиндагӣ дошта, хушбахтона, урфу одат ва фарҳанги миллиро дар маҷмӯъ, ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Табиист, ки дар муҳите, ки ба забони модарӣ кам муколамаву муошират карда шавад, албатта ба соҳиби он забон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, сафирон ва дигар ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин ё он кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки бо тоҷикони сокини муқими он кишварҳо ҳамкориро бештар роҳандозӣ намуда, дар байни онҳо ҳисси милливу ватандӯстӣ ва арҷгузориву дӯст доштани муқаддасоти миллӣ, алалхусус, забони тоҷикиро тарғибу ташвиқ намоянд.

Ҳамчунин, хуб мешуд, ки мақомоти дахлдор ва масъулин асарҳои илмиву бадеӣ, инчунин, китобҳои махсус барои кӯдаконро бо забони ширину шевои тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир созанд, то ки тоҷикони бурунмарзӣ ва фарзандони онҳо дар ҳар кишвари дунё озодона аз онҳо истифода бурда, ба ин васила забони модариро ҳимоя намуда, аз забонгумкардагӣ эмин бошанд.

Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ дошта, моро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзу арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва рушди он ҳидоят менамоянд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон