3 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода» оғоз гардид. Президенти мамлакат онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд ёфта, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 48 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд, ки аз ин 25 нафарашон омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.
Дар ошёнаи якуми бинои мактаб синфхонаи компютерӣ, маҳфили эҷодӣ ва ду синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, шаш синфхонаи дигар дар ошёнаи дуюм мавҷуд аст. Китобхона ва синфхонаи шоҳмот дар ошёнаи сеюм ҷойгир мебошанд.
Аз рӯи лоиҳа дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар, толори варзиш, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон сохта шуда, барои алоқамандони варзиш тенниси рӯйи миз гузошта шудааст.
Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ҳудуди мактаб майдончаи бозии футбол бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон