Ба хоҳиши хабарнигорамон роҷеъ ба аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шахсиятҳои гуногун ибрози назар карданд.
Маҳмадшариф НОЗИМОВ - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Ваҳдат ин ягонагӣ ва муттаҳидии миллат аст. Ин гуфтаҳо дар мисоли миллати тоҷик исботи худро меёбад. Замоне, ки Ваҳдат мегӯянд, ҳамоно гирудорҳо ва задухӯрдҳои солҳои 90 — уми асри гузашта пеши назар меояд. Чаро? Зеро он замон ба даст овардани Ваҳдати миллӣ орзуи ҳар фарди ватандӯст маҳсуб ёфта, ба даст овардани ин муқаддасот мушкил буд. Кишвар дар як ҳолати вазнини сиёсӣ қарор дошт. Аз ҳар ҷониб душманон манфиатҳои худро дар ин майдони пурталотуми сиёсӣ пиёда кардан мехостанд. Хушбахтона, бахт ба рӯи мардуми тоҷик хандид ва дар мувофиқа бо мухолифин Ҳукумат тавонист амниятро таъмин кунад. Ваҳдати миллӣ замоне ба даст омад, ки мардум рӯзҳои вазнинро аз сар мегузарониданд. Аҳамияти таърихии ин ид сол то сол зиёдтар мешавад.
Самараи ваҳдат аст, ки садҳо ҷавонони кишвар дар хориҷа таҳсил доранд. Ҳамагуна пешравиҳо дар ҷомеа аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Бунёди биноҳои замонавии истиқоматӣ, шоҳроҳу нақбҳои нав, ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, иншооти наву замонавии соҳаи маориф, муассисаҳои фарҳангию варзишӣ далели ин гуфтаҳост. Аз ин лиҳоз, мардуми Тоҷикистон ҳамасола иди Рӯзи Ваҳдати миллиро бошукӯҳ таҷлил мекунанд.
Бахтиёр ҲАМДАМОВ - Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»:
-Ваҳдати миллӣ ягона омили муттаҳидкунанда мебошад, ки тамомияти арзии Тоҷикистонро таъмин мекунад. Дар зеҳни мо ибораи Ваҳдат набояд ҳамчун як ифодаи холӣ нақш бандад. Мо бояд дар андешаронӣ, тасмим ва рафтору гуфтор воҳид бошем. Агар хоҳем, ки воқеан давлати мо пешрафта, соҳибистиқлол бошаду дигарон низ онро эътироф кунанд, дастаҷамъона дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳем. Қабл аз ҳама бояд аз эгоизм, яъне худпарастӣ ва маҳалгароӣ даст кашем. Вожаи «ту аз куҷоӣ?» бояд ба истилоҳи «архаистӣ» табдил ёбад. Ба ҷойи мафҳуми «ман» бояд ибораи «мо» мавриди истифода қарор гирад. Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки Ваҳдати миллии мо ба ивази хуни ҳазорҳо ҷавонмардон ба даст омадааст. Аз ин лиҳоз, пос доштани он қарзи шаҳрвандии мост.
Асадулло МУЛЛОҶОНОВ - устоди факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
-Таърих саҳифаест, ки бадбахтӣ ва хушбахтии миллатро дар худ сабт мекунад. Замоне, ки сатрҳои боғараз нигоштаи ин ё он муаллифро мехонам, баръало мушоҳида мекунам, ки муаллиф саҳифаи таърихи худро «сохтан» мехоҳад ва ҳар далелу исботи бардурӯғро менависад. Хушбахтона, номи миллати тоҷик дар саҳифаи таърих буду ҳаст. Замоне буд, ки тоҷикро ҳамчун миллат эътироф намекарданд. Фарзандони худи ин миллат чашм ба рӯйи модари хеш пӯшиданд ва ба поси кадом як манфиат «тоҷик миллат нест» гуфтанд.
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири мардуми тоҷик нақши муассир дорад. Ваҳдати миллӣ сабақи бузурге барои мардуми тоҷик шуд, ки ба қадри якпорчагии кишвар бирасанд. Хусусияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки мардуми тоҷик ба хотири якпорчагии Тоҷикистон аз гуноҳи якдигар гузашта, дасти сулҳ сӯи якдигар дароз намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон воқеан ҳам сабақи ибратомӯзест, ки на ҳар кишвар ба чунин дастовард ноил мегардад.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»