байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия
1. Бо даъвати Аълоҳазрат Янг ди-Пуртуан -Шоҳи Малайзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 22 то 25 июни 2014 бо сафари давлатӣ ба Малайзия ташриф овард.
2. Дар рафти сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Парлумон дар Куала-Лумпур ботантана истиқбол намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ музокироти судманд ва густарда, ки дар муҳити гарму ҷӯшон ва самимӣ гузашт, анҷом дод. Дар музокирот як қатор масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоли тарафайн баррасӣ гардиданд.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ аҳамияти густариши умумии ҳамкориҳо миёни Малайзия ва Тоҷикистонро, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои воқеӣ ва интизории мардумони ҳар ду кишвар мебошанд, қайд намуданд. Ин амр дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҳар ду кишвар ва пешбурди сулҳу субот на танҳо дар минтақаи Осиё, балки тамоми дунё саҳми муҳим хоҳад гузошт.
4. Ҳар ду Роҳбар ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳо, ки ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ҷавобгӯ мебошад, ба мувофиқа расиданд. Ҳар ду Роҳбар ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои зичро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ давом диҳанд ва изҳори итминон карданд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда то ба шарикии зич заминаи устувор фароҳам меорад.
5. Ҳар ду Роҳбар ҷиҳати рушди шарикии иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия дар асоси манфиати баробар ва мутақобила, ки дорои иқтидори бузург аст ва дар қатори дигар самтҳо ҳамчунин пешбурди тиҷорат ва сармоягузориро дар бар мегирад, ба таъсис додани шабакаҳо миёни ниҳодҳои иқтисодӣ, аз қабили палатаҳои савдо ва корхонаҳои давлатӣ, изҳори омодагӣ карданд. Онҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар соҳаҳои иқтисод, молия ва дигар соҳаҳо бо мақсади мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои иқтисодии ҳар ду кишвар, ҳамчунин таъмини дастгирии лозима ба мувофиқа расиданд.
6. Дар мавриди татбиқи пурраи иқтидори муносибатҳои дуҷониба, ҳар ду ҷониб зарурати ба роҳ мондани тамосҳои мунтазам, машваратҳо ва ҳамоҳангсозиҳои зичро дар ҳама саҳтҳо, ҳамчунин ба таври мунтазам ба роҳ мондани табодули назар ва андешаро оид ба масъалаҳои байналмилалии мавриди эҳтимоли тарафайн дар ҳошияи ҷаласаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии муҳим эътироф намуданд.
7. Ҳар ду ҷониб аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро эътироф карда, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо соҳаҳои маориф, фарҳанг, илму технология (фановарӣ), воситаҳои ахбори омма (матбуот), туризм, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар гирад. Ҳар ду ҷониб ҳамчунин барномаҳои табодулотиро миёни мактабҳои олӣ, донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои ҷавонон ва дӯстии ҳар ду кишвар ҷиҳати пешбурди тамос миёни мардумон ва якдигарфаҳмӣ дастгирӣ намуданд.
8. Бо эътирофи он ки амният, субот, рушди устувори иқтисодӣ, ҳамчунин пешрафти босуръати иҷтимоӣ аз манфиатҳои асосии мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, Малайзия талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои мусоидат ба амният, субот ва рушди минтақа баланд арзёбӣ менамояд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тааҳҳудоти худро ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои зич барои ҳалли муассири масъалаҳои туризми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводи психотропӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, паҳн гардидани силоҳи ҳастаӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ ва дигар чолишу таҳдидҳои замони муосир тасдиқ карданд.
9. Бо таъкиди назари умумии ҳар ду кишвар дар як қатор масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳои худро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳким мебахшанд. Ҳар ду ҷониб ҳадаф ва принсипҳои Устави Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои Қонуни байналмилалии бар пояи эътимод, манфиати мутақобила, баробарӣ ва ҳамкорӣ асосёфтаро қатъиян риоя менамоянд. Тоҷикистон ва Малайзия ҳамчунин ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналмилалӣ буда, нақши калидии Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳ ва амният қайд намуда, тамаддунҳо ва моделҳои рушди гуногунро эътироф ва эҳтиром намуда, барои таъмини сулҳу суботи бар пояи амният ва шукуфоии муштарак асосёфта мусоидат менамоянд.
10. Ҳар ду Роҳбар зарурати талошҳои ҳамоҳанггардонидашударо ҷиҳати фароҳам овардани муҳити эътимод ва якдигарфаҳмӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ махсусан таъкид карданд. Ҳар ду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бояд тавассути роҳҳои дипломатӣ ва муколама ҷараён ёбад.
11. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ аз натиҷаи мулоқотҳои дуҷонибаи дар рафти сафари якуми давлатӣ дар сатҳи олӣ байни ҳар ду кишвар баргузоргардида, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароварданд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
12. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз раисии дарпешистодаи Малайзия дар АСЕАН дар соли 2015 истиқбол намуд. Малайзия умедвори фаъол намудани ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон тавассути платформаи АСЕАН дар рафти раисии Малайзия дар соли 2015 мебошад.
13. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии саховатмандона барои ӯ ва ҳайати Тоҷикистон дар рафти будубоши онҳо дар Куала-Лумпур изҳори миннатдорӣ кард.
14. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб аз Аълоҳазрат Янг ди-Пуртуан — Шоҳи Малайзия, ҳамчунин Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ даъват ба амал овард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Сарвазири Малайзия ҷаноби Наҷиб Абдурраззоқ даъватро бо миннатдорӣ қабул кард. Мушаххасоти сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
Путраҷая, 23 июни соли 2014
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сарвазири Малайзия Дато Шри Mоҳд Наҷиб Tун Абдул Разак