Номи нек – самараи кори нек

Карда умри хешро сарфи амалҳои наку

№131 (4551) 26.10.2022

.РАСУЛОВОдатан қаҳрамонҳои матолиби навиштаам, ки  дар онҳо корномаи зиндагӣ ва хислатҳои неки ашхоси алоҳида васф шудааст, нафақахӯр мебошанд. Ин омил рамзу ҳикмат дорад. Агар замони соҳибмансаб будани шахс чунин матлаб иншо шавад, бинобар сабабҳое, ки ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надоранд, моҳияту самимият ва воқеияти он зери суол меравад. Бегуфтугӯ, шахсиятҳои хирадманду соҳибмаърифат дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтироманд, зеро онҳо хушбахтиашонро дар саодати халқу миллат ва кишвар дониста, манфиати ҷомеаро аз нафъи худ боло меҳисобанд. Аз ин қабил ашхос, ки кори нек меҳвари зиндагиашон аст, баъд аз нафақахӯр шудан номи нек мемонад. Ҳамрохон Расулов аз зумраи чунин нафарон мебошад.

Бо мавсуф, замоне ки роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, шинос шудам. Аз ҳоли кормандон хабардор будан, бо шароити кори онҳо аз наздик шинос шудан, дар ҳалли мушкилот ёрии беғаразона расонидан, дар ғаму шодии онҳо шарик будан аз хислатҳои наҷиби Ҳамрохон Расулов мебошад, ки бевосита шоҳид гардидам. Ба ёд овардани яке аз онҳоро бамаврид медонам. Сафари фаврӣ ба хориҷа пеш омаду мани он замон нав ба журналистика воридгардида шиносномаи хориҷӣ надоштам. Бо усули маъмулӣ гирифтани он вақти нисбатан зиёдро тақозо мекард, ки барои муҳлати пешбинигардидаи сафар созгор набуд. Дӯсти қадршиносе маслиҳат дод, ки агар аз номи муассиси рӯзнома — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати мусоидат мактуб ирсол шавад, масъала зуд ҳал мегардад. Ба қабули Ҳамрохон Расулов рафтам, бениҳоят хуш қабул ва фавран мактуби зикршударо омода намуд. Воқеан ҳам, хеле зуд соҳиби шиносномаи хориҷӣ гардидаму сафар низ бобарор сурат гирифт. Ин некии шояд барои бисёриҳо ҷузъӣ аз ҷамъи амалҳои хайри  қаҳрамони матлаб «муште аз хирвор» аст. Ба ибораи дигар, ӯ умрро сарфи амалҳои наку кардааст.

Бо ташаббус, пешниҳод ва идеяҳои сершумори Ҳамрохон Расулов дар замони  фаъолият дар соҳаҳои гуногун корҳои арзишмандро амалӣ намудааст. Хуб дарк карда буд, ки рукнҳои муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд интихоботи озод, волоияти қонун ва парлумони касбист. Дар замони муосир бе мусоидати парламент, яъне мақоми намояндагӣ ва қонунгузор, рушд ва нумӯи кишвари соҳибистиқлол ғайриимкон аст. Номбурда дар қатори дигар масъулин кӯшиш ба харҷ дод, ки  парламентаризми тоҷик дар баробари истифодаи таҷрибаи неки кишварҳои пешрафтаи ­дунё мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, дар шароити таҳдиди буҳронҳо ва ҷаҳонишавии манфиатҳо роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкуниро тай намояд, ки  ба воситаи  он ҳас­тии миллати соҳибтамаддун ва табиати халқи соҳибдавлат ҳифз гардад. Ифтихорманд аст, ки ба шарофати таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар баробари намояндагӣ аз халқ ва ифодаи иродаи мардум, инчунин дар дифоъ аз манфиатҳои имрӯзу фардои шаҳрвандон, қабули санадҳои ҳуқуқӣ, таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократию дунявии тоҷикон саҳми бузургу тақдирсоз гузошт. Метавон гуфт, ки парлумони кишвар дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мус­тақили миллӣ табдил диҳад. Табиист, ки дар  ин дастовардҳо саҳми Ҳамрохон Расулов минҳайси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2004 — 2016) бориз аст. Дар заминаи мушоҳидаҳо гуфта метавонам, ки ӯ кори роҳбариро то сатҳе медонад ва кормандро қадр мекунад, ки ҳар нафари содиқ ва поквиҷдон аз ӯ ҳаргиз озор надидааст. Расидан ба ин мартаба барои номбурда осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллату Ватан боис шуд, ки дар ҳама самт комёб гардад.

Масири зиндагии ӯ аз октябри соли 1949, замони таваллуд шурӯъ гардида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муаллими мактаби миёнаи № 6-и шаҳри Кӯлоб, нозири шуъбаи мактубҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандони Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи  вилояти Кӯлоб, котиби Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ховалинг, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, мудири шуъбаи корҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Аз онҳоест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун ҳамсафи содиқи муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар саҳми бориз гузош­танд. Он вақт вазъият хуб набуд ва заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Дар ин роҳ нури чашм, хуни ҷигар ва неруи зиёди қалбашро фидо намуда, бо ин амали нек дар дилу дидаи мардум маъво гузошт. Ин шахс ба маънои томаш ҷасур ва сатҳи одамияташ хеле баланд аст. То кунун аҳли кормандони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 сол роҳбарии дастгоҳи ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакатро ба зимма дошт, аз некиҳояш, ободкориҳояш ва таваҷҷуҳу дастгириаш нисбат ба онҳо бо некӣ ёдоварӣ менамоянд. Ҳар кас метавонад соҳибмансаб бошад. Ҳар кас метавонад олим ё сиёсатмадор шавад. Аммо на ҳар кас метавонад накукору муътабар ва маҳбуб гардад. Шахси мавриди назари мо чунин фард аст. Барои ­фаъолияти бисёр­солаи пурмаҳсул бо ҷоизаву мукофотҳои гуногун, аз ҷумла ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гаштааст.

Нисбат ба дӯстон  бениҳоят  меҳрубон буда, хеле хоксору одӣ мебошад.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дӯстонашон аз ашхоси содиқ, поквиҷдону масъулият­шинос таркиб ёфта, он дӯстиву бародарии абадӣ аст. Далели ин гуфта дӯстии Ҳамрохон Расулов бо шодравон Саттор Умаров аст, ки назирашро кам дидаам.  Ӯ фарзанди фарзона ва содиқи миллату Ватан аст. Ба ӯ кадом вазифаеро бовар карданд, бо амри дилу тақозои виҷдон ва ҳисси масъулият ба иҷрояш мекӯшид ва онро бо сарбаландӣ иҷро менамуд. Ҳамаи ин аз ӯ камоли меҳнатдӯстӣ, дониши амиқ, маҳорати баланди касбиро тақозо мекард, ки онҳо меҳвари зиндагиаш ҳастанд. Ҳоло шарафмандона давлати пирӣ меронад. Хоҳони сарбаландии беш аз пеш, саломативу саодати  бардавом ва файзу барори зиндагиаш ҳастем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»