Ваҳдатофар

№69 (3215) 26.06.2014

Дар таърихи навини давлатдории мо сулҳи тоҷикон ҷой ва мавқеи худро дорад. Он дар сафҳаи таърих низ таври хосса сабт ва баҳогузорӣ мешавад. Хусусияти аз ҳама муҳиму асосӣ он аст, ки мо тавонистем дар як давраи хеле кӯтоҳ  сулҳро ба даст орем. Ҳарчанд он душвор ва ба андешаи баъзе тангназарон амре буд иҷроношуданӣ.

Аммо ин амри хайр амалӣ шуд. Аз шиносоӣ бо масъалаҳои мавриди баррасӣ қарордоштаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум маълум мегардад, ки хишти аввалро дар эъмори бинои сулҳу Ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуд: «Мавзӯи асосии ҳамаи масъалаҳои Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ мебошад». («Садои мардум», 26 ноябри соли 1992 №216).

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гаштан баҳри татбиқи ин маром, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ кӯшиши зиёд намуд. Ин мақсад дар сатҳи мақомоти давлатӣ амалӣ мегардид. Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳим буд, ки дар он  вазъияти мураккабу вазнин мебоист амалӣ мешуд. Нахуст дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» (24 ноябри соли 1992) қабул гардид.

Баробари мавриди амал қарор додани ин қонун масъалаи бозгашти фирориён ба Ватан дар сатҳи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дошт. Тамоми тадбирҳо андешида мешуданд, то ки мардуми берун аз марз, дар дигар давлатҳо қарордошта, ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардонда шаванд. Бо ин мақсад Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1993 «Дар бораи сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Исломии Афғонистон» қабул шуд. Тавре дар қарори мазкур омадааст, барои иштирок намудан дар музокироти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати ҳалли масъалаи ба Ватан баргардондани фирориёни Тоҷикистон, ки имрӯз дар  қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон панаҳ бурдаанд, дар ҳайати 19 нафар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ин нахустин ҳайати намояндагӣ дар сатҳи давлатӣ буд, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ дошт. Кӯшиши нахустин дар шароити хеле душвор, ки даргириҳо ҳанӯз идома доштанд, ба мақсади ба Ватан баргардондани фирориён буд. Ҳайати мазкурро лозим омад, ки  чанд маротиба бо фирориён, гурӯҳҳои мухолифин вохӯрию суҳбатҳои тӯлонӣ намояд. Кӯшишҳо беҳуда набуданд. Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон эҳсос менамуданд, ки фирориён майли бозгашт ба Ватанро доранд. Дар яке аз суҳбатҳо ба саволи намояндагони ҳукуматӣ, ки оё ба Ватан баргаштан мехоҳанд, як нафар  фирорӣ чунин посух медиҳад: «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност».

Ин ҷавобе буд, ки ҳар ду ҷониб онро мехостанд. Муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фирориён дилгармӣ ва эътимод  ба ояндаи некро мебахшид. Ин муроҷиат аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат ба мардуми худ, сарзамини аҷдодӣ дарак медод, ки ҳамагонро ба сарҷамъиву Ваҳдати миллӣ талқин мекард. Дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат чунин суханони самимӣ омадаанд: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард» («Садои мардум», 16 январи соли 1994 №6-7).

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар шароити душвор ба  минтақаҳое сафар  мекард, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Сарвари  давлат 14 майи соли 1994 бо мардуми ноҳияи Ғарм мулоқот намуд. Муҳтавои асосии ин мулоқот сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат намуд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи бузург -бунёд кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.

Ба минтақаҳои гуногун сафари корӣ анҷом медод, аз зиндагии мардум, ниёзи онҳо воқиф буд. Ин мушоҳидаҳои худро Сарвари  давлат дар Иҷлосияи XX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (7 сентябри соли 1994) иброз дошт: «Шояд ду сол ба меҳнати сахт,  ба шиками нимгурусна, бо тани нимбараҳна тан диҳем, зеро моро ба ин ҳол бегонагон не, худамон овардем.

Ман ба дили реш — реш ба либосу пойафзоли фарсудаи деҳқонони Ёвон, Исфараю Ӯротеппа менигаристам, ман  намедонистам, чӣ кор кунам, вақте ки мактаббачаҳои Шаҳритузу Қӯрғонтеппаро пойлучу нимбараҳна медидам. Онҳо ба ҷойи мактаб то ба имрӯз дар зери дарахтон хонда истодаанд» («Садои мардум», 9 сентябри соли 1994 №74).

Саъю кӯшиши роҳбарияти давлат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа нек амалӣ мешуданд. Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритуз 2 сентябри соли 1994 онҳоро истиқбол кард.

Бо неруҳои мухолиф гуфтушунидҳо идома доштанд. Осон набуд ин гуфтушунид ва суҳбату мулоқот. Аммо бо маслиҳат ва пешниҳоди Сарвари давлат он идома меёфту ҳар гуфтушунид якдигарро бо ҳам наздик мекард. Бо кӯшиши зиёд роҳ ба сӯйи сулҳу Ваҳдат кушода мешуд. Ба Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (10- 11 декабри соли 1996) қадами  қатъӣ ва устуворе дар ҷодаи ба имзо расидани  Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд. Ин вохӯриро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард, чунин ба хотир овардааст:

«Ман миёни дигар вохӯриву суҳбатҳои расмӣ ҳеҷ гоҳ гуфтушуниди Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро фаромӯш намекунам. Ин гуфтушунид 10- 11 декабри соли 1996 баргузор гашта буд. Он рӯзҳо худи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтори ҷанги шадиди дохилӣ буд. Дар Тоҷикистон низ садои тиру туфанг  гӯшҳоро мехарошид ва дилҳоро тазйиқ медод. Касе маслиҳат намедод, ки дар чунин шароити номусоид Роҳбари давлат ба ин гуфтушунид озим шавад. Кормандони амният муқобили сафари ӯ ақида изҳор карданд. Вале Президенти ташнаи сулҳ аз раъйи ҷиддии хеш барнагашта, посух дод: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ  барнамегардам!…» («Садои мардум», 5 октябри соли 2001 №79).

Воқеан ҳам роҳ душвор, пур аз хатар ва ноҳамвор буд. Аммо ирода ва мавқеи  Президент дар ин ҷода қавию устувортар буд. Сулҳу Ваҳдати миллӣ бо чунин заҳмат ва талошҳо насиби мо гаштааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»