Мо бар варақи санг навиштем зи Ваҳдат,
Мо бо қалами нанг навиштем зи Ваҳдат.
Бо хуни шаҳидону ҳам аз ашки ятимон,
Ҳамсанги сад аржанг навиштем зи Ваҳдат!
Алишери Муҳаммадӣ
Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдод ва санаҳои муҳиме дорад, ки аз онҳо дарсе барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо 27-уми июн, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. Ҳабдаҳ сол пеш, дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилӣ амалан хотима бахшид.
Аз ин баъд адоват ҷои худро ба муҳаббат дод ва рафоқат ҷойгузини хусумат гардид. Ба ҷойи бӯйи бади борут, накҳати гулу райҳон ба машом расид ва ба ҷойи садои ваҳшатноки тиру туп, овози хуши мутрибу муғаннӣ гӯшҳоро навозиш кард. Бародарони ҳамхун, ки то он рӯз дар муқобили якдигар сангар гирифта буданд, ба оғӯши ҳам омада, дар ҷабҳаи муштарак-дифоъ аз марзу бум ва иззату номусу шарафи миллат сангар гирифтанд. Муҳимтар аз ҳама ин раванд дигар ба ақиб барнагашт ва инак, сол то сол дарахти ваҳдати тоҷикон решадор ва паймони ҳамдиливу бародарӣ миёни онҳо мустаҳкамтар мегардад.
Албатта, ин ҳама дастовард, ки мо дар чанд калом хулоса кардем, ба осонӣ ҳосил нашудааст. Он натиҷаи ранҷу машаққатҳо, азхудгузаштанҳо, шабзиндадориҳо ва паймонҳост, ки месазад дар ҳамин ҷо, аз ҳамаи касоне, ки саҳме дар ин роҳ гузоштаанд сипосгузор бошем.
Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияти аҷибе доранд, ки аҳамияти воқеиашон аз сӯи оммаи мардум на дар замони вуқӯъ, балки бо гузашти солҳо дарк карда мешавад.
Ҳоло бо таҳлили вазъияти онрӯзаву имрӯзаи ҷаҳонӣ ва дар паҳлуи ҳам қарор додани воқеаҳои тағйирёбандаи ҷаҳони кунунӣ ба ин андеша фурӯ меравем, ки агар Худованд он рӯзи саидро дар китоби зиндагии миллати мо рақам намезад, имрӯз мо чӣ рӯзгоре медоштем?
Бино ба иттилои сарчашмаҳои муътамад, солҳои 1995-1996 дипломатҳои воломақом дар баъзе доираҳои хориҷӣ дар бораи «чӣ гуна ва ба кадом қисмҳо пароканда кардани Тоҷикистон» баҳс мекарданд, зеро ин масъала аз нигоҳи онҳо аллакай ҳал шуда буд.
Агарчӣ ин ҷангро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ карда буданд, аммо миллати мо андаке дер ҳам бошад, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва сарнавишти худро худ муайян мекунад.
Агар дар бораи ҳама дастовардҳои сулҳ суҳбат кунем, сухан зиёд аст. Имрӯз фақат ба як дастоварди он-суботу оромиш ишора мекунем. Паёмбари ислом (с) дар ҳадисе мефармояд: «Ду неъматест бас бузург, аммо чун маръӣ (дидашаванда) нестанд, ки инсонҳо ба қадрашон намерасанд: амният ва саломатӣ». Воқеан, амнияте, ки имрӯз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилист. Имрӯз метавонем Душанберо амнтарин пойтахти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил биномем, ки шукр дар он на аз гурӯҳҳои шабгарди ҷиноӣ хабаресту на аз «рекет»-ҳои даврони шӯравӣ асаре…
Дар асри XXI, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу борҳо шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, ҳатто Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрӯз аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ноором мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст
Ҷашни ба ҳам омаданҳо. Ҷашни бастани паймонҳову ба ҳам бовар карданҳо. Ҷашни бахшиши гуноҳҳо ва қатъи хунрезӣ. Ҷашне, ки ба душмании падару писар ва қотилии бародар бо бародар хотима дод. Ҷашни эҳёи хиради миллат. Ман ҷашни Ваҳдатро зери ҳамин мафҳумҳо мепарастам ва итминон дорам, ки қудрати ишқ ба марг, аз сулҳ ба ҷанг, аз иттиҳод ба парокандагӣ ва аз хирад бар ҷаҳл бештар аст.
Мо воқеан насли хушбахте ҳастем, ки шоҳиди чунин рӯйдоди таърихӣ будаву замонеро аз сар гузарондем. Фарзандони фарзонаи ин миллати аз азал хирадманд, дарк карданд, ки дигар хонаи хеш набояд сӯхт ва даст ба ҳам доданду паймони Ваҳдат бастанд. То ин миллат барои абад ба қадри муттаҳидӣ бирасад ва боз ҳам аз пештара бештар дарк созад, ки бақои миллат дар ин ҳарфҳову ин маъниҳо нуҳуфта аст.
Ваҳдат арзиши муқаддас будаву онро барои пойдории давлату сарҷамъии миллати тоҷик ба мо Худованд дар мавриди мувофиқе ато намуд. «Инак, Ваҳдати 17-солаи мо!» – гуфта метавонем бо ифтихор. Ваҳдате, ки дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ ба миён омада, аз ҳастии миллати бузургу тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён паём расонд.
Мутаассифона, тӯли ин муддат ҳамасола иддае аз норозиёни раванди сулҳ ҳаққи мардум будани Ваҳдати моро сарфи назар карда, иддао пеш меоранд, ки гӯё: «Ваҳдат зери хатар аст», «Созишномаи Сулҳ дуруст иҷро намешавад» ё чизи дигар. Мутаассифона, ин афрод чизи аз ҳама муҳимро нодида мегиранд, ки ҳадафи аслии сулҳ ин фақат тақсими вазифа набуд. Пешкорони сулҳи тоҷикон ҳадафҳои асоситар ва арзишмандтар доштанд.
Мебоист, сангарҳоро аз миён бардоранд, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, кинаву адоватро аз дилҳои мардум бизудоянд. Ин нуктаро ҳанӯз чанд сол қабл ҳам метавонистем бигӯем, ки эшон ба мақсад ноил гардиданд. Дар давоми ин солҳо фардҳое аз гурӯҳҳои алоҳида кӯшиши зери шубҳа қарор додани Ваҳдати моро доштанду доранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд, зеро барои ин зумра инсонҳо барҳақ Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист.
Ваҳдати миллат ба хотири он буд, ки модарон осуда фарзандонашонро бузург кунанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Ваҳдат ба хотирест, ки оянда аз хандаи беғаши тифлон оҳанги сурур эҳсос шавад. Ваҳдат ба хотири он буд, ки гурезаҳои дар дашту саҳроҳои хориҷи кишвар мотамбасару дастнигар ба хонаи худ, ба Ватан баргардонида шаванду қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад. Ваҳдат ба хотири якпорчагии марзу буми Тоҷикистон буд. Ваҳдат на танҳо ба хотири раҳоӣ аз гушнагиву қашшоқӣ, балки обод сохтани вайронаҳои ҷанг, малҳам шудан ба реши дили модарони фарзандшаҳид буду ҳаст. Ваҳдат ин на танҳо хони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат ин аст, ки мо ба фардои будани худу насли оянда эътимод дорем.
Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, пешвоёни миллати мо гузаштҳои зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба Ваҳдат мерасонад, азхудгузаштанҳо, қурбонии мансабу қудрат ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Қаҳрамонҳои Ваҳдати миллии тоҷикон ба сари баланд ин раҳро тай карданд.
Онҳое, ки ба фишору хатар нигоҳ накарда, мардумро ба Ватан баргардониданд, имрӯз ҳаққи онро доранд, ки бигӯянд: «Дигар касе ин Ваҳдати миллии моро, ки парвардаи орзуву омоли мардуми тоҷик аст, халалдор карда наметавонад». Зеро мақсад аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъмини пойдории амнияту оштӣ буд. Миллати ранҷбару азиятдидаи мо тамоми мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар намуда, тоза ба марҳилаи ободию созандагии Ватан ворид шудааст, то дар ояндаи наздик зиндагии аз ин ҳам шоистаеро бисозад.
Оре, Ваҳдати миллӣ моли халқ аст, ки бо ҷоннисорӣ ва сарвариву роҳбарии мардони хирад, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ва ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдории сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад, зеро ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки миллати моро аз шармандагии бародаркушӣ наҷот дода, ҷомеаро сӯйи ободонию пирӯзиҳо мебарад. Ваҳдатро фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавон номид. Тоҷиконе, ки дар таърихи башар ба инсондӯстиву хайрхоҳӣ шинохтаву эътироф гаштаанд, ба ҳайси як миллате ҳамчунин хоҳанд монд.
Ба қадри он бояд бирасем, онро ба ҷон нигаҳдорӣ намоем, дар ҳавои он роҳат нафас бигирем, барои истиқрори бештари он саҳм гузорем. Ин аст ойини ватандорӣ ва имондорӣ, зеро ватандӯстӣ аз гӯшаи имондорист. Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ буд, ки номи миллати моро чун як халқи соҳибхираду ваҳдатпеша дар хотири оламиён боқӣ гузошт. Ин мардумро бо ҳамин рафтори таърихӣ шинохтанд, эътироф карданд. Акнун месазад, ки ҳамин шарафро пойдор нигаҳ дошт. Онро абадан умри ҷовидон бахшид ва таърихи ҷаҳон чун миллати сулҳофару тамаддунпарвар шинохта шуд.
Фарҳанги сулҳ моли мост, онро ба ҷанги бефарҳанг ҳаргиз иваз нахоҳем кард, зеро миллати мо таърихан фарҳангпарвару хирадофар аст. Мо меросбарони он бошем, ҳаққи интихоби роҳи дигаре надорем. Баръакс номи нек ва кору пайкори ниёгони хешро идомабахш хоҳем буд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо зери тарҳи таърихии муҳандиси сулҳу оштӣ, сиёсатмадоре, ки оламиён бар хиради сулҳпарваронааш даст бардоштаанд, як роҳи интихоб дорад. Роҳи сулҳу ваҳдату ҳамбастагӣ. Роҳи оромишу оштӣ. Роҳе, ки бақои миллату меҳан пайванд ба он дорад. Ин роҳи дӯстӣ, роҳи меҳру вафо, роҳи ростиву растагорӣ аст, ки мо ба он равонаем. Давлати мо ин роҳро интихоб кардаву моро тӯли солҳост бо ҳамин сиёсат пеш мебарад. Ин роҳест, ки миллионҳо одамон дар роҳи расидан ба он ҷонбозиҳо доранд. Ин роҳи рост ва ҳақ аст.
Ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оштӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ шиор нестанд, ҳар касе онҳоро дарк мекунад, медонад, ки онҳо вожаҳои тақдирсозу бобақои миллату Ватананд.
Оре, маҳз эҳдои худовандӣ буд, андешаи дасти сулҳу оштӣ ба ҳам додани ду тоҷике, ки барои муддате дар ду сангар қарор дошт. Ба қавли шоири зинданом Лоиқ Шералӣ: «Раҳми Парвардигори мо омад».Ва дар ин роҳ фозилмардоне аз худ гузаштанҳо кардаву пеш даромаданд, хатову гуноҳи ҳам бахшиданд. Ояндаи миллату меҳанро бо чашми адолату ҳақ дида тавонистанд, ба мардуми хеш такя карданро дарк намуданд ва то имрӯз баҳри пойдории сулҳ ва истиқрори он сарсупурдагиҳо намуданд. Ҳар касе ин ҳамаро нодида мегирад, ҳаволаи виҷдону имонаш намуда, чун ниёкони бахшандаи хеш, онҳоро низ даъват ба хирадсолорӣ намуда, барои бақои ин Ваҳдат даъват ба адлу инсофашон месозем.
Инак, боз расидем ба он рӯзе, ки поягузори эҳёи миллат, бақои насли инсонӣ дар ин сарзамин ва кафолати рӯзгори осудаву хуши имрӯзи мост. Ва бо вуҷуди пур аз ифтихору сурур мегӯем: шукри он инсонҳое, ки ҷаҳлро бар хирад, фаноро ба эҳё ва маргро ба зиндагӣ таслим намуданд. Рӯҳи шаҳидони ин набарди ба ғолибияти хирад анҷомгашта шоду зиндагии ин миллати ваҳдатофар обод бод! Зеро Ваҳдат дигар барои мардуми мо шиор не , балки шуур аст.
Ҳуринисо АЛИЗОДА, муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон