Муносибатҳои парлумонии Тоҷикистону Эрон густариш меёбанд

№134 (4554) 02.11.2022

DSC_832531-уми октябри соли 2022 раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Файзулло Баротзода бо намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Насироӣ ба муносибати маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки аз 31-уми октябр  то 6-уми ноябри соли 2022 баргузор мешавад, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон аз оғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон шурӯъ гардида, борҳо дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиё­сии Тоҷикистону Эрон, машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст омадааст.

DSC_8302Файзулло Баротзода иброз намуд, ки пешрафти кунунии ҳамкориҳои кишварҳо собит намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дип­ломатияи анъанавӣ ҷиҳати таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикисто­ну Эрон ҷойгоҳ ва саҳми бориз дорад. Мо аминем, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар фаъолияти босамари худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳанд дод.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ