Дуюми ноябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа ҳашт масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар
2. Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ
3. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.
Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои боэътимод бо Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб фонди мазкур ҳавасмандиро вобаста ба маблағгузории асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар баён намуд.
Шӯрои директорони фонди мазкур ҷиҳати ҷудо намудани грант ба маблағи 250 ҳазор динори кувайтӣ (муодили 800 ҳазор доллари ИМА) розигӣ дода, 31-уми майи соли ҷорӣ Созишномаи грантӣ оид ба омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор Лангарро барои имзо пешниҳод намуда, 19-уми августи соли 2022 он аз ҷониби вазири молия ба имзо расид.
Маблағи барои омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии ин ду қитъаи роҳ пешбинишуда ба ширкати машваратчӣ пардохт мешавад ва он ҳамчун кумаки бебозгашти техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, сарбории иловагӣ ба буҷети кишвар эҷод намекунад.
16-уми августи соли 2022 таҳти №420 лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Агентии татбиқкунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок» мебошад.
Роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод (дарозиаш 48 км) аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад. Он имконияти ҳаракати таворавии воситаҳои нақлиётро низ барои ин минтақа таъмин месозад. Оғози роҳ дар километри 168- и шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма ҷойгир мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба сифатан беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои канори роҳ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Роҳи автомобилгарди Чашмасор — Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Оғози сохтмони роҳ аз километри 23-юми роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Муъминобод оғоз мегардад. Сохтмони ин қитъаи роҳ низ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта, ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имкониятҳои интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад.
Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар 19 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2022 таҳти №1401 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 10 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Аз шумо, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ» дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 таҳти № 3551(29-3.4) таҳия шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи он гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардани созишнома мебошад. Созишнома бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафҳо дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ равона гардидааст. Он дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз муқаддима ва 17 модда иборат буда, дар муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфтааст.
Дар моддаҳои 1-3 дар бораи мафҳумҳои асосие, ки дар созишнома истифода бурда мешаванд, муқаррароти умумӣ ва кирдорҳои ҷиноятие, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун ҷазои ҷиноятӣ эътироф мешаванд, пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаҳои 4-6 оид ба мақомоти салоҳиятдор, ки ҳамкориро дар доираи созишномаи мазкур амалӣ менамоянд, шаклҳои ҳамкорӣ ва масъалаи дархости кумак меъёр муқаррар гардидааст.
Дар моддаҳои 7-9 оид ба иҷрои дархостҳо дар бораи расонидани кумак, махфияти иттилооти ба дигар тараф пешниҳодгардида ва истифодаи натиҷаҳои иҷрои дархост муқаррар гардида, дар моддаҳои 10-12 тартиби интиқоли маълумот ба тарафи сеюм, масъалаҳои вобаста ба рад кардани иҷрои дархост ва хароҷоти дар ҷараёни татбиқи созишнома бамиёномада қайд шудааст.
Дар моддаҳои 13-15, муносибат бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳое, ки ҳангоми татбиқ ва тафсири созишномаи мазкур бармеоянд ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он пешбинӣ шуда, дар моддаҳои 16 ва 17 масъалаҳои вобаста ба тартиби ҳамроҳшавӣ ба созишномаи мазкур ва эътибори қонунӣ пайдо намудани он дарҷ гардидааст.
Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш карда мешавад, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ 28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он дар бораи мафҳумҳои асосие, ки дар созишнома истифода бурда мешаванд, муқаррароти умумӣ ва кирдорҳои ҷиноятие, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун ҷазои ҷиноятӣ эътироф мешаванд, меъёрҳо пешбинӣ менамояд. Инчунин дар созишномаи мазкур оид ба масъалаҳои мақомоти салоҳиятдор, шаклҳои ҳамкорӣ, масъалаи дархости кумак оид ба иҷрои дархостҳо дар бораи расонидани кумак, махфияти иттилооти ба дигар тараф пешниҳодгардида, истифодаи натиҷаҳои иҷрои дархост, тартиби интиқоли маълумот ба тарафи сеюм, масъалаҳои вобаста ба рад кардани иҷрои дархост, хароҷоти дар ҷараёни татбиқи созишнома, муносибат бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳои ҳангоми татбиқ ва тафсир бавуҷудомада, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо, масъалаҳои вобаста ба тартиби ҳамроҳшавӣ ба созишномаи мазкур ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он меъёрҳои муайян мустаҳкам шудааст.
Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2022 таҳти №1399 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ карданд.
Кумитаи масъул 26 октябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ мекунем.
Сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед КАРИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод гардидааст.
Созишномаи баррасишаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 22 сентябри соли 2022 дар ҳаҷми 80 млн. доллари амрикоӣ (баробар ба 59,3 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарздиҳӣ) ба имзо расонида шудааст.
Мақсади асосии татбиқи барнома баланд бардоштани қобилияти молиявӣ, эътимоднокии таъминоти барқ ва такмили рушди низоми идоракунӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» мебошад.
Яке аз воситаи муҳим дар самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд «Нақшаи амал вобаста ба солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар солҳои 2019- 2025» таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки дар он пешниҳоди тадбирҳои асосии сиёсӣ, молиявӣ, идоравӣ, такмили институтсионалӣ ва чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани самаранокии молиявӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи нақшаи мазкур барои солимгардонии молиявии ширкат дар панҷ соли оянда ба маблағи 1,2 млрд. доллари амрикоӣ барои пардохтҳои ҷорӣ ва қарзҳои кредитории истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ, пардохти қарзҳои тиҷоратии бонки маҳаллӣ, инфрасохтори зарурӣ барои ҳисобкунӣ, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти интиқол ва тақсимоти неруи барқ ва хизматрасониҳои машваратии ба нақшаи солимгардонии молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» алоқаманд зарур мебошад.
Мувофиқи созишнома маблағҳои грантӣ, тибқи ҷадвал, баъд аз иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва мутаносибан ноил гардидан ба натиҷаҳои муайян пардохт карда мешаванд. Натиҷаҳо аслан ба самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», қобилияти пардохтпазирии он, таъмини боэътимоди неруи барқ, такмили идоракунӣ ва шаффофият дар ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» равона гардидаанд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои нақшаи мазкур, соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ 134 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ барои татбиқи «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии корхонаи энергетикӣ» ҷалб гардид, ки то ҳол зиёда аз 50 фоизи он аз худ карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, барнома ба баланд бардоштани қобилияти молиявӣ, эътимоднокии таъминоти барқ ва такмили системаи идоракунӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» равона карда мешавад.
Татбиқи барномаи мазкур дар соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он моҳи августи соли 2032 ба нақша гирифта шудааст.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар Абдусаломзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади созишнома дар самти солимгардонии вазъи молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд мебошад.
Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шуда, он ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишнома дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мутобиқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватани азизу маҳбуб, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Қабули қонуни мазкур тақозои замон ва талаботи рӯз аст. Он ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад, инчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад.
Дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, ҳамчунин, ба тақвият ёфтани масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзӯи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли навраси солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мувофиқ ба раванди рушди низоми қонунгузории кишвар ва мутобиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, инчунин, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода дода мешавад. Марҳамат.
Гавҳар ШАРОФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мутобиқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти ба амалбароварандаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022 таҳти №1278 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
12-уми октябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кумита пешниҳодҳои ироагардида баррасӣ шуданд. Ҷиҳати такмили он 95 пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 50-то қабул ва 45 — тояш қабул нашуд. Лоиҳаи қонуни мутобиқ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.
Он ба моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, инчунин аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити мураккаби равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ, таҳдиду чолишҳои замони муосир, ки давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтаанд ва таъсири онҳо ногузир ба кишвари мо низ расида истодааст, масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, муҳиму таъхирнопазир барои ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, давлат чораҳое меандешад, ки ватандӯстӣ яке аз рукнҳои асосии мафкураи миллӣ дониста шавад. Ин масъаларо гаштаю баргашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд. Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора чунин иброз намуданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».
Ба воя расонидани фарди ватандӯст бевосита ба таълиму тарбияи он вобастагӣ дорад. Ватандӯстӣ чист? Ин ифтихор аз дастовардҳои Ватани азиз, омода будан дар ҳимояи Ватан ва бартараф кардани таҳдиду хатарҳо, эҳтиром ба таъриху мероси ниёкон ва анъанаҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
Заминаи аввалини тарбияи ватандӯстӣ, ки омили муҳимтарини таъмини пешрафти ҷумҳурӣ мебошад, омода кардани кадрҳои соҳибилму соҳибкасб аз донишҳои замона бархӯрдор ва эҷодкор ба ҳисоб меравад.
Ҳама хуб медонем, ки дар заминаи хурофот соҳибкасби хуб, ватандӯсти асил ва миллатдӯстро тарбия кардан ғайриимкон аст. Баръакси ин ҳамеша метавонад гаравидани ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки ҷуз харобшавии ҳисси ватандӯстӣ чизе ҳосил намедиҳад, ба вуҷуд орад. Аз ин хотир, Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришҳои муайяну мушаххас додаанд, то дар масоили ватандӯстию ватанпарастӣ насли наврасро тавре тарбия намоем, ки онҳо ҳамчун шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя расанд.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат дар моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки муқаррароти алоҳидаро доир ба субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, низоми тарбияи ватандӯстӣ ва идораи он, таъминоти илмӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилию методӣ ва молиявию иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ дар бар мегирад, инъикос ёфтаанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» -ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Ҳуснигул Одиназода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» саривақтӣ буда, он метавонад ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиро байни шаҳрвандон боз ҳам тақвият бахшад. Алалхусус тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқ, дастовардҳои он ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Зоир РАҲМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон мавқеъ ва нақши калидӣ доштани ҷавонону наврасонро пайваста таъкид менамоянд.
Дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳифзи сарҳадот, муқаддасоту арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон ҳамчун шаҳрвандони содиқ ба Ватан яке аз самтҳои фаъолияти муҳими Ҳукумати кишвар буда, тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ, оила ва ҷомеаи имрӯзаро масъул меҳисобанд.
Илова бар ин, 26 — уми декабри соли 2019 Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегона зиёд мушоҳида гардида истодааст, ин омилҳо метавонад ба фарҳанги миллӣ ва тафаккури шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад.
Аз ин рӯ, дар ин раванди бархӯрди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ омӯзиши фарҳангу тамаддун, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хусусан ба насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Бо ин мақсад, аз тарафи Ҳукумати мамлакат то имрӯз як қатор қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда шудааст, ки самтҳои гуногуни онро танзим менамояд.
Вале то ҳол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки самтҳои фарохи онро дар бар гирад, дар алоҳидагӣ қабул карда нашудааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки дар замони муосир бисёр зарурӣ, муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Итминони комил дорем, ки пас аз қабули қонуни мазкур дар муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ, иштирок ва фаъолнокии ин қишри ҷомеа дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат пешравиҳои куллиро ба миён меоварад.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» оғоз мекунем. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсади дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи кишвар, мукаммал кардани истилоҳу ибораҳо, истифодаи якхелаи мафҳумҳо ва бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта мебошад.
Ҳамин тариқ, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии истифодашаванда илова ва мушаххас карда шудаанд, аз ҷумла ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда тавассути арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ бо мақсади пайдо кардани қабрҳои ҳарбии бақайдгирифтанашуда, муқаррар намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.
Инчунин, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳамчун анҷомдиҳандаи кори ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ворид карда шуда, вазифаҳо ва ваколатҳои он мушаххас нишон дода шудаанд.
Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои ҳарбии кишвар баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аҳамияти калон дорад, пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон, пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ ва баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ дар санаҳои муҳим аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар таҳияи нав қабул кардани қонуни зикршуда ба сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат нисбат ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон шароити мусоид фароҳам оварда, барои ташаккули мафкураи ҷамъиятӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоӣ ва қаҳрамонии шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшуда мусоидат мекунанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад.
Толибхон АЗИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, Ғ. Азиззода, М. Шодиён, З. Файзуллозода ва З. Сафарзода пешниҳод гардидааст, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.
Ҳангоми таҳияи қонун талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд, аз ҷумла баъзе қонунҳои намунавии Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, амалияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», таҷрибаи мавҷуда ва як қатор дигар санадҳои марбута ба назар гирифта шудааст.
Дар лоиҳаи қонун асосҳои ташкиливу ҳуқуқии ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, муҳофизати сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ба ҳалокат расидаанд, муайян шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 24 модда иборат буда, дар он ҳамаи ҳолатҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва вазифаҳои мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани меъёрҳои қонун мушаххас муайян карда шудаанд.
Мақсади дигари таҳияи лоиҳаи қонун ин овардани эҳтиром ба ном ва хотираи неку абадӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ҳамчунин, тартиби расонидани ёрии ҳаматарафаи иҷтимоӣ ба оила ва фарзандони шахсони дар роҳи ҳимояи Ватан синасипаркарда ва ҷонфидою ҳалокшуда мебошад.
Лоиҳаи қонун баъди манзур гаштанаш барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммал гардонидан 31 пешниҳод манзур карданд, ки дар маҷмӯъ, ба назар гирифта шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи дастгоҳ, бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 27, 35 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бобҳои 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавобгӯ буда, ба онҳо мухолифат надорад.
Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Саидҷаъфар Усмонзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қабул кардани қонуни мазкур дар баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нақши муҳим хоҳад бозид. Бо истифода аз ҳузури муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ як пешниҳод доштам. Амалишавии қонун баъзе хароҷотро талаб мекунад. Ҳарчанд имрӯз дар баъзе соҳаҳо вобаста ба маблағ мушкилиҳо вуҷуд доранд, вале ҳифзи Ватан кори аввалиндараҷа аст. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки Вазорати молия зимни таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ талаботи Вазорати мудофиаро пурра қонеъ намояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Абдуҳалим Ғаффорзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» иқдоми нек буда, баҳри пос доштани хотираи он ҷавонмардоне, ки барои барқароркунии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи марзу буми он ҷон супурданд, саҳм мегузорад. Арҷ гузоштан ба далерию мардонагӣ, нангу номус, фидокории фарзандони баору накуном вазифаи ҳар яки мост.
Ҳоло намедонем, ки боз чандин фарзандони ҷонфидои миллат, ки аз дасти душманони дохилию хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд, ҷасадҳояшон дар куҷо дафн шудааст. Оромгоҳҳо, маҷмааҳои ёдбуд, ки ҳамчун мафҳуми асосӣ дар лоиҳа дарҷ шудаанд, бояд ҷои муқаддас бошанд ва ҳар як нафарро водор созад, ки дар ободу зебо кардани хонаи охирати фарзандони ҷонсупурдаи миллат бо қадри имкон саҳм гузорад.
Пешниҳод дорам, ки баъд аз қабули ин қонун ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати мудофиа супориш дода шавад, ки дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои типи нав, коллеҷу донишгоҳҳои олӣ ва ҳарбӣ соати дарсӣ гузоранд, то манбаи асосии пайдоиши вандализмро, ки ҷаҳонро фаро гирифтаасту ба Тоҷикистон низ сироят кардааст, гирифта шавад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» дар таҳрири нав ниҳоят саривақтӣ ва мубрам аст, хусусан дар замони муосир. Ҳодисаҳои охир нишон дод, ки Давлат, Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ ба ҳалокшудагон ва пос доштани хотираи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки қаблан қабул гардид, алоқамандии зич дорад ва барои таълиму тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ватанпарастӣ мусоидат мекунад.
Зинда нигоҳ доштани хотираи неки ҳалокшудагон барои ҳифзи Ватан бисёр муҳим аст. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Файзулло БАРОТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, қонуни мукаммал, иқдоми саривақтӣ ва дорои ҳадафҳои инсондӯстона ва ватанпарастӣ буда, аҳамияти он дар муҳайё намудани заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандони шуҷои Ватан зоҳир мегардад. Ба андешаи мо, таҳияи ин қонун аз ду ҷиҳат муҳим аст:
Якум, вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоии ҳалокшудагонро ҳангоми ҳифзи Ватан қотеона тақозо менамояд, ки он барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити кунунӣ ба таври мусбат таъсиргузор аст. Ин падида амалисозии чораҳои таблиғотиро ҷиҳати тақвияти тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи омода будан барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамаҷониба сайқал медиҳад.
Дуюм, дар қонуни мазкур сиёсати давлатӣ дар ин самт, вазифаҳои шаҳрвандон, шаклҳои асосии ҷовидонгардонӣ, таъини мақомоти дахлдор оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва нигоҳубини оромгоҳҳои ҳалокшудагон ба таври возеҳу равшан баён гардидааст. Муҳтавои санади ҳуқуқию меъёрии мазкур барои баланд бардоштани адои қарзи фарзандию шаҳрвандии сокинони кишвар ҷиҳати анҷом додани тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мусоидат менамояд. Ин қонун дар таҳкими сиёсати муваффақонаи дохилӣ ва сиёсати бисёрқутбаи хориҷии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддӣ ворид месозад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Лоиҳаи қонун мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул гардад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед Каримзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» қаблан 11 декабри соли 1999 таҳти №887 қабул гардида, айни ҳол бо мақсади тақвият бахшидани раванди идоракунии қарзи давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалии молиявӣ дар самти қарзи давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ, тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022 таҳти №23133 (23-8) бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ва маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо риояи қатъии афзалиятҳои сиёсати молиявии кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» дар таҳрири нав бо фарқияти 60 фоиз тағйироти маҷмӯи пурраи он аз қонуни қаблӣ таҳия гардидааст. Аз ҷумла, аз 39 моддаи иборатбуда дар қонуни қаблӣ 16 моддаи қонуни мавҷуда бо тағйиру иловаҳо ва 23 моддаи он дар таҳрири нави қонун ворид карда шудааст. Аз лиҳози техникии муайянкунии принсипҳои асосии идоракунии қарзи давлатӣ, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, самаранокӣ, мақсаднокӣ, пешгӯии хавфҳо (моддаи 11), ҳадафи қарзгирии давлатӣ (моддаи 12), таркиби сохтори қарзи давлатӣ (моддаи 14), қарзи дохилии давлатӣ (моддаи 15), сиёсати қатъи уҳдадориҳои қарзӣ ва соқит кардани онҳо (моддаи 16), тартиби хизматрасонии қарзи давлатӣ (моддаи 18), пайгирии стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ (моддаи 19), таҳияи ҳарсолаи барномаи қарзгирии давлатӣ (моддаи 20), ҳуқуқэҷодкунӣ ва меъёрэҷодкунӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуда, меъёрҳои нав аз ҷумла, меъёри ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ, азнавқарздиҳии ҳадди ниҳоӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бобҳои 3 ва 4 аз нав ворид карда шудааст.
Ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонун аз ҳисобот додан дар самти қарзи давлатӣ (моддаи 22), гузаронидани аудити берунии қарзи давлатӣ, таъмини иҷрои кафолати давлатӣ ва ҷуброни маблағҳои ба ин мақсад истифодашуда (моддаи 27), назорат аз рӯи масъулияти истифодаи маблағҳои қарзии кафолатдодашуда (моддаи 30) азнавқарздиҳии қарзҳо (боби 6 моддаҳои 31 то 36) иборат мебошанд.
Қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав яке аз тавсияҳои афзалиятдоштаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи тадбирҳои самараноки сиёсат (Performance and Policy Actions) барои соли молиявии 2022 (1 июли соли 2021 — 30 июни соли 2022) ба шумор меравад.
Иҷрои тадбири мазкур минбаъд бевосита ба ҷалби маблағҳои афзалиятноки лоиҳаҳои шарикони рушд ва аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) ва минбаъд ҳимояи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иборат мебошад.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Он тибқи бандҳои 13 — 15 боби 3 — Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №355 тасдиқ гардидааст, мавриди арзёбии дохилиидоравӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи фасод ошкор нагардидааст.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон 330 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз таклифҳои пешниҳодгардида 133-тоаш қабул, 75-тоаш қисман қабул ва 122-тоаш қабул нашуд. Пешниҳодҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Бо назардошти таклифу дархостҳо муқаддимаи лоиҳаи қонун, тибқи мақсаду мазмуни он мавриди таҳрир қарор дода шуда, ба моддаи 1-уми лоиҳа мафҳуми нав «манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо» ҷой дода шуд. Бандҳои 9) ва 11) моддаи 4, бандҳои 4) ва 14) моддаи 5-уми лоиҳа, матни моддаи 6 аз лиҳози услуби мантиқиву забонӣ дар таҳрири нав ифода карда шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани мухолифати дохилимеъёрӣ банди 7) моддаи 5, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 22, қисми 3 моддаи 28 ва қисми 3 моддаи 36 лоиҳа бо ҳам мутобиқ карда шуда, минбаъд ҳисоботи семоҳа ва солона дар бораи қарзи давлатӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар як вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатӣ ва дуруст муайян кардани салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ банди 12) моддаи 4 ва ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 25 хориҷ карда шуданд.
Дар иртибот бо принсипҳои низомсози соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки ба моддаи 11-уми лоиҳа 2 принсипи бунёдсоз — самаранокӣ ва мақсаднокӣ илова карда шаванд.
Инчунин, дар робита бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 23 хориҷ карда шуда, дар қисми 2 — юми ҳамин модда тартиби пешниҳоди ҳисоботи солонаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити қарзи давлатӣ муайян карда шуд.
Мувофиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истилоҳоту мафҳумҳои дар моддаҳои гуногуни лоиҳа истифодашаванда бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва пешниҳодҳои қабулгардида, ки бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа карда шуданд, матни лоиҳаи қонун аз лиҳози услуби баён ва таҳрири забониву ҳуқуқӣ такмил ва ислоҳҳо ишора карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.
Раис: - Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар мувофиқа таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонун ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон — меросхӯрони қонунии пасандоздорон, инчунин бештар намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи қисми 14 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», шахсе, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои пасандозҳо баъди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқ надорад. Меъёри мазкур барои пардохти ҷубронпулӣ ба меросхӯрони қонунии пасандоздорони фавтида мушкилӣ ба миён овардааст, ки дар натиҷа муроҷиатҳои зиёди онҳо беқаноат гузошта шудаанд.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур, ҳуқуқи шахси воқеӣ – меросхӯрро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ барои гирифтани ҷубронпулии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмин менамояд.
Таҳлили қонунгузории кишварҳои алоҳида (Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон) оид ба ин масъала нишон дод, ки меросхӯр ҳуқуқ дорад аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатномаи дахлдор оид ба ҳуқуқи мерос ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ӯ ба мерос ё ҳуқуқи ихтиёрдории маблағҳои пулии васияткунанда, аз ҳуқуқи пасандозгузори фавтида барои гирифтани ҷубронпулӣ истифода намояд.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти таҷрибаи дар кишварҳои алоҳида маъмул, ба лоиҳаи қонуни мазкур, дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» қисми 14 дар таҳрири нав баён кардашуда, қисми 15 илова карда мешавад.
Мутобиқи лоиҳаи таҳрири нави қисми 14 моддаи 22, ҳамчун истисно танҳо ба шахси воқеие, ки баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқи талаб кардани пасандози аз рӯи он ба пасандоздор ҷубронпулии пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст, аз лаҳзаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ӯ ба мерос ё истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулӣ аз рӯи чунин пасандоз муқаррар карда мешавад.
Дар қисми 15 тартиб ва қоидаҳои пардохти ҷубронпулӣ ҳангоми бо тартиби мерос ба якчанд шахс гузаштани ҳуқуқи талаб кардани пасандоз, ҳамзамон пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи чунин пасандоз ва дигар пасандозҳои меросхӯрон танзим карда шудааст.
Инчунин, бо мақсади қувваи бозгашт доштани тағйиру иловаҳои таҳияшуда ба ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, ки дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд, дар лоиҳаи қонуни мазкур меъёри махсус оиди аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шудани он пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи қонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо дарназардошти пешниҳоди шумо, вакилони муҳтарам, мукаммал гардид.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар амал истифода бурдани қисми 14 моддаи 22 қонуни мазкур ва равшану возеҳ шарҳ дода нашудани он барои пардохти ҷубронпулӣ ба меросхӯрони қонунии пасандоздорон мушкилӣ ба миён меорад.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур имкон медиҳад, ки аз ҷониби хазина ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва меросхӯрони қонунии онҳо ҳимоя гарданд.
Ҳамчунин, он барои бартараф кардани норозигӣ ва шиддати иҷтимоӣ байни аҳолӣ бо роҳи пурра ва сари вақт пардохт кардани ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо ва ба ин васила таъмин намудани сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат нигаронида шудааст.
Дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» дар таҳрири нав, қисми 15 илова гардида, ҳуқуқи меросхӯрро ба гирифтани ҷубронпулии суғуртавии ба пасандоздор пардохтнашуда пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, 21 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 12-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 8-тоаш қабул нагардид.
Пешниҳодҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Холмаҳмадзода, П. Шодизода, Р. Бобоҷониён ва П. Маликзод пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022 таҳти №1259 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмилаш 38 пешниҳод манзур доштанд, ки аз онҳо 25-то қабул, 2-то қисман қабул ва 5 пешниҳоди дигар қабул нагардид.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ҷиҳати мукаммал ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба зиёда аз ҳашт моддаи қонуни амалкунанда, аз ҷумла, моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6, 13, 14 ва 17 тағйироту илова пешниҳод карда шудааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода гардида, ҳамзамон ба қонуни амалкунанда моддаи нав, яъне моддаи 31 илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи «Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мебошад.
Дар дигар мавридҳо низ тағйироти пешбининамуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 5, 17, 33, 34 ва 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ