Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишномаҳо барои рушди кишоварзӣ шароит фароҳам меоранд

№70-71 (3216-3217) 01.07.2014

DSC_0242

Тавре  хабар дода будем, 25 июни соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»

2. Оид ба Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 

3. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба Созишномаи грантии Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»

5. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли  2014»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар бораи  дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»

15. Дар бораи Шартнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ, марҳилаи II» байни Институти қарзии таҷдиди Франкфурт дар Майн (KfW), Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» пешниҳод гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи устувори сиёсати самараноки рушди кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мазкур аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода татбиқи барномаҳои зарурии кишоварзиро амалӣ намуда истодааст, ки дар баробари  ин самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин бо истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои муосир яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015»-ро қабул намудааст.

Вилояти Хатлон дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ нақши муҳимро мебозад. Имрӯз дар вилояти Хатлон қисми зиёди деҳқонон бо сабаби паст будани ҳосилнокии заминҳо, маҳдудияти дастрасӣ ба захираҳои кишоварзӣ, аз қабили тухмии  хушсифат, технологияи муосир, инчунин мушкилиҳо дар фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ танқисӣ мекашанд.

Бо дарназардошти масоили зикргардида ҷиҳати мусоидат ба беҳтар намудани шароити хоҷагиҳои деҳқонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида, аз ҷумла дар санаи 27 январи соли 2009 Созишномаи грантиро барои татбиқи лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ба имзо расонид.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд намудани даромаднокии соҳаи кишоварзӣ, яъне афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур дар 250 деҳаи ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувон ва Данғара амалӣ мегардад, ки 18750 хонаводаро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳа аз ҳисоби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ қаблан ба маблағи 12,3 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун грант тасдиқ карда шуд ва дар таърихи 12 июли соли 2013 тағйироту иловаҳо ба лоиҳа ворид карда,  маблағи грантҳо ба 9,4 млн. доллари амрикоӣ баробар карда шуд. Ба ғайр аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ҷо саҳм мегирад, ки он дар шакли молӣ (бино, озодкунӣ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ) зоҳир мегардад. Тибқи муқаррароти Созишнома муҳлати анҷоми татбиқи лоиҳа 30 апрели соли 2015 муайян гардидааст.

Ҷиҳати  татбиқи лоиҳа Муассисаи  давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис дода шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои зерин ба анҷом мерасанд:

- ташкил намудани 82 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки  аллакай таъсис дода шудаанд;

- хариди техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла 71 адад трактори МТЗ 82.2 ва дигар олоти кишоварзӣ;

- гузаронидани хатти қувваи барқ, ки то имрӯз аз ҷониби ҷомеаҳо панҷ зерлоиҳаи хатти қувваи барқ пешниҳод гардидааст. Дар ду зерлоиҳаи он таҷдиди хатҳои қувваи барқ мадди назар аст, 3 зерлоиҳаи дигарро сохтмони пурраи хатти қувваи барқ дар деҳаҳои дурдасте, ки аз солҳои шӯравӣ барқ надоранд, дар бар мегиранд;

- сохтмон ва барқарорсозии қубурҳои оби нӯшокӣ, ки  то имрӯз аз ҷониби ҷамоатҳо 11 зерлоиҳаи хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 76 км, аз ҷумла дар ноҳияи Муъминобод 47 км ва дар ноҳияи Шӯрообод 29 км қубур, ки зиёда аз 1580 хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоянд, пешниҳод гардидааст;

- харидорӣ намудани таҷҳизоти лабораторӣ барои бордоркунии сунъии чорво;

- сохтмони кӯпрукҳои хурд ва таъмири роҳҳо, ки то имрӯз аз ҷониби ҷамоатҳо ду зерлоиҳаи сохтмони кӯпрук дар ноҳияи Шӯрообод ва се зерлоиҳаи таъмири роҳҳо бо дарозии тахминан 5-6 км пешниҳод гардидааст.

Ташкили гурӯҳҳои муайяншуда дар лоиҳаи  мазкур асосан аз табақаҳои камбизоати аҳолӣ, бекорон, занҳои камбизоат (хусусан сарварони хоҷагӣ) иборат мебошад.

Хусусияти хоси фарқкунандаи лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои дигари соҳаи кишоварзии то имрӯз татбиқшаванда дар он аст, ки татбиқи он бевосита аз ҷониби маркази идораи  лоиҳа ва гурӯҳҳои муайяншуда иборат аз ҷамоатҳои маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Татбиқи механизми ғайримарказонидашуда дар сатҳи маҳалла гурӯҳҳои иштироккунандаро имкон медиҳад, ки онҳо дар тарҳрезӣ, нақшагузорӣ, ҷараёни татбиқ ва инчунин гузаронидани мониторинги доимӣ дар раванди татбиқи лоиҳа дар асоси талабот ва эҳтиёҷоти худ ба натиҷаҳои самарабахш ноил гарданд.

Ҳангоми амалӣ гардидани мақсадҳои лоиҳа натиҷаҳои зерин низ дар назар дошта шудааст, аз қабили ҷалби шумораи зиёда аз 50 фоизи занҳо ба усулҳои идоракунии кишоварзӣ, зиёд намудани даромад аз истифодаи замин тариқи огоҳонидани аҳолӣ оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ, мукаммалгардонии инфрасохтори истеҳсолӣ, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ ва ғайра.

Ҳангоми бомуваффақият татбиқ намудан лоиҳаи мазкур аз нигоҳи натиҷагирӣ имкон медиҳад, ки на танҳо шароити хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи маҳаллӣ беҳтар гардад, балки иштироки  оммаро барои такроран истифода бурдани механизми мазкур устувор намояд.

Бинобар ин, аз шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

ҲИСОРИЕВМаҳмадамин ҲИСОРИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», ки 27 январи соли 2009 дар шаҳри Рими Италия ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2014 таҳти №2456 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҳадафи асосии Созишномаи грантӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба тараққиёти устувори захираҳои замин, рушди инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии хонаводаҳои ноҳияҳои  Муъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон ҳамчун минтақаҳои лоиҳавии гирандаи грант мебошад.

Созишномаи грантӣ аз 8 модда ва 8 фасл иборат буда, бо дарназардошти он ки гирандаи грант ба Фонд бо хоҳиши худ пешниҳод намудани грант тибқи муқаррароти фасли 2.01 бо мақсади маблағгузории лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» муроҷиат намудааст, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ розигии худашро барои дар ҳаҷми 12,3 млн. доллари ИМА ҳуқуқҳои махсуси қарздиҳӣ  пешниҳод намудааст. Арзиши умумии лоиҳа 10,2 миллион доллари ИМА, аз ҷумла гранти Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ 9,4 млн. доллари ИМА; ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намуди озодкунӣ аз андозҳо 550 ҳазор миллион доллари ИМА ва ҳиссаи бенефисиарҳо 434 ҳазор доллари ИМА буда, қисмати асосии лоиҳа ба рушди институтсионалии соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии лоиҳа равона мегардад. Маблағи ҷудошуда, пеш аз ҳама, барои ташкил намудани 82  мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, харидани техникаи кишоварзӣ, таъминот бо тракторҳо, сохтмон ва барқарорсозии қубурҳои оби нӯшокӣ, харид намудани таҷҳизоти лабораторӣ барои бордоркунии сунъии чорво, гузаронидани хатти қувваи барқ ва сохтмони кӯпрукҳои хурд равона карда шудааст. То имрӯз азхудкунии маблағҳои грант, воридот 2,8 млн. доллари ИМА-30 фоиз, хароҷот 2,39 млн. доллари ИМА, яъне 25 фоизро ташкил медиҳад. Бо мақсади сари вақт ва самаранок аз худ кардани маблағҳои грантӣ бо дархости Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби Вазорати молия ба унвони Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мактуб оид ба азнавтақсимкунии маблағҳои лоиҳа ирсол гардидааст. Гирандаи грант ҳуқуқ дорад барои гирифтани маблағ аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани Созишномаи мазкур, ки муҳлати он 6 (шаш) солро дар бар мегирад, оғоз намуда, то санаи анҷом ёфтани Созишномаи грантӣ дар бонк суратҳисоби махсуси грантӣ кушояд. Фонд дар асоси аризаи гирандаи грантӣ маблағ мегузаронад.

Агентии роҳбарикунандаи лоиҳа барои муайян кардани шахсоне, ки бо розигии гирандаи грант барои имзо намудани ҳуҷҷатҳои бонкӣ ҷиҳати гирифтани маблағ аз суратҳисоб ваколатдор карда шудаанд, масъул мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки лоиҳа ҷиҳати ба даст овардани манфиати иқтисодӣ барои аҳолии фаъол дар байни гурӯҳҳои мақсадноки зерин равона гардидааст: табақаҳои камбизоати аҳолии деҳот, шахсоне, ки замин надоранд, ё миқдори хеле ками маҳсулотро дар замини наздиҳавлигӣ истеҳсол мекунанд, деҳқонон (фермерон)-е, ки як қисми маблағ барои рӯзгузаронӣ доранд, инчунин онҳое, ки мехоҳанд ба истеҳсоли маҳсулот бо мақсади гирифтани даромад машғул шаванд, бекорони деҳот, шахсони қисман бекор. Дар ин самт гурӯҳҳо диққати асосиро бояд нисбати занҳои камбизоати деҳот ва ҷавонон равона намоянд. Ҳамчунин лоиҳа ҷиҳати мусоидат намудан барои баланд бардоштани иқтидори агентҳои давлатӣ, соҳибкорон, ташкилотҳо, пешниҳоди хизматрасонӣ, инчунин ташкилотҳое, ки бевосита ба дастгирии фаъолияти лоиҳа ҷалб гардидаанд, равона шудааст.

Тибқи Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки намояндаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-ро ба инобат гирифта, розигии худро ҷиҳати иҷро гардидани уҳдадориҳои гирандаи грант кафолат медиҳад.

Инчунин тибқи Созишнома, гирандаи грант дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андозҳо ва боҷҳо барои хариди мол, хизматрасониҳо, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, озод карда мешавад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-ро аввал дар ҷаласаи кумита 16 июни соли 2014 ва дар ҷаласаи васеъ, ки 18 июни соли ҷорӣ бо иштироки намояндаҳои ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳо онро пурра ҷонибдорӣ намуд ва қабули онро мувофиқи мақсад шуморид.

Амалӣ гаштани Созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Оид ба Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» пешниҳод гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши чорводорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар вилояти Хатлон ба рушди чорводорӣ масъалаҳои маҳсулотнокии пасти чорво, норасоии хӯроки чорво, корношоям гардидани чарогоҳҳо, маҳдуд будани хизматрасонии ветеринарӣ, нархи баланди хӯроки чорво, маҳдудияти технологияҳои нав монеъ гардидааст.

Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2011 Созишномаи грантиро бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба имзо расонид.

Барои татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар асоси Созишномаи баимзорасида аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ – 14,6 млн.доллари ИМА маблағи грантӣ ҷудо мегардад. Татбиқи лоиҳаи  мазкур аз 1 сентябри соли 2012 оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 30 сентябри соли 2017 муайян гардидааст.

Лоиҳа дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик, Фархор, Ховалинг ва Шӯрообод, ки аҳолиашон бештар ба чорводорӣ машғуланд, татбиқ мегардад.

Ҳадаф ва вазифаҳои асосии лоиҳаи мазкур ин мусоидат дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ва даромади 22400 хонавода  тавассути зиёд намудани маҳсулнокии чорводорӣ дар ноҳияҳои номбаршуда мебошад.  Дар натиҷаи  татбиқи он бояд саршумори  чорво афзун гардида, механизми мукаммали идоракунии чарогоҳҳо ҷорӣ карда шавад. Ҳамзамон дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур дастгирии занҳо дар коркард ва фурӯши маҳсулоти чорводорӣ низ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади сари вақт ва самаранок амалӣ гардидани лоиҳа, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис дода шуда, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа муайян карда шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур корҳои зерин бояд анҷом дода шавад:

1) ташкил намудани зиёда аз 100 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо дар сатҳи ҳар як деҳаи ноҳияҳои интихобшуда

2) сохтмони 56 клиникаи ветеринарӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизот

3) сохтмон ва барқарорсозии қубурҳои оби нӯшокӣ

4) хариди мошинолоти кишоварзӣ

5) гузарондани хатти қувваи барқ

6) сохтмони кӯпрукҳои хурд

7) таъминот бо нақлиёти кишоварзӣ

8) таъмин намудани тухмиҳои хӯроки чорво

9) хариди чорвои хушзот ва зиёд намудани саршумори он

10) таъмин намудани доруворӣ барои чорво (барои аввал ва минбаъд идома дода мешавад)

11) идоракунии чарогоҳҳо ва фермерҳо низ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур низ бевосита аз ҷониби Маркази идораи лоиҳа ва ҷамъиятҳо дар мувофиқа ва бо талаботи онҳо амалӣ мегардад.

Ин лоиҳа аз ҷиҳати самаранокӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, татбиқи он метавонад шароити хоҷагиҳои деҳқониро боз ҳам беҳтар намояд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВОлимҷон САФАРОВ: -Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо Созишнома дар бораи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилаии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» пешниҳод мегардад, ки он 5 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2014 таҳти №2458 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шӯрообод мебошад.

Вазифаи асосии лоиҳа беҳтар намудани статуси ғизо ва мусоидат дар афзун гардидани даромаднокии зиёда аз 22400 хонаводаи камбизоат, тавассути зиёд намудани маҳсулнокии чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 16 июни соли 2014 дар ҷаласаи худ ва 18 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилаии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва он якдилона ҷонибдорӣ гардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишнома дар бораи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки зеристгоҳи барқии «Равшан» ҳанӯз соли 1963 сохта, ба истифода дода шудааст ва то имрӯз аҳолии шаҳри Турсунзодаю ноҳияи Шаҳринавро бо қувваи барқ таъмин менамояд.

Имрӯзҳо ҳаҷми истифодаи қувваи барқ аз ҷониби аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав зиёд шуда истодааст.

Дар натиҷаи зиёда аз 50 сол истифода бурдан дастгоҳҳои зеристгоҳ фарсудаю корношоям гардидаанд, ки сабаби коҳиш ёфтани мунтазамии таъминоти ин минтақа бо қувваи барқ гардидааст.

ШСХК «Барқи Тоҷик» барои муътадил намудани таъминоти барқи аҳолии минтақа чораҳои зарурӣ андешида, таъмирҳо гузарониданд, ки ин ҳам ба боэътимодии таъминоти системаи энергетикӣ ҷавобгӯ шуда наметавонад.

Бинобар ин, бо мақсади таҷдид намудани зеристгоҳи мазкур лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки исломии рушд амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дастгирии назарраси рушди кишоварзӣ ва ташкили истеҳсолоти хурдро дар ин минтақа таъмин гардонда, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва ба пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Зеристгоҳи барқии «Равшан» дар рушди системаи  энергетикии минтақа аҳамияти муҳим дошта, аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро, ки тақрибан 400,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, бо барқ таъмин менамояд.

Арзиши умуми лоиҳаи мазкур 14,52 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 13,07 млн. доллари ИМА аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд ва 1,45 млн. доллари ИМА ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» маблағгузорӣ мегардад.

Маблағи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз – 25 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 7 сол;

- меъёри фоиз – то 2,5 фоизи солона.

Ҳангоми таҳлили шартҳои зикргардида дар маҷмӯъ элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШСХК «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои қарзӣ ва сифатнок анҷом додани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ба имзо мерасонад, ки ин масъулиятнокии мутахассисони соҳаро зиёд менамояд.

Нақшаи татбиқи лоиҳаи  мазкур 44 моҳро (3 солу 8 моҳ) баъд аз ба расмият даровардани Соишномаи қарзӣ дар бар мегирад. Дар ин давра ба маблағи 8,9 млн.доллари ИМА таҷҳизот харидорӣ ва насб мешавад. Инчунин ба маблағи 3,1 млн. доллари ИМА корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Тибқи  дурнамо, аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ҳар сол ба ҳисоби миёна 22,0 ҳазор нафар афзоиш ёфта, соли 2017 он ба 485,0 ҳазор нафар аҳолӣ мерасад, ки ин сабабгори зиёд шудани талаботи истифодаи қувваи барқ мегардад.

Моҳияти таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан 220 кВт» дар он мебошад, ки иқтидори зеристгоҳи мазкур барои таъмини мунтазами талаботи аҳолӣ бо қувваи барқ кофӣ мегардад.

Дар мавриди истифода қарор додани зеристгоҳи барқии «Равшан 220 кВт» дар соли 2017, иқтидори он дар мавсими тобистон тақрибан ба 30 фоиз ва дар фасли зимистон 26 фоиз тадриҷан зиёд мегардад, ки ин боиси боэътимод таъмин намудани қувваи барқ ба 485 ҳазор нафар аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2014 № 2457 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишнома аз пешбурди рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тавассути таъмини мунтазами қувваи барқ дар ин маҳалҳо иборат мебошад. Лоиҳа дастгирии назарраси рушди кишоварзӣ ва ташкили истеҳсолоти хурдро дар ин ду минтақа таъмин намуда, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад.

Арзиши умумии лоиҳа 14,52 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,45 млн. доллари ИМА мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

17 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Оид ба Созишномаи грантии Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» сухан ба муовини директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов Каримҷон Қуддусович дода мешавад.

DSC_0321Каримҷон АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Созишномаи мазкур санаи 13 июли соли 2011 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Гиранда) ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Ассотсиатсия) ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳа беҳдошти дақиқият ва бармаҳали хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ бо додани таваҷҷуҳи хосса ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи мазкур аз се қисм иборат мебошад:

1. Тақвияти ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва табодули иттилоот

2. Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

3. Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳкими иқтидори ниҳоди Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон тавассути мукаммалсозии иқтидори  ниҳодӣ ва модели устувории молиявӣ тавассути мусоидати техникӣ ва омӯзиши мутахассисони Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон, таҳия ва озмоиши бизнес-модели муносиб ҷиҳати хизматрасониҳои тиҷоратии  обуҳавошиносӣ  ва иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқсозии асосҳои илмӣ ва методологии фаъолияти Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон бо стандартҳои Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ, мукаммалсозии низоми мониторинги обуҳавошиносӣ ҷиҳати  таъмини огоҳкунии саривақтӣ оид ба зуҳуроти табиӣ ва хатарнокии обуҳавошиносӣ амалӣ гардонда мешаванд.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Назриев Мусаябшо дода мешавад.

Мусоябшо НАЗРИЕВМусаябшо НАЗРИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи грантии Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии  хизматрасонии обуҳавошиносӣ  дар Осиёи Марказӣ», ки 13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст,  пешниҳод мешавад. Лоиҳаи Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли ҷорӣ таҳти №2499 барои хулоса ба Комиссияи экологӣ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи грантии мазкур санаи 13 июли  соли 2011 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Гиранда) ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба ҳайси ниҳоди иҷроияи Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим таҳти сарпарастии Фонди Стратегии Иқлим ба имзо расидааст. Бонки Умумиҷаҳонӣ ба чунин мувофиқа омадааст, ки ҷиҳати дастгирии маблағгузории лоиҳа ба Гиранда маблағи баробар ба ҳафт миллион доллари амрикоӣ бо шартҳои дар Созишномаи мазкур муқарраршударо пешниҳод менамояд.

Ҳадафи лоиҳа сари вақт ва ба таври дақиқ беҳтар кардани хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, бо додани таваҷҷуҳи махсус ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқи Созишномаи грантии мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти гуфтаҳои боло, лоиҳаи Созишномаи грантии Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда,  аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» сухан ба муовини директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов Каримҷон Қуддусович дода мешавад.

Каримҷон АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бинобар сабаби коҳиш ёфтани хароҷот дар соҳаи хизматрасонӣ (аз нимаи дуюми соли 1980) иқтидори мақомотҳои обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Таъсири номатлаби масъалаи мазкур мақомоти обуҳавошиносии минтақаро фаро гирифта, садди роҳи омода ва пешниҳод намудани иттилооти мукаммали гидрометеорологӣ ва иқлимӣ гардид, ки ба корношоямии таҷҳизоту лавозимоти техникӣ, қафомонӣ дар истифодаи васоити телекоммуникатсионии муосир, норасоии мутахассисони соҳибихтисос ва сабаби корро тарк намудани кормандони собиқадори соҳа гардид.

Бо мақсади дастгирии мақомотҳои миллии обуҳавошиносии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилотҳои минтақавӣ, ҷиҳати таъмин ва барқарор намудани мақомоти обуҳавошиносӣ, мусоидат намудан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии гидрометеорологӣ ва иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия  карда шуда, тавассути маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ мавриди амал қарор дода шуда истодааст.

Лоиҳа  аз се ҷузъ иборат буда, ҷузъи аввали он (А) ба масъалаҳои минтақавӣ, ҷузъи дуюм (В) марбут ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷузъи сеюм (С) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад ва дар сатҳи минтақавӣ тавассути Кумитаи иҷроияи ФБНА ва дар сатҳи миллӣ Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ  (Муассиса) онро роҳбарӣ менамояд.

Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ ҷузъи «С» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона гардида, маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати рушд ва мустаҳкамгардонии мақомоти миллии обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфраструктура, тайёр намудани мутахассисонро дар назар дорад.

Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба паст гардонидани хавфи офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, захираҳои об, энергетика ва нақлиёт равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳа маҷмӯи чорабиниҳо дар сатҳи стансияҳои обуҳавосанҷӣ, дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои барфу тармасанҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Шӯрои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ 26 майи соли 2011 дар шаҳри Вашингтон Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷузъи «С»-и онро дастгирӣ намуд.

Созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур 13 июли соли 2011 аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба тасвиб расид.

Хоҳишмандам ба ҷонибдории Созишномаи мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

ФелалиевАкрамшо ФЕЛАЛИЕВ: – Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ», ки 13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур аз 4 модда ва замимаҳо иборат мебошад, ки тибқи онҳо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Гранти баробар ба маблағи се миллиону нуҳсад ҳазор доллари ИМА-ро бо шартҳои ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ ҷиҳати дастгирии маблағгузории Лоиҳа, ки дар замимаи 1-уми Созишнома оварда шудааст, пешниҳод менамояд. Ҳамзамон Созишнома аз замимаи 2 ва илова ба он иборат буда, шартҳои Грант муфассал шарҳ дода шудаанд.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Дар ҷаласаи васеи Комиссияи экологӣ Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ  намоед.

Дар хусуси қабули Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВАбдуҷаббор ШИРИНОВ: — Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни ба баррасии шумо пешниҳодшуда ҷиҳати иҷрои «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010-2015 оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ», инчунин ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун ба қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» илова ворид гардида, он ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор намудани вазифаи нав – ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкиро пешбинӣ менамояд.

Бинобар дар сатҳи дахлдор қарор надоштани саводнокии молиявии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ҳимояи манфиатҳои онҳо талаби замон аст.

Татбиқи вазифаи нав андешидани чораҳои зеринро дар бар хоҳад гирифт:

- ба роҳ мондани шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;

- баррасии арзу шикояти муштариён нисбат ба амалҳои ташкилотҳои қарзӣ ва андешидани чораҳо ҳангоми вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, марказҳои таълимии ташкилотҳои қарзӣ, воситаҳои ахбори омма оид ба баланд бардоштани  саводнокии молиявии аҳолӣ;

- таъмини дастрасии аҳолии камбизоат ба хизматрасонии бонкӣ бо роҳи ҷорӣ намудани шаклҳо ва усулҳои нави хизматрасониҳои бонкӣ (мобилӣ) ва зиёд намудани теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ;

- қабули меъёрҳои ахлоқӣ барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва такмили қонунгузорӣ ҷиҳати татбиқи роҳҳои соддакардашудаи ҳалли баҳсҳои ташкилотҳои қарзӣ ва муштариён.

Дар баробари тағйироти зикршуда баъзе тағйироти дигар низ пешниҳод шудаанд.

Аз ҷумла, тағйирот ба қисми 1 моддаи 21 қонун, ки характери таҳрирӣ дорад.

Тағйироти дигар ба қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 36 ва моддаи 37-уми қонун бинобар пешбинӣ гардидани муқаррароти онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ворид карда мешавад.

Илова ба қисми 3 моддаи 48 қонуни мазкур татбиқи  чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пешбинӣ менамояд.

Қабули қонуни мазкур аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.

ТАЛБАКОВИсмоил ТАЛБАКОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Манзури  шумо баррасии  лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Бонки миллии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад, ки  он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни   соли 2011 № 359 пешниҳод гардида, мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 №2439 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва  молия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳимояи  манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ бинобар на чандон баланд будани сатҳи дониши молиявии онҳо иборат мебошад.

Дар ҳақиқат, солҳои охир шумораи истеъмолкунандагони  хизматрасониҳои низоми бонкӣ рӯ ба афзоиш аст, ки ин падидаи нек дар системаи бонкию қарзӣ мебошад. Вале саводнокии истеъмолкунандагони  хизматрасониҳои низоми бонкӣ беҳбудиро талаб менамояд. Тайи солҳои охир муроҷиати онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти вобаста ба низоми бонкӣ оид ба қонуншиканиҳо ва содир намудани камбудиҳо зиёд шуда истодааст.

Баҳри ислоҳи ин камбудиҳо  пешниҳод карда мешавад, ки  ба қисми 1 моддаи 6 сархати 9 дар таҳрири зайл  илова карда шавад:

«-ташкили шароити  мусоид  барои ҳимояи манфиатҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ».

Ин тағйироти воридшаванда Бонки миллии Тоҷикистонро вазифадор месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ шароити мусоидро фароҳам созад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо ворид намудани тағйирот ба қисми  3 моддаи 48 меъёреро  муқаррар менамояд, ки  барои  халалдор  сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони низоми бонкӣ  чораҳои фаврӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешида шаванд.

Тағйирот ба моддаҳои 21  ва 36 характери техникӣ дошта, ба такрори онҳо дар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»  вобастагӣ дорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, ба кумитаи масъул панҷ таклифу эрод пешниҳод намуданд,  ки онҳо дар ҷаласаи васеи кумита 17 июни соли 2014  мавриди   муҳокима  қарор гирифта, дар мувофиқа ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  қабул ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надошта, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Бонки миллии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВ: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ҷиҳати  иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва такмили қонуни мазкур таҳия шудааст.

Бояд зикр кард, ки тибқи таҳлилҳо оид ба пешбурди соҳибкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 189 кишвари сайёра мавқеи 143-юмро ишғол менамояд.

Қабули қонуни мазкур ба устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон ва баланд шудани рейтинги фазои сармоягузории он дар бахши молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Тибқи лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо ба зиёда аз 20 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ворид мегардад.

Дар қонун бақайдгирии электронии предмети гарав пешбинӣ гардида, дар моддаи 1 вобаста ба он мафҳуми «хабарномаи гаравӣ» такмил дода шудааст. Ҳамчунин ба моддаи мазкур се мафҳуми нав – «қарзи дебиторӣ», «молҳои омехта», «молҳои пайвастшуда» илова мегардад.

Илова ба қисми 3 моддаи 4-уми қонун лаҳзаи ба вуҷуд омадани гарави амволеро, ки дар оянда ба моликияти гаравдеҳ мегузарад, муайян менамояд.

Тағйирот ба қисми 2 моддаи 6-уми қонун бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ ифода кардани маблағи уҳдадориҳои бо гарав таъминшавандаро пешбинӣ менамояд.

Тағйиру иловаҳо ба қисми 5 моддаи 7-уми қонун мушаххасоти тавсифи гарав, уҳдадорӣ ва маблағеро, ки бо гарав таъмин шудааст, дар шартномаи гарав пешбинӣ менамояд.

Иловаи қисмҳои 4 ва 5 ба моддаи 9-уми қонун муайян кардани навбати гарав нисбат ба моли омехта ва пайвастшударо муқаррар менамояд.

Тағйирот ба моддаи 12-уми қонун характери таҳрирӣ дорад.

Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи  21-уми қонун, ки тасдиқи тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамуд, хориҷ карда мешавад ва ваколати мазкур тибқи илова ба қисми 7 моддаи 22 ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

Тағйиру иловаҳо ба қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 22-юми қонун ҳамзамон васеъ гардидани доираи шахсонеро, ки ба мақоми бақайдгиранда ҳуқуқи пешниҳоди хабарномаи гаравиро доранд, таъмини воситаҳои электронӣ аз ҷониби бақайдгиранда, лаҳзаи бақайдгирии хабарномаи гаравиро пешбинӣ менамояд.

Тағйирот ба моддаҳои 27, 28, 29, 33, 43, 51 ва 53 (қисми 3)-и қонун хусусияти таҳрирӣ доранд.

Таҳрири нави моддаҳои 44-50-уми қонун механизми муосири ҳалли баҳсҳоро вобаста ба гарави амволи  манқул тариқи судӣ ва ғайрисудӣ, инчунин кам кардани муҳлати баррасии чунин баҳсҳоро пешбинӣ менамояд.

Қабули қонуни мазкур аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшурбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 № 2440 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» воридшаванда масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- мушаххас намудани предмети гарави амволи манқул;

- бақайдгирии электронии предмети гарави амволи манқул;

- мушаххас намудани тартиби ғайрисудӣ ва судии рӯёниш аз ҳисоби предмети гарави амволи манқул;

- мувозинати манфиатҳои гаравгир ва гаравдеҳ.

Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 42 таклифу пешниҳод намуданд. Ҳамчунин бо пешниҳоди субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар моддаи 21 калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуданд.

17 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 36 – тоаш  қабул, 5-тоаш қисман қабул ва 1-тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин хотир, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2014 № 2462  лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имконият фароҳам меорад, ки барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миқдори 5500 тонна ангишт бе пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ворид карда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 20 июни соли 2014 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таҳия ва пешниҳод шудааст. Онҳо барои хулоса ба кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буданд.

Лоиҳаҳо бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагон ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун муттаҳид гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба мақсади мукаммал намудани меъёрҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ надодан ба тарзу усулҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани молу мулк ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва бо мақсади муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда, мутобиқ намудани меъёрҳои дохилии Кодекси мазкур таҳия  ва пешниҳод карда шудааст. Дар банди «а» қисми 1 моддаи 57 ба рӯйхати ҷиноятҳое, ки ҷазои мусодираи молу мулк таъин кардан мумкин аст, боз чор намуди ҷиноят  илова гардидааст: ҷиноятҳои бо қисми 2 моддаи 324 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ), қисми 2 моддаи 3381 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391 (сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият). Тибқи лоиҳаи қонун моддаҳои оташзананда ба қатори маводҳои хатарноки хусусияти силоҳдошта дохил гардида,  барои муомилот ва истифодаи онҳо дар баробари моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил ёфтани он дар маҷмӯъ 22 таклиф  пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 21 таклифу пешниҳод дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи муттаҳидкардашуда ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Хоҳишмандам ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст, пешниҳод мегардад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи қонунгузории мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва талаботи қонунгузории танзими низоми иҷозатдиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти масъулини мақомоти давлатии ваколатдори санҷиш, мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ва субъектҳои соҳибкорӣ барои татбиқ намудани ислоҳоти иқтисодии амалкунанда таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Тоҷикстон илова намудани моддаҳои 5272 , 5273 ва 5274 пешбинӣ карда шудааст, ки тибқи он ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мораторияи  санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин риоя накардани қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 23 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

САЪДУЛЛОЗиёратшо САЪДУЛЛО:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани мухолифати   меъёрҳои дохилии  қонуни  мазкур ва мутобиқ намудани меъёри он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Танҳо аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният чор таклифи хусусияти техникидошта пешниҳод гардид, ки онҳо мавриди қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 18 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

ИСМАТУЛЛОЕВДилшод ИСМАТУЛЛОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани  талаботи  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани тартиби баррасӣ намудани парвандаҳои маъмурии тибқи моддаҳои 5272 — 5274 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғозгардида, таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида баррасии  парвандаҳои бо моддаҳои 5272 - 5274 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғозгардида  ба мақомоти судӣ вогузор карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 24 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба  транзити  қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2014 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои хулоса ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулосаи ҳуқуқӣ фиристода шуда буд.

Созишномаи зикршуда 20 октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишнома аз 18 модда иборат буда, дар моддаи 1  мафҳумҳои асосие, ки дар Созишномаи мазкур истифода шудаанд, шарҳ дода шудааст.

Моддаҳои 2 – 6-уми Созишнома ба танзими муносибатҳо вобаста ба доираи амал ва тартиби амалисозии муқаррароти Созишнома, ҳуқуқҳо ва доираи масъулияти  пудратчиёни СААШ, тартиби ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, убури сарҳад ва аз қаламрави он баромадани қӯшунҳо (неруҳо), ҳайат ва пудратчиёни СААШ, инчунин тартиб ва муҳлати пешниҳоди иттилоот байни Тарафҳо марбут ба ҳаракати транзитии қӯшунҳо (неруҳо), ҳайат, пудратчиён ва ашёву лавозимоти СААШ ва масъулияти Тарафҳо баҳри таъмини амният ва бехатарии ҳаракати транзитӣ ва ҷойгирнамоии неруҳо ва қӯшунҳои СААШ бахшида шудааст.

Дар моддаҳои 7 – 9-уми Созишнома масъалаҳои марбут ба ташкили сафарбарнамоӣ ва ҷойгиршавии қӯшунҳо ва ҳайату пудратчиёни СААШ, инчунин бо ин мақсад сохтмон ва харидории бинову иншоот, истифодаи бемайлони роҳҳои ҳавоӣ ва автомобилгард, инфрасохтор ва таҷҳизоти дигар, озод будани молу маҳсулот ва қӯшуну лавозимоти СААШ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва дигар намуди андозҳои давлатӣ ба танзим дароварда шудааст.

Зимнан, моддаҳои 10 – 15- уми Созишномаи мазкур танзимкунандаи масъалаҳои истифодаи парчами СААШ ва ё парчамҳои  мансубияти давлатии воҳидҳои ҳарбии СААШ ба либосу амволи ҳарбӣ ва техникаву қӯшунҳои ҳарбии СААШ буда, ҳамзамон тибқи онҳо истифодаи воситаҳои хизматии алоқа, ҷузъи спектри мавҷҳои радиомагнитии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайат ва неруҳои СААШ дар асоси  шартҳои пешбининамудаи Тоҷикистон ва СААШ, тартиби ҳифзи иттилооти бадастомада ва баррасии ҳалли баҳсҳо байни Тарафҳо муқаррар карда шудаанд.

Моддаҳои 16-18-уми Созишнома бошад, танзими ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Барномаи шарикӣ баҳри сулҳ — СОФА, лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани Созишнома, тартиби бекор ва ё қатъ намудани он ва маҳалли баста шудани онро муайян намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулоса пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 16 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Ҷиҳати тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

ТУРДИМАТОВАНодира ТУРДИМАТОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 таҳти №2437 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба як қатор моддаҳои он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ ва меъёридошта ворид карда шудаанд. Аз ҷумла вобаста ба иваз гардидани функсияҳо ва ба Хадамоти алоқа вогузор намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта дар моддаҳои 5, 7, 19 ва 29-уми қонун зарурияти иваз намудани калимаҳои «Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омад.

Ба моддаҳои 10, 12, 19, 22, 25 ва 28 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Яъне:

1.Номи қонун бо ҳарфҳои калон навишта шуда, бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.

2.Дар моддаи 6 калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шаванд.

3.Дар моддаҳои 5, 7, 19 ва 29 калимаҳои «Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.

4.Номи моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта».

5.Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10, қисми чоруми моддаи 25 ва қисми дуюми моддаи 28 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.

6.Дар сархати сеюми моддаи 12 калимаи «фелдъегерӣ» ба калимаи «фелдегерӣ» иваз карда шавад.

7.Дар қисми якуми моддаи 19 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.

8.Қисми сеюми моддаи 22 хориҷ карда шавад.

9.Аз қисми дуюми моддаи 26 калимаҳои «ҳокимияти иҷроия» хориҷ карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»-ро ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 16 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки  намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи Шартнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии  инфрасохтори коммуналӣ, марҳилаи II» байни Институти қарзии таҷдиди Франкфурт дар Майн (KfW), Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир  Ҳабибович дода мешавад.

Амир КАТАЕВАмир КАТАЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Шартнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ, марҳилаи II» байни Институти қарзии таҷдиди Франкфурт дар Майн (KfW), Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, ки 28 августи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шартномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2014 таҳти № 2461 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Шартномаи мазкур аз 8 модда иборат буда, дар асоси Созишнома оид ба ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Созишномаҳои байниҳукуматӣ) аз 25 июли соли 2008 ва аз 14 майи соли 2009 Институти қарзии таҷдиди Франкфурт дар Майн (KfW), Ҷумҳурии Тоҷикистон («Маблағгиранда») ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон («Иҷрокунандаи Барнома») Шартномаи зеринро дар хусуси маблағгузорӣ ва татбиқи ин Барнома мебанданд.

Ҳаҷми маблағ ба маблағгиранда, ки дастгирии бебозгашти молиявӣ (грант) маҳсуб меёбад, 11000000,00 евроро ташкил менамояд.

Иҷрокунандаи Барнома (Бунёди миллӣ) маблағҳои грантиро танҳо барои сохтмони муассисаҳои маълумоти асосӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо мебел, таъмини барқ, гармидиҳӣ, барои таъсиси кумитаҳои волидону омӯзгорон ва омӯзиши аъзои он, барои пардохти ҳаққи хизматрасонии мушовирони байналмилалӣ, ки Иҷрокунандаи Барномаро дастгирӣ мекунанд, равона мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқи Шартномаи мазкурро  пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 20 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи  кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ  қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ