Шиносоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои кишоварзони вилояти Хатлон ва машварати корӣ бо фаъолони ин соҳа

№70-71 (3216-3217) 01.07.2014

10338557_669106266492896_8021937464250342266_o

Бисту ҳафтуми июни соли 2014 боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни онҳо ва машварати корӣ бо фаъолони ин соҳаи вилоят идома ёфт.

Рӯзи дуюми сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо дидан аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозори навбунёди «Каёнуш» ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт. Дар қисмати фурӯши чорвои ин бозор намоиши зотҳои сермаҳсули чорвои хурду калон ва паранда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 852 ҳазор сар чорвои калон, 2,2 миллион сар чорвои майда ва 1,6 миллион сар паранда парвариш меёбад.

Натиҷаҳои ибратбахши хоҷагиҳои зотпарварии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара, «Баракат» ва «Мадина»-и ноҳияи Ёвон, «Ҳисор»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, «Сабз»-и шаҳри Кӯлоб ва ғайра мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, хоҷагии зотпарварии «Мадина»-и ноҳияи Ёвон дорои 712 сар чорвои калони зоти сиёҳало мебошад, ки 190 сари он модаговҳои наслдиҳанда мебошанд. Модаговҳои ҷавон, ки бори аввал насл овардаанд, аз 25 то 30 литр шир медиҳанд.

Хоҷагии тухмипарварӣ ва зотпарварии «Сабз»-и шаҳри Кӯлоб бо ворид кардани 40 сар чорвои калони хушзоти шведӣ парвариши намунавии ин зотро ба роҳ монданӣ аст.

Дар хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, ки солҳои пешин бо парвариши намунавии гӯсфанди зоти ҳисорӣ шуҳрати калон дошт, чанд соли пеш қариб ба нестӣ рафта буд. Баъди ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудани он саршумори ин навъи чорвои хушзот тайи чанд соли охир  аз 7 ҳазор ба 15 ҳазору 300 адад расонида шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки солҳои оянда саршумори он ба 40-50 ҳазор сар расонида мешавад.

Бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти калон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саршумори зотҳои пурмаҳсул афзун ва ба ҳама шаҳру ноҳияҳо паҳн карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки хушзоткунии чорво, аз ҷумла чорвои аҳолӣ ҳам, тавассути  боз намудани нуқтаҳои зиёди бордоркунии сунъӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Дастур дода шуд, ки коркарди шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ амалӣ карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои кори хоҷагии давлатии моҳипарварии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин хоҷагӣ тайи чанд соли охир истеҳсоли моҳӣ дар он се баробар афзуда, аз 100 тоннаи солҳои пеш  ба 300 тонна дар соли 2013 расонида шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят хоҷагиҳои моҳипарвар фаъолият мекунанд.

Дар қисмати фурӯши меваю сабзавоти бозори «Каёнуш» намоиши маҳсулоти боғу токпарварону зироаткорон ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзии вилоят ташкил карда шуд.

Тавре таъкид гардид, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар масъулияти зиёд доранд, зеро имкону захираҳои васеътарин маҳз дар ҳамин минтақаи ҷумҳурӣ мавҷуд аст.

Чунонки аён гардид, солҳои охир бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ басо фаъол гардида, дар баробари хоҷагиҳои камшумори давлатӣ дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми намоён мегузорад. Фаровоние, ки имрӯз дар бозори истеъмолӣ ба назар мерасад, асосан натиҷаи супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди боғу токпарварӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил мебошад.

Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар оғози суҳбат аҳли ҷамъомад ва кулли мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо фаро расидани Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ, аз ҷумла рушди тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ниҳолпарварӣ  аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ номида шуд. Дар робита ба ин мавзӯъҳо ва ҳамчунин доир ба шодоб намудани заминҳои бекор, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов, афзун намудани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, маҳсулнокии чорво, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии дохилӣ ва афзун намудани содирот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон, таҳкими фарҳанги волои сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ дода шуд.

Зимни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки давоми соли равон 90 корхонаи истеҳсолӣ бо 2760 ҷойи корӣ, аз ҷумла доир ба коркарди саноатии меваю сабзавот ва қолинбофии дастӣ, ифтитоҳ меёбад. Зикр гардид, ки тармиму навсозии роҳҳои дохилии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо тадриҷан оғоз ёфта, минбаъд ин кор вусъат меёбад. Чунонки зикр гардид, корҳо дар тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ рӯй ба беҳбудӣ оварда, фоидаоварӣ афзун мешавад ва мутаносибан ҳавасмандии деҳқонон ҳам ба рушди ин соҳа зиёд мегардад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ғалладонаи заминҳои обӣ ҳар чӣ зудтар ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

 www.president.tj