Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки волотарин ва арзишмандтарин дастоварди давлатдорист, зарурати қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд.
Инчунин, Конститутсия шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии президентӣ муайян намуда, дар боби чорум вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар кард. Ин санади олии ҳуқуқии кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат баромад карданро мансуб донист.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ буда, фарогирандаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат мебошанд.
Бояд зикр кард, ки падидаи Паёми Сарвари давлат ба парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар конститутсияҳои аксар мамлакатҳои ҷаҳон муқаррар шудааст. Чунончи, дар конститутсияҳои кишварҳои ИДМ ба ҷуз аз Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба падидаи Паёми Президент ба парламент ва халқ муқаррароти дахлдор мавҷуд мебошад. Паёми Президент ба парламент ва халқ дар мамлакатҳои ИДМ пас аз касби соҳибистиқлолии давлатӣ рӯи кор омадааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин падидаи муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ бо сабаби вазъи ноороми сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар бавуҷудомада, бо гузаштани андаке фурсат, бахусус, пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (соли 1997) муқаррар карда шуд.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки дар дигар давлатҳои ҷаҳон ҷой дорад, бо мақсади рушди давлатдории миллӣ, таъмини пойдориву оромии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдат, рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тараққии низоми комилан нави ҷамъиятӣ, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллан ҷадид дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, такмил додани асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати онҳо, рушди падидаҳои Президент ва парламент се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои онро такмил дода, ҷиҳати таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Дар алоқамандӣ бо ин, ба моддаҳои 48, 55 ва 69 Конститутсия (аз 26-уми сентябри соли 1999) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд. Аз ҷумла, дар моддаи 48 муқаррар гардид, ки Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ иборат аз ду маҷлис, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аст. Вобаста ба ин тағйиру иловаҳо салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас карда шуданд. Банди 1) моддаи 69 Конститутсия ба Сарвари давлат муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намуд.
Тағйироти ба моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида муқаррар намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии Паёми Президент «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бидуни қабули қарор ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Сониян, моддаи 55 Конститутсия (22-юми июни соли 2003) дар таҳрири нав ифода мегардад, ки мувофиқи қисми сеюми моддаи мазкур дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад ва Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа менамояд.
Ҳамин гуна, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 воридгардида, ба ташаккул ва инкишофи падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти конститутсионии хеш мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 ва банди 1) моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 27-уми апрели соли 2000 Паёмро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21-уми декабри соли 2021 дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, 23-юмин Паёми Президенти мамлакат мебошад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи мамлакат маншаъ гирифта, ҳамчун санади конститутсионӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро касб намудааст. Зеро дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, рушди сайёҳиву соҳибкорӣ, қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, тақвияти ватандӯстиву худшиносии миллӣ, сиёсати давлатии ҷавонону занон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти ҷомеа, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат, инчунин дигар масоили мубрам матраҳ шуда, роҳҳои ҳаллу рафъи мушкилоту монеаҳо пешниҳод мегарданд.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон