Конститутсия ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

КонститутсияиДар таърихи инсоният конститутсия таҳаввулоти ҷиддиро асос гузоштааст ва ҳама гуна дигаргуниҳои куллӣ дар пешрафти кишварҳо, музаффариятҳо дар ҷомеаи инсонӣ ифодаи қонуниро дар консти­тутсия ёфтааст.

Дар ин раванд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно нест, зеро аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кар­да шуд. Тавре олими соҳаи ҳуқуқ М. А. Маҳмудов гуфтааст: «Он муайянкунандаи такдири имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди мо маҳсуб ёфта, ба истиқлолияти давлатӣ эътибори ҳуқуқӣ бахшид ва дар ҷаҳон давлати тоҷиконро муаррифӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ — миллӣ мебошад».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чор гурӯҳи меъёрҳо муқаррар шудааст, ки ифодагари робитаи низоми ҳуқуқии кишвар бо ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Якум. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, вазифа ва принсипҳои сиёсати хориҷии давлатро дар худ мустаҳкам кардаанд, ки дар натиҷа фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дар доираи ҳуқуқи байналми­лалӣ амалӣ мешаванд. Ба ин муқаррароти моддаи 11 мисол шуда метавонад, ки дар он чунин самтҳои сиёсати хориҷии кишвар муқаррар шудаанд: дар амал татбиқ гардидани сиёсати сулҳҷӯёна (банди 1 моддаи 11); эҳтиром намудани соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар кишварҳо (банди 1 моддаи 11); дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ — ҳуқуқӣ сиёсати хориҷиро муайян намудан (банди 1 моддаи 11); манъи ташвиқоти ҷанг (банди 2 моддаи 11); вобаста ба манфиатҳои олии халқи Тоҷикис­тон ба иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ шомил гардидан (банди 3 моддаи 11); бо кишварҳои хориҷӣ робита барқарор кардан (банди 3 моддаи 11); ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ (банди 4 моддаи 11). Дар баробари ин, ба ин гурӯҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти дебоча (халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯс­тии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад), моддаҳои 7 (ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад), моддаи 8 (дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад) ва ғайра шомил мебошанд.

Дуюм. Меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро мус­таҳкам кардаанд ва онҳо ба ҳайси предмети шартномаҳои байналмилалӣ баромад менамоянд.

Сеюм. Меъёрҳои Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо асоси таносуби низоми ҳуқуқи байналмилалӣ ва низоми ҳуқуқи кишвар муқаррар шудааст. Ба ин муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисол шуда метавонад: «Санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эъти­рофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Аз мазмуни моддаи 10 Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муқаррарот оид ба таносуби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо қонунҳои ҷумҳурӣ — пазироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқи кишвар ва дар ҳолати мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бартарӣ ба амали меъёрҳои ҳуқуқи байнал­милалӣ дода мешавад, пешбинӣ шудааст ва истифодаи истилоҳи «санади ҳуқуқи байналмилалӣ» дар қонунгузории кишвар қабул шуд.

Чорум. Он меъёрҳои Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ салоҳияти мақомоти давлатиро дар бахши амалӣ кардани функсияҳои берунаи давлат мустаҳкам кардаанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муайянкунанда ва муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, таносуби қонунҳои ҷумҳурӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тартиб ва тарзҳои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ҳад ва ҳудуди амали тартиботи ҳуқуқи бай­налмилалӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар баромад менамояд.

Маҳмадёр РАҶАБЗОДА,

ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт,

 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ