Пас аз ба даст овардани озодии сиёсӣ дар оғози солҳои навади асри XX ба рӯзгори мо муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба монанди гуногунандешӣ, гуногунҳизбӣ, ошкорбаёнӣ, иқтисодиёти бозаргонӣ, мардумӣ будани ҳокимияти давлатӣ, рӯи кор омада, боис ба дигаргунии фазои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар шуданд. Чунин падидаву муносибатҳо ба қонунҳо ва зисту зиндагии онрӯзаи мардуми Тоҷикистон созгор набуданд.
Ҷиҳати қонунӣ кардани ин муносибатҳо ва рушд бахшидани равандҳои демократӣ, ба монанди ҳуқуқбунёдиву дунявӣ, мардумӣ будани ҳокимият ва ба шохаҳо таҷзия гаштани он, гуногунандешии сиёсӣ, арзиши олӣ шинохта гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, гуногунии моликият, махсусан шинохти дороиҳои хусусӣ ва озодона гардиш кардани он, рушди иқтисоди бозаргонӣ зарурати роҳандозии чандин тадбирҳо ба миён омад. Яке аз чунин тадбирҳо дигар кардани санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятию давлатӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар, буд, зеро бидуни дигар намудани санадҳои онвақта, таҳияву пазируфтани қонунҳои нави созгор ба талаботи ҷомеаи озод, эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дархӯри манофеи кишвар пешбурди корҳои давлативу ҷамъиятӣ номумкин буд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати омода намудани тарҳи нави Конститутсияи кишвар бо ҷалби коршиносони шинохтаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа, хоса ҳуқуқшиносони варзида бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1993 гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Тарҳи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокимаҳои мардумӣ 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ пазируфта шуд. Пас аз он қонунҳои қабулмешуда тадриҷан ва бо назардошти Конститутсияи нав ба ин муносибатҳои ҷаҳони пешрафт созгор карда шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид ва ҳолати онрӯзаи кишвар на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён равшан буд. Дар кишвар ҷанги шадид миёни неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифин идома дошт ва дар чунин шароит пазируфтани санади асосӣ, албатта, аз камбудиҳои ҷузъӣ, ба монанди гуногунии вожаву ибораҳо, холӣ буда наметавонад, ҳарчанд аз тарафи донишмандони соҳа ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсия аз нигоҳи сохтор, мундариҷа ва мазмуну моҳият баҳои баланд гирифт.
Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат рушд меёбад ва зуд-зуд тағйир ёфта, дигаргун мешавад. Ин рушду дигаргуниҳо ба зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуму мамлакати мо низ бетаъсир буда наметавонад. Вобаста ба ин, санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсия, бояд ба чунин дигаргуниҳо созгор бошанд. Аз ин рӯ, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Дигаргуниҳое, ки 16-уми майи соли 2016 ворид карда шуданд, барои устувории сохтори давлативу ҷамъиятӣ, рушди мардумсолорӣ, нигоҳбонии марзу бум, оромиву осоиш, пуштибонӣ аз манфиатҳои кишвар, пешгирии қонуншиканӣ равона карда шудаанд. Нораво донистани созмони ҳизбҳои дорои хусусияти динию миллӣ низ ба ҳамин вобаста аст. Ҳизбҳои динӣ ва миллӣ хеле ҳассосанд ва метавонанд ба ҳар кишвару мардум боис ба паёмадҳои ногувор шаванд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи ин гуна паёмадҳои даҳшатбори ҳизбу ҳаракатҳои диниву миллӣ мебошад. Инчунин, ҳастии чунин ҳизбҳо ба моҳияти мардумсолориву дунявии давлату ҷомеа созгору посухгӯ нест. Мо паёмадҳои даҳшатбори ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломро дидем ва намегузорем, ки чунин ҳизбҳо боздорандаи рушду нумӯ дар ҷомеаи мо арзи ҳастӣ кунанд.
Яке аз тағйироти асосӣ ба Конститутсия ин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат паҳн нагардидани маҳдудият ҷиҳати пешбарӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моҳи декабри соли 2015 бо дархости мардум ва пешниҳоди намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» пазируфта шуд ва пасон дар асоси дигаргуниҳои соли 2016 ба Конститутсияи кишвар дар таҳрири нав бо номи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабулу ҷонибдорӣ гашт, алъон мавриди амал қарор дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки сарварони неку созанда дар бисёр кишварҳо асосан дар давраҳои ҳассосу пуртазод ё буҳронӣ рӯи кор меоянд. Мо намунаи ин гуфтаҳоро дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ мебинем.
Имрӯз мо тоҷикро як мардуми озод ва Тоҷикистонро як кишвари обод мебинем. Барои зинда кардани ҳастиву забони мардуми худ, бавижа номи абармардони фарҳангу сиёсат, хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Дар нахустбаромадашон ба сифати Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар баробари бисёр масоили мубрам чунин иброз доштанд: «Мехоҳам Тоҷикистонро дар оянда давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона бинам». Ин пешниҳод дар моддаи 1-уми Конститутсияи кишвар ва дигар моддаҳои он ҷойгоҳи худро пайдо кард. Хизматҳои бузург ва ислоҳоти густурдаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба унвони Пешвои миллат соҳиб гардиданд. Дигаргуниҳои пазируфта ҷиҳати ба дастури навишти забони тоҷикӣ созгор кардани бархе вожаҳои Конститутсия, ба монанди иваз кардани «ҷиноӣ ба ҷиноят, ҳақ ба ҳуқуқ, ҷамъият ба ҷомеа, додан ба супоридан, марз ба ҳудуд» ва монанд ба инҳо ҷиҳати ба ҳам созгор намудани вожаҳо аз нигоҳи сохту мазмун дар Конститутсия дорои аҳамият мебошанд.
Инчунин 4-уми октябри соли 2011 аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тасдиқ гардид. Бо мақсади мутобиқ кардани вожаву калимаҳои Конститутсия ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва истилоҳу ченаки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ин дигаргуниҳо пазируфта шуданд.
Тағйирот ба Конститутсия боиси боз ҳам пешравию шукуфоӣ ва пойдории мамлакат ва фароҳамсозии зиндагии шоиста ба мардуми Тоҷикистон шуд.
Дар пешрафти ин кор саҳми намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони давлативу ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма бузург мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат, санади асосии муайянкунандаи сохти давлату давлатдорӣ, танзимкунандаи рӯзгори мардум ва иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
С. ШОНАЗАРОВ,
ҳуқуқшинос,
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи III