Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки моҳи октябри соли 1992, бинобар вазъи ногувори баамаломадаи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, кори муассисаҳои хизматрасон, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ, қариб фалаҷ гардида, дар натиҷа, барои ба кор рафта, баргаштани кормандони вазорату идораҳо монеаи зиёд пеш омада буд. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр беист садои тир шунида шуда, мардум аз тарс дар хонаҳояшон паноҳ бурда буданд.
Вобаста ба ин, фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле мушкил гардида, вакилони Шӯрои Олӣ ва мансубини дастгоҳи парламенти мамлакат ваколату уҳдадориҳоро дар сатҳи зарурӣ иҷро карда наметавонистанд, майдонҳои шаҳр пур аз иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо буда, ҷамъомадагон роҳҳоро назорат, роҳгузаронро таҳқир мекарданд. Махсусан, онҳо агар шахсияти фардро муайян мекарданд, ки ӯ корманди мақомоти давлатист, барояш мушкилоти зиёд эҷод мекарданд.
Вазъ рӯз то рӯз хатарбору вазнин мешуд ва бо дарки масъулият роҳбарияти Шӯрои Олии ҷумҳурӣ пешниҳоди роҳбарони фронти халқиро оид ба даъват ва баргузор намудани иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода, қарори дахлдор қабул намуд, зеро барои хотима бахшидан ба низоъ ва ба эътидол овардани вазъи баамаломада ин ягона роҳи дуруст маҳсуб мешуд.
Барои таъмини бехатарии аҳли хонаводаам маҷбур шудам онҳоро ба назди хешовандонам, ки дар ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекарданд, бибарам. Ягона нақлиёте, ки аз самти Душанбе ба Ҳисор ҳаракат мекард, қатораи Душанбе – Пахтаобод буд. Субҳи барвақт бо аҳли хонавода пиёда роҳ сӯи вокзали роҳи оҳан пеш гирифтем. Бо мушкилӣ роҳро тай карда, савори қатора шудем. Дар истгоҳи МТС-и ноҳияи Ҳисор пиёда шудем. То расидан ба деҳа ҳазору як фикри мағшуш маро азоб медод, ба ҳазору як масъала дар зеҳнам ҷавоб меҷустам, зеро на танҳо сокинони пойтахт, балки деҳотиён низ, дуогӯй буданд, ки ҳар чӣ зудтар дар кишварамон сулҳу осоиш ҳукмрон шавад.
Аҳли хонаводаро дар деҳа монда, нияти ба шаҳри Душанбе баргаштан кардам. Маро лозим буд то деҳаи Шоҳамбарӣ омада, сипас аз роҳҳои дохилии деҳаҳо истифода намоям. Ҳамин тавр, ба пойтахт расида, ба корам идома додам.
Дар яке аз он рӯзҳои мудҳиш намояндаи Комиҷроияи шаҳри Турсунзода ба суроғам омада, маро хабардор намуд, ки депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисору Шаҳринав бо автобусе, ки роҳбарияти Заводи алюминийи Тоҷикистон ҷудо кардааст, аз тариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд мераванд. Бояд ба шаҳри Турсунзода ҳозир шавам.
Баъд аз ҷамъ омадани депутатҳои Шӯрои Олӣ ба роҳ баромадем. Моро қумондонҳои ҳимоятгарони Ҳукумати конститутсионӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Дар гузаргоҳи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъулини бехатарӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаамонро санҷида, шахсони яроқнокро иҷозати гузаштан надоданд. Ҳолати ногувор ба амал омад. Барои масъаларо бо ҳукуматдорони маҳаллӣ баррасӣ кардан мо Муродалӣ Табаровро (равонашон шод бод), ки тӯли солҳои фаъолияташон дар шаҳри Турсунзода бо роҳбарони ноҳияҳои ҳамҷавори Ҷумҳурии Ӯзбекистон робитаи хеле хуб барқарор намуда буданд, ваколатдор кардем. Масъала ҳал шуд ва баъди тай кардани роҳ, ки 20 соат тӯл кашид, ба шаҳри Хуҷанд расидем. Автобуси моро кормандони БДА-и вилоят печонида гирифта, амр карданд, ки аз нақлиёт берун наоем ва ҳуҷҷатҳоямонро барои тафтиш омода кунем. Бо розигии Худованд чашмам ба шахси аз мошини хизматӣ беруномада афтод. Депутати Шӯрои Олӣ Абдураҳим Қаҳҳоров буданд он шахс, ки ҳамон вақт сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинободро ба зимма доштанд. Аз тирезаи автобус хоҳиш кардам, ки маро шунаванд. Пас аз баёни ҳол Қаҳҳоров дастури ҳаракати автобусро доданд ва кормандони БДА моро то меҳмонхонаи «Ленинобод» роҳнамоӣ карданд.
Фаромӯшношуданист, ки вазъ дар минтақаи нисбатан ороми ҷумҳурӣ – Хуҷанди бостонӣ пас аз ворид шудани депутатҳо, аъзои Ҳукумат ва намояндагони давлатҳои кафили якпорчагии Тоҷикистон комилан дигаргун шуд. Таъмини бехатарӣ дар биноҳои корӣ ва ҷойҳои истироҳатӣ пурзӯр гардида, тавсия дода мешуд, ки аз гаштугузор дар кӯчаю хиёбонҳо ва аз рафтан ба меҳмонӣ худдорӣ шавад.
Бо назардошти он ки тибқи регламенти кории Шӯрои Олӣ рӯзномаи иҷлосия таҳия нашуда буд, дар рӯзи якуми иҷлосия депутатҳо зарур шумориданд, ки оид ба муайян намудани лоиҳаи рӯзнома гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Хотирмон он буд, ки гурӯҳи корӣ ба лоиҳаи рӯзнома банди алоҳидаро дар бораи бозхонд кардани вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд. Тибқи он, дар оянда бояд вазифаи роҳбарии ҷумҳурӣ ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ вогузор гардад. Интихоби Раиси Шӯрои Олӣ дар иҷлосия сурат гирифта, дар ҷаласаҳои он роҳбарони гурӯҳҳои муқобил, ҳам тарафдорони ҳукумати конститутсионӣ ва ҳам оппозитсияро даъват карда, ҷиҳати изҳори ақида дар назди депутатҳо барояшон шароит муҳайё карда шавад. Ҳамчунин, як қатор масъалаҳои муҳими дигар аз ҷониби комитетҳои Шӯрои Олӣ ба лоиҳаи рӯзнома ворид шуданд.
Депутатҳо бо дарки масъулият дар назди имрӯзу фардои Ватан, ҳифзи якпорчагии ҷумҳурӣ, сулҳи босубот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, бехатарии шаҳрвандон мехостанд ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ шахсе интихоб карда шавад, ки ин ормонҳои мардуми ҷафокашидаро бароварда созад.
Депутатҳои ботаҷриба ва шахсони дигари тӯли солҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолиятдошта дар вазъи бавуқӯъомада бори гарони масъулияти роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма гирифтан намехостанд. Номзадии раиси тозаинтихоби вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо гирифтани аксари мутлақи овозҳо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба депутатҳои Шӯрои Олӣ барои бовариашон изҳори сипос намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки тамоми қувваю матонат ва таҷрибаи андӯхтаашонро барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ равона месозанд. Раиси Шӯрои Олӣ барномаи аввалиндараҷаи бартарафсозии мушкилиҳои пешомадаро эълон доштанд. Ба муҳосираи иқтисодӣ дучор шудани вилояти Кӯлоб бо сабаби баста будани роҳҳо, нарасидани маҳсулоти ғизоӣ барои сокинони ҷумҳурӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, мушкилии зиёд пеш оварда буд.
Пас аз анҷоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум бо устодам, директори генералии Комбинати нонпазии шаҳри Душанбе Даврон Иброҳимов (равонашон шод бод) дучор омадам. Маълум гардид, ки устод аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои эҳтиёҷоти корхонаи нонпазӣ қисмҳои эҳтиётӣ овардаанд ва дар ҳамин ҳавопаймо ба Душанбе бармегарданд. Ҳар ду якҷо бағоҷҳоямонро супорида, дохили ҳавопаймо шудем. Вақте ки ба фурудгоҳи пойтахт расидем, кормандони мақомоти амният ба ҳавопаймо даромада, хоҳиш карданд, ки нишони депутатӣ, шаҳодатнома ва галстукамро пинҳон намоям.
Моро назди зинаи ҳавопаймо ашхоси силоҳбадаст боздоштанд. Даврон Иброҳимов (равонашон шод бод) ба онҳо гуфтанд, ки ҳамроҳи шогирдонашон, ки кормандони корхонаи нонпазӣ мебошанд, аз шаҳри Хуҷанд барои таҷҳизоти корхона қисмҳои эҳтиётӣ овардем. Баъд мо қуттиҳои вазнинро ба тахтапушт гирифта, сӯи автомашинаи «Москвичи фургон» қадам мондем. Бағоҷ ва қуттиҳоро дар мошин ҷобаҷо карда, ҳар ду дар нишастгоҳи паҳлуи ронанда ҷой гирифтем. То ба корхонаи нонпазӣ расидан, ҳар гоҳе ки москвичи моро нигоҳ медоштанд, моро тарсу ҳарос фаро мегирифт. Вақте ки ба назди дарвозаи корхона наздик омадем, як зарра ҳам бошад, хурсанд шудем. Баъди ҷобаҷо кардани моли аз Хитой оварда, муҳофизони корхонаи нонпазӣ моро ба манзилҳои зистамон расониданд.
Воқеаҳои 30 сол пеш аз ин рӯйдодаро пеши назар оварда, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки панҷ сол пеш дар Қасри Арбоб садо доданд, ба хотир меорам: «Депутатҳои Шӯрои Олӣ барои таъмини кори Иҷлосияи XVI таърихсози Шӯрои Олӣ аз тамоми ҷумҳурӣ, сарфи назар аз он ки хатар ба ҷонашон таҳдид мекард, ба Хуҷанд омаданд. Омадани онҳо худ қаҳрамонист, ки арзишу қадру манзалаташонро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар менамояд».
Мо, ифтихормандем, ки дар шукуфоии имрӯзаи диёри маҳбубамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорем.
Баҳрулло БАРОТОВ,
депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қаратоғ № 43,
шаҳри Турсунзода