Вопасин умед

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

12Дар рӯи мизи корӣ бастаи рӯзномаи дӯстдоштаам «Садои мардум»-ро бо эҳтиёт варақгардон мекунам. «Садои мардум»-ро, ки зодаи Истиқлолияти давлатист ва музаффариятҳои гаронқадри истиқлолияту ваҳдатро бо ҷоннисорӣ ҳимоят намудааст ва рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар саҳифаҳояш инъикос кардааст. Биноан, ин рӯзнома сарнавишти таърихӣ дошта, дар дамгаҳи оташи шадиди муборизаҳо тавлид гардидааст. Шумораи аввалини он 1-уми январи соли 1991 ба табъ расида буд.

Рӯзҳо ба мисли селаи турнаҳо гузашта, аксҳои онон дар авроқи рӯзнома нақш бастаанд. Ин шумораҳо сӣ сол қабл интишор ёфтаанд ва саҳифаҳои он аллакай зардрангу фарсуда метобанд. Рӯзномаро варақ мезанаму симоҳои ҳамкорон аз байни маводи рангоранги саҳифаҳо пеши назарам гӯё падид меоянд. Сармуҳаррири нахустини рӯзнома инсони ниҳоят наҷиб, олими варзида, рӯзноманигори забардаст, тарҷумони тавоно, депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муродуллоҳ Шерализода аз тарафи вакилони халқ ба ин вазифа интихоб гардида буд. Муовинони сармуҳаррир Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Додоҷон Раҷабӣ, котиби ­масъул Шариф Ҳамдампур (сонӣ ӯ низ муовини сармуҳаррир таъин шуд), мудирони шуъбаҳо, ходимон фаъолият доштанд…

Мутаассифона, сармуҳаррири нахустини рӯзномаи «Садои мардум», фарзанди покҷавҳар ва садоқатманди халқу Ватан Муродуллоҳ Шерализода дар ҳавлии Шӯрои Олӣ қатл гардид. Ин воқеаи мудҳиш 5-уми майи соли 1992 ба вуқӯъ омад. Он санаро оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳисобидаанд.

***

Минбаъд вазъияти фоҷиабори кишвари азизамон рӯз аз рӯз буғранҷу муташанниҷ шудан гирифт. Аз атрофу акнофи мамлакат садои наҳси тир шунида мешуд ва маълумоти фавтидагону захмиёну маъюбон паҳн мегашт. Беназмию хароб гардидани тартиботу низом бисёр ба мушоҳида мерасид. Аз бархе минтақаҳои диёр хабарҳои гуногуни омадани муҳоҷирини иҷборӣ шунида мешуданд. Хусусан, ба пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе муҳоҷирини иҷборӣ хеле зиёд кӯч баста буданд. Охир, чӣ метавон кардан, илоҷи дигар набуд, мардуми бечора дар ҷои будубошаш як дами беғам зада наметавонист ва акнун маҷбур мегардид, ки cap ба сояи девори Ҳукумат панаҳ бубарад. Лекин ҳукумати марказӣ он вақт заифу нотавон ва бемадору гумгаштаравон менамуд.

Дар қаламрави мамлакат чунин амалиёти хиёнаткорона ва хатарнок рух медиҳад, аммо иҷрокунандагони вазифаҳои кулли дараҷоти роҳбарони маснаднишин аз ин вуқуфе надоранд…

Чунин ҳолатро аз хабари зерини фоҷиавӣ, ки 1-уми июли соли 1992 дар шумораи 123-и рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расидааст, огоҳ шудан мумкин аст. Ин хабар «Ҳамдардии ҳукумат» номида шуда, Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳ хабар додааст, ки чанд рӯз пеш дар ноҳияи Вахш ва баъзе маҳалҳои дигари ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа дар асари задухӯрди мусаллаҳонаи гурӯҳҳои муқобил одамони бегуноҳ ҳалок шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли хонавода ва хешу табори ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Роҳбарони ҷумҳурӣ бо дастгирии аҳолии Тоҷикистон бар он мекӯшанд, ки вазъияти ноҳияи Вахш ва минтақаҳои дигари ҷумҳуриро ҳар чӣ зудтар муътадил гардонанд.

Аз он воқеаҳои ниҳоят фоҷиавӣ, ки дар водии Вахш ва дигар навоҳӣ ба амал омадаанд, имрӯз ҳам ба дарду андуҳ сухан меронем. Вале роҳбарияти ҳамондавраи ҷумҳурӣ, ки ваҳдату якпорчагии мамлакатро аз даст раҳо карда буданд, пеши роҳи хунрезиро гирифта натавонистанд. Фақат таъзия баён карда, ваъда додаанд, ки вазъиятро ба зудтарин фурсат муътадил хоҳанд кард. Аммо хабарҳои минбаъдаи фоҷиавӣ, ки дар саҳифаҳои «Садои мардум» ва дигар нашрияҳо чоп шудаанд, боз ҳам нотавонӣ ва заъфу бечораҳолии ҳукумати даврро собит месозанд…

…ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ РОҲБАРИ ҶАВОНУ ХИРАДМАНДУ НАҶОТБАХШ, ДАЛЕРУ ДОНОЮ ДУРАНДЕШИ ХУДРО ИНТИЗОРӢ МЕКАШИД…

Вале аз деҳоти дуру наздик боз ҳам хабарҳои бархӯрди гурӯҳҳои мусаллаҳи муқобил меомаданд ва дареғо, ки сокинони бегуноҳи диёр талаф мегаштанд.

Ба ҳамин минвол аз гӯшаю канори гуногуни мамлакат хабарҳои нохуш мерасиданд ва кормандони рӯзномаи «Садои мардум» саъй меварзиданд, ки дар саҳифаи аввал суханони пандомези бузургони миллатро ҷойгир намоянд. Бошад, ки ин ҳикматҳо ба оташбозон таъсире бубахшанд ва дили онҳоро андаке нарм созанд.

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг!

Дар саҳифаи аввали шумораи дигар ин байти баландмазмунро мутолиа менамоем:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

Ба ҳамин васила аҳли қалами рӯзнома бо суханони пурҳикмати шуарои қадим дари дили сангини оташбозонро ҷустуҷӯ менамуданд.

Дар арафаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии наҷотбахш вазъияти ҷамъиятию ­сиёсии ҷумҳурӣ ниҳоят муташанниҷ гардид. Бархӯрдҳои бемаънии дастаҳои мусаллаҳи ба ҳамдигар мухолиф дар водии Вахш, дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор рух медоданд ва акнун дар гирду атрофи пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе низ ба амал меомаданд…

12-1Аз се муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ду нафарашон яке паи дигар тарки кору вазифа карданд. Сабабҳои ин амали онҳо ба ҳамкорон маълум набуд. Ба ҳамин ваҷҳ идораи рӯзнома фақат бо роҳбарии муовини сармуҳаррир Мирзомаҳмуд Мирбобозода фаъолият намуд. Вай қабл аз сафар ба шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъулияти роҳбарии рӯзномаро ба зиммаи роқими ин сатрҳо супурд. Банда он вақт узви ҳайати таҳририя ва мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзнома будам.

Дар шумораи 14 — уми ноябри соли 1992 ба муносибати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ зери унвони рӯзнома бо истифодаи мисраи машҳури устод Лоиқ хитобае ҷой намудам ва сармақолае навиштам, ки инҳоро ба диққати хонандагони муҳтарам пешниҳод мекунам:

«Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Падарону бобоён, тифлону модарон тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ умедҳои калон доранд. Вакилони халқи ҷумҳурӣ, роҳбарони аҳзоб, ҳаракатҳои мардумӣ, саркардагони тарафҳои даргир, ҳар як фарди ватанпараст ва баномуси тоҷик барои хотимаи ҷанги бародаркуш ва пирӯзии якпорчагию ваҳдати миллӣ бояд худфарсоӣ ва саҳмгузорӣ намоянд».

Дар зиндагӣ воқеаҳои оламшумуле рух медиҳанд, ки навиди фаро расидани он низ ба дилҳо як навъ таскин, оромӣ ва аз ҳама муҳимаш умедворӣ, нури қудратмандӣ мебахшад. Пас аз воқеаҳои шадиди бархӯрдҳои бемаънӣ баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостон ба чунин як нуру неруи масарратбахши Кирдгор бадал гардид. Дар арафаи ҳамон воқеаи таърихӣ саропои кишвар, кулли шаҳру навоҳию рустоҳо, муассисаю коргоҳҳо, хосатан идораҳои фарҳангию маърифат, ниҳодҳои одамон мамлуи як қувваи ноаён, лекин ниҳоят бузурги умедворӣ, рӯҳбаландӣ, бахшояндаи нур ва сурур гашта буд. Одамон ба истибсори ботинӣ ин неруи бузурги нур ва сурури осмонии қаламрави мамлакатро эҳсос менамуданд.

Ин шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар рӯзи аввали Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон бидуни ҳеҷ дастуру маслиҳати пешакӣ эълон намуданд: «Оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро хомӯш мекунам! Муҳоҷирони иҷбории сарсону саргардони Ватанро ба ҷойҳои муқимиашон бармегардонам! То як нафар мондани муҳоҷирин ором намегирам».

Ин суханронии нахустини Роҳбари ҷавони давлати тоҷикон буд, дар он лаҳзаҳо, он кас мушовир ва ёвар ­надоштанд. Ҳамроҳи дигар вакилон дар толор нишаста буданд, ҳангоме ки депутатҳои халқ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона интихоб карданд, он кас аз минбар барномаи аввалини давлатдории худро аз умқи дилашон иброз карданд. Он чӣ ки дар дил доштанд, он ҳамаро гуфтанд. Ҷавҳари ин барномаи аввалини давлатдории Роҳбари ҷавони халқи тоҷик қатъи ҷанг ва ба мулку макони аслии хеш овардани муҳоҷирони иҷборӣ буд, ки ҳалли ин ду муаммои муҳимтарин ба аҳли толор ниҳоят писанд омад ва онҳо кафкӯбии бардавом карданд.

Тамоми сокинони ҷумҳурии азизамон чеҳраи нуронии Сарвари ҷавони кишварро бори аввал дида бошанд ҳам, бо барномаи наҷотбахш он касро ба самимияти бузург пазируфтанд ва аз дилу ҷон дӯст доштанд. Симои нуронӣ, костюми сафед ва дилу ботини поки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама хурду калони мардуми азияткашидаамон мақбулу писандида ва азизу меҳрубон гардиданд.

Бо ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешонаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ниҳоят душвори ваҳдату ҳамдилӣ, бародарию ҳамбастагӣ қадам ба қадам паймуда шуд. Хусусан, аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Тоҷикистон эълон гардид, ки ин воқеаи хеле хурсандибахши ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар мебошад.

Дар ин бобат рӯзномаи «Садои мардум» чунин нигоштааст:

«Рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ

Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26-уми ноябрро Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Тоҷикис­тон эълон намуд. Аз фазли раҳмати Офаридгор густарда шудани дастархони оштии миллати тоҷикро бар тамоми сокинони Ватан самимона табрик мегӯем. Ба хонадони 5000-солаи тоҷикон офтоби ҷонбахши сулҳу амонӣ шуълафишонӣ менамояд, аз ҷамеи деҳу барзан ва дашту даман нидоҳои иттиҳоду иттифоқ меоянд!»

Бояд зикр намоям, ки ҳайати эҷодӣ  ва техникии рӯзномаи «Садои мардум» ба ­вазъияти мураккаби сиёсӣ ва камбудии иқтисодӣ нигоҳ накарда, аз рафти ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Хуҷанди бостонӣ гузориши муфассал ва мусоҳибаҳо навишта, ба дасти хонандагони он айём муштоқи хабари нав ва фараҳбахш мерасониданд.

Имрӯзҳо бастаҳои соли 1992-1993 рӯзномаи «Садои мардум» шоҳиди ҳоланд. Шоҳиди ғаму хурсандии мо.

Бахтиёр МУРТАЗОЕВ,

Нависандаи халқии Тоҷикистон