Роҳбар, халқ ва давлат назаре кӯтоҳ ба устураи тоҷик

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

13Нақши шахсиятҳои барҷаставу таъсиргузор дар таърихи қавму миллатҳои мухталиф хеле равшан ба назар мерасад. Онҳое, ки воқеан давронсозӣ кардаанд ва дар бораашон достону ривояти фаровоне вуҷуд дорад. Яке аз ҳамин гуна шахсияти ҳамосии миллии мо Рустами Достон аст. Ҷаҳонпаҳлавоне, ки неруи бозу ва хиради хешро барои ҳифзи марзу бум ва зиндагии осудаи ҳамзамонони хеш сарф намуда, ҳамеша дар муқобили зулму истибдод қад алам намудааст.

Барои он ки Рустам арзи ҳастӣ намояд, Симурғ — он неруи азалии хирад, дониш ва манбаи қудрат даст ба кор мешавад. Золи Зарро, ки дар даврони тифлӣ аз даргоҳи падар ронда шуда буд, тарбият ва бузург мекунад. Аз камари Зол Рустам ба дунё меояд, ки рамзи қудрат ва тавоноӣ мегардад. Симурғ ҳам чун маҳзари дониш, хирад, доноӣ, зебоӣ ва тавоноӣ ҳамеша дар сахттарин вазъият мададгори Рустам мешавад. Ба ибораи дигар, қудрат бе хираду дониш буда наметавонад ва агар хирад ва доноӣ набошад, қудрат ҳам ба вуҷуд намеояд. Ин нуктаи муҳимро ниёкони мо дар даврони бостон дарк намуда буданд ва Фирдавсии бузург аз ҳамин манзар «Шоҳнома»-ро офарид.

Дар баробари Рустам, Гев, Гударз, Тӯс, Исфандиёр барин қаҳрамонони ҳамосӣ чеҳранамоӣ мекунанд, ки ҳар кадом рамзи қудрат ва маниши нек ҳастанд.

Исмоили Сомонӣ ҳам аз зумраи он абармардони таърихи мост, ки ба фармудаи худи ӯ «девори Бухоро» буд ва бо ба кор гирифтани илму дониш ва хирад маҳзари қудрат гашт. Мо метавонем исми ин гуна инсонҳои дар таърихи мо таъсиргузорро фаровон орем.

Қавму миллатҳо бо гузашти замон гирифтори воқеаҳое мешаванд, ки аксари онҳо фоҷиаборанд. Ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин ҳодисаву воқеаҳо осори мусбати зиёде низ дар худ доранд. Масалан, миллате метавонад аз батни фоҷиае, на танҳо ҷони солим бадар барад, балки ба таври фавқулода рушд намояд, худро эҳё созад, пару боли тоза барорад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ШАХСИЯТИ ТАЪРИХСОЗ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне баргузор гардид, ки парешонӣ, ғоратгарӣ, зулм, бедодгарӣ ва душманӣ ҷомеаи моро фаро гирифта буд. Аз ин бадтар қудратҳое ба мавҷудияти миллати тоҷик таҳдид мекарданд.

Дар он иҷлосияи тақдирсоз марде сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки қотеъона гуфт: «Бародарон, вақти он расидааст, ки ба чашми якдигар нигариста, сухан гӯему кор кунем, то Тоҷикистон обод шавад. Чашми халқ ба мост. Ӯро ноумед накунем. Мо як халқу як давлат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. То ин вақт моро гумроҳ намуда, ба ду майдон тақсим карда буданд. Биёед, ҳама даст ба даст коре кунем, ки дар як майдон ҷамъ оем, номи ин майдон майдони ваҳдат, майдони меҳнат аст. Мақсади ин майдон эҳёи Тоҷикистон мебошад».

Соҳиби ин суханон, ки дили пурҳарорат дошт ва бо дасту дили пок аз минбар ҳарф мезаданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Садои ин ҷавонмард ба мардум таъсири дигар бахшид. Бо шунидани овози ӯ дар дилҳо шуълаи умед сар кашид.

Аз он рӯз маълум гашт, ки модари тоҷик фарзанди диловару ҷоннисори дигареро ба майдон овард. Мӯйсафеде симои ӯро аз телевизион диду табассум даври лабонаш шукуфт. Ба фарзандонаш гуфт:

- Ман ин ҷавонмардро хоб дида будам.

- Чӣ тавр? — ба падар нигарис­танд ҷигарбандонаш.

- Ҳайрон нашавед, ман ӯро мисли рӯзи равшан дар хобам дидам. Моҳ дар осмон давр заду ба сари ӯ фуруд омад, сипас шакли тоҷро гирифту рӯи сараш нишаст ва чунон нур пошид, ки дунё мунаввар шуд.

Мӯйсафед ба фарзандонаш таъкид кард, ки ин мард мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот медиҳаду обод мекунад.

Он рӯз танҳо ин мӯйсафед не, балки бисё­риҳо ин ҳақиқатро шинохтанд ва аз ояндаи дурахшон башорат доданд.

Фарзандони бузург ҳамин тавр ногаҳонӣ ба майдони мубориза дохил мешаванд. Онҳо бо худ неруеро меоранд, ки тасаввур кардан душвор аст. Ин неру тухми нобоварӣ ва душманиро маҳв месозад.

Дар баробари тундбоди ҳаводис истодан, муқовимат кардан осон нест, вале родмардони бузург мисли кӯҳҳо устувору побарҷоанд, ҳимоятгари онҳо Симурғ аст, ҳамон Симурғе, ки аз ибтидо сарнавишти миллати моро рақам зад.

Сарвари давлати тоҷикон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ёд оварда, таъкид карданд: «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, иқдоми ғайриодӣ, ҷасурона ва сарнавиштсоз, инчунин оғози роҳи душвори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон буд».

Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи тоҷик мебошанд. Ӯ дар миёни халқ тарбият ёфтанд, шарики шодиҳою мотамаш ҳастанд ва аз миёни халқ қомат кашиду Пешвою раҳнамояш гашт. Барои ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдори Тоҷикистон зиёд ҷонфидоӣ карданд. Ишқи халқ, муҳаббати Ватан дар вуҷудаш шуъла мекашад, ба ӯ неру мебахшад. Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар бораи ӯ гуфтааст: «Таҳти роҳбарии қатъии ­Эмомалӣ ­Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Хитой ба он баҳои баланд медиҳад».

Оре, чунин аст, вале ваҳдати миллӣ ва сулҳ дар Тоҷикистон осону якбора ба даст наомадааст, ки мо бе ягон мушкил ба суботи иҷтимоиву некуаҳволӣ расида бошем. Сарвари давлати мо барҳақ таъкид карданд: «Баъди бисту як вохӯрию музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳалу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат давраи ниҳоиро дар Москва доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем.

Доир ба аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ман дар як суханронии худ гуфта будам ва мехоҳам бори дигар такрор намоям, ки қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

Сулҳ, субот, ваҳдати миллӣ ибораву вожаҳои муқаддас ҳастанд. Онҳо гӯётарин калимоти забони мо мебошанд. Фарҳанг, хирад, суннат ва ахлоқи халқи тоҷик боиси он гашт, ки ӯро дар атрофи Роҳбари худ муттаҳид созад ва аз ошуфтагӣ наҷот ёбад.

Осудагон чӣ донанд аҳволи дардмандон, Ошуфтаҳол донад ошуфтагии ҳолам.

Ҷалоли Бадахшонӣ, профессори машҳур аз кишвари Англия, ки борҳо ба Тоҷикистон омадааст, дар мақолаи «Халқи тоҷик, Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон» менависад: «Он чӣ дар мавриди Тоҷикистон таҳсинбарангез аст, таваҷҷуҳ ба иртиқои (баландии) фарҳангу одот ва русуми миллӣ аст, ки бору самари он ягонагӣ, ҳамоҳангӣ, ватандӯстӣ ва талоши ҳамагонӣ барои ояндаи беҳтаре аст ва ин дарсу барномаест, ки Роҳбари миллат дар амал бо пешгомии худ, ба навъи чашм­гир, дар зеҳну фикри ҷавонон парвариш дода ва ҷои тардид нест, ки идомаи он натиҷае ҷуз пешрафт, тараққии Тоҷикистон нахоҳад буд».

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ боиси он гашт, ки дар Тоҷикистон шахсияте рӯи кор ояд, ки дар сарнавишти миллати тоҷик нақши бузург бибозад. Ин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ аз мо мегӯяд, таъриху тамаддун, фарҳангу хиради моро муаррифӣ месозад. Имрӯз номбурда абармарди дунёи сиёсат мебошанд. Ин нуктаро Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин хеле дақиқ баён месозад: ­«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар».

Мардуми тоҷик дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому муҳаббати хос сухан мегӯянд. Ин эҳтирому муҳаббати хос баёнгари он аст, ки дар таърихи халқу миллатҳо шахсиятҳо нақши асосиро мебозанд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»

Роҳбар, халқ ва давлатназаре кӯтоҳ ба устураи тоҷик

Нақши шахсиятҳои барҷаставу таъсиргузор дар таърихи қавму миллатҳои мухталиф хеле равшан ба назар мерасад. Онҳое, ки воқеан давронсозӣ кардаанд ва дар бораашон достону ривояти фаровоне вуҷуд дорад. Яке аз ҳамин гуна шахсияти ҳамосии миллии мо Рустами Достон аст. Ҷаҳонпаҳлавоне, ки неруи бозу ва хиради хешро барои ҳифзи марзу бум ва зиндагии осудаи ҳамзамонони хеш сарф намуда, ҳамеша дар муқобили зулму истибдод қад алам намудааст.

Барои он ки Рустам арзи ҳастӣ намояд, Симурғ — он неруи азалии хирад, дониш ва манбаи қудрат даст ба кор мешавад. Золи Зарро, ки дар даврони тифлӣ аз даргоҳи падар ронда шуда буд, тарбият ва бузург мекунад. Аз камари Зол Рустам ба дунё меояд, ки рамзи қудрат ва тавоноӣ мегардад. Симурғҳам чун маҳзари дониш, хирад, доноӣ, зебоӣ ва тавоноӣҳамеша дар сахттарин вазъият мададгори Рустам мешавад. Ба ибораи дигар, қудрат бе хираду дониш буда наметавонад ва агар хирад ва доноӣ набошад, қудрат ҳам ба вуҷуд намеояд. Ин нуктаи муҳимро ниёкони мо дар даврони бостон дарк намуда буданд ва Фирдавсии бузург аз ҳамин манзар «Шоҳнома»-ро офарид.

Дар баробари Рустам, Гев, Гударз, Тӯс, Исфандиёр барин қаҳрамонони ҳамосӣ чеҳранамоӣ мекунанд, ки ҳар кадом рамзи қудрат ва маниши нек ҳастанд.

Исмоили Сомонӣҳам аз зумраи он абармардони таърихи мост, ки ба фармудаи худи ӯ «девори Бухоро» буд ва бо ба кор гирифтани илму дониш ва хирад маҳзари қудрат гашт. Мо метавонем исми ин гуна инсонҳои дар таърихи мо таъсиргузорро фаровон орем.

Қавму миллатҳо бо гузашти замон гирифтори воқеаҳое мешаванд, ки аксари онҳо фоҷиаборанд. Ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин ҳодисаву воқеаҳо осори мусбати зиёде низ дар худ доранд. Масалан, миллате метавонад аз батни фоҷиае, на танҳо ҷони солим бадар барад, балки ба таври фавқулода рушд намояд, худро эҳё созад, пару боли тоза барорад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -ШАХСИЯТИ ТАЪРИХСОЗ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне баргузор гардид, ки парешонӣ, ғоратгарӣ, зулм, бедодгарӣ ва душманӣҷомеаи моро фаро гирифта буд. Аз ин бадтар қудратҳое ба мавҷудияти миллати тоҷик таҳдид мекарданд.

Дар он иҷлосияи тақдирсоз марде сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки қотеъона гуфт: «Бародарон, вақти он расидааст, ки ба чашми якдигар нигариста, сухан гӯему кор кунем, то Тоҷикистон обод шавад. Чашми халқ ба мост. Ӯро ноумед накунем. Мо як халқу як давлат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. То ин вақт моро гумроҳ намуда, ба ду майдон тақсим карда буданд. Биёед, ҳама даст ба даст коре кунем, ки дар як майдон ҷамъ оем, номи ин майдон майдони ваҳдат, майдони меҳнат аст. Мақсади ин майдон эҳёи Тоҷикистон мебошад».

Соҳиби ин суханон, ки дили пурҳарорат дошт ва бо дасту дили пок аз минбар ҳарф мезаданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Садои ин ҷавонмард ба мардум таъсири дигар бахшид. Бо шунидани овози ӯ дар дилҳо шуълаи умед сар кашид.

Аз он рӯз маълум гашт, ки модари тоҷик фарзанди диловару ҷоннисори дигареро ба майдон овард. Мӯйсафеде симои ӯро аз телевизион диду табассум даври лабонаш шукуфт. Ба фарзандонаш гуфт:

- Ман ин ҷавонмардро хоб дида будам.

- Чӣ тавр? — ба падар нигарис­танд ҷигарбандонаш.

- Ҳайрон нашавед, ман ӯро мисли рӯзи равшан дар хобам дидам. Моҳ дар осмон давр заду ба сари ӯ фуруд омад, сипас шакли тоҷро гирифту рӯи сараш нишаст ва чунон нур пошид, ки дунё мунаввар шуд.

Мӯйсафед ба фарзандонаш таъкид кард, ки ин мард мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот медиҳаду обод мекунад.

Он рӯз танҳо ин мӯйсафед не, балки бисё­риҳо ин ҳақиқатро шинохтанд ва аз ояндаи дурахшон башорат доданд.

Фарзандони бузург ҳамин тавр ногаҳонӣ ба майдони мубориза дохил мешаванд. Онҳо бо худ неруеро меоранд, ки тасаввур кардан душвор аст. Ин неру тухми нобоварӣ ва душманиро маҳв месозад.

Дар баробари тундбоди ҳаводис истодан, муқовимат кардан осон нест, вале родмардони бузург мисли кӯҳҳо устувору побарҷоанд, ҳимоятгари онҳо Симурғ аст, ҳамон Симурғе, ки аз ибтидо сарнавишти миллати моро рақам зад.

Сарвари давлати тоҷикон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ёд оварда, таъкид карданд: «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, иқдоми ғайриодӣ, ҷасурона ва сарнавиштсоз, инчунин оғози роҳи душвори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон буд».

Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи тоҷик мебошанд. Ӯ дар миёни халқ тарбият ёфтанд, шарики шодиҳою мотамаш ҳастанд ва аз миёни халққомат кашиду Пешвою раҳнамояш гашт. Барои ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдори Тоҷикистон зиёд ҷонфидоӣ карданд. Ишқи халқ, муҳаббати Ватан дар вуҷудаш шуъла мекашад, ба ӯ неру мебахшад. Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар бораи ӯ гуфтааст: «Таҳти роҳбарии қатъии ­Эмомалӣ ­Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Хитой ба он баҳои баланд медиҳад».

Оре, чунин аст, вале ваҳдати миллӣ ва сулҳ дар Тоҷикистон осону якбора ба даст наомадааст, ки мо бе ягон мушкил ба суботи иҷтимоиву некуаҳволӣ расида бошем. Сарвари давлати мо барҳақ таъкид карданд: «Баъди бисту як вохӯрию музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳалу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат давраи ниҳоиро дар Москва доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем.

Доир ба аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ман дар як суханронии худ гуфта будам ва мехоҳам бори дигар такрор намоям, ки қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

Сулҳ, субот, ваҳдати миллӣ ибораву вожаҳои муқаддас ҳастанд. Онҳо гӯётарин калимоти забони мо мебошанд. Фарҳанг, хирад, суннат ва ахлоқи халқи тоҷик боиси он гашт, ки ӯро дар атрофи Роҳбари худ муттаҳид созад ва аз ошуфтагӣ наҷот ёбад.

Осудагон чӣ донанд аҳволи дардмандон,Ошуфтаҳол донад ошуфтагии ҳолам.

Ҷалоли Бадахшонӣ, профессори машҳур аз кишвари Англия, ки борҳо ба Тоҷикистон омадааст, дар мақолаи «Халқи тоҷик, Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон» менависад: «Он чӣ дар мавриди Тоҷикистон таҳсинбарангез аст, таваҷҷуҳ ба иртиқои (баландии) фарҳангу одот ва русуми миллӣ аст, ки бору самари он ягонагӣ, ҳамоҳангӣ, ватандӯстӣ ва талоши ҳамагонӣ барои ояндаи беҳтаре аст ва ин дарсу барномаест, ки Роҳбари миллат дар амал бо пешгомии худ, ба навъи чашм­гир, дар зеҳну фикри ҷавонон парвариш дода ва ҷои тардид нест, ки идомаи он натиҷае ҷуз пешрафт, тараққии Тоҷикистон нахоҳад буд».

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ боиси он гашт, ки дар Тоҷикистон шахсияте рӯи кор ояд, ки дар сарнавишти миллати тоҷик нақши бузург бибозад. Ин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ аз мо мегӯяд, таъриху тамаддун, фарҳангу хиради моро муаррифӣ месозад. Имрӯз номбурда абармарди дунёи сиёсат мебошанд. Ин нуктаро Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин хеле дақиқ баён месозад: ­«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар».

Мардуми тоҷик дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонбоэҳтиромумуҳаббатихоссуханмегӯянд. Инэҳтиромумуҳаббатихосбаёнгарионаст, кидартаърихи халқу миллатҳо шахсиятҳо нақши асосиро мебозанд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»