«Мо ҳуқуқи хато кардан надоштем»

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

 Мусоҳиба бо иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева

rafika-musaeva- Роҳи шумо ба арсаи сиёсат чӣ гуна оғоз ёфт?

- Дар зиндагӣ устодони хуб доштам, вале роҳи сиёсатро барои худ интихоб накарда будам. Яке аз омӯзгорон ба ман маслиҳат дод, ки ба Институти адабии ба номи А. М. Горкийи шаҳри Москва ҳуҷҷат супорам. Замоне орзуи дипломат шуданро ҳам дар дил парваридаам.

Аз овони тифлӣ мустақилияти зиёд доштам ва дар рафъу ҳалли мушкилиҳо муҳтоҷи касе будан намехостам. Бинобар ин, пас аз мутолиаи асарҳо дар бораи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Саяно-Шушенская» ва огоҳӣ пайдо намудан дар бораи бунёди НБО «Норак» орзуи мутахассиси соҳаи барқ шудан дар дили ман пайдо гашт ва бидуни дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба факултети энергетикии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) супорида, онро бо дипломи аъло хатм намудам. Устодонам тавсия доданд, ки ба аспирантура ҳуҷҷат супорам. Рисолаи илмиамро низ ҳимоя карда, орзуи падарамро амалӣ намудам: аввалин зани тоҷик номзади илмҳои техникӣ шудам.

Бо дастгирии Амиршо Миралиев ба кори комсомол гузаштам ва соли 1982 котиби Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон интихоб гардидам. Соли 1986 ба дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ба кор омада, соли 1989 котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) интихоб шудам.

Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX тақдир маро ба арсаи сиёсат ворид намуд. Солҳои 1990-2000-ум, аввал ба ҳайси депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва сипас, ҳамчун вакили Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъвати 1 фаъолият кардам. Дар ҳамон давра таҳсилоти ҳуқуқӣ низ гирифтам, ки барои кори қонунгузорӣ зарур буд. Солҳои 2000-2003 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фаъолият кардам. Аз соли 2005 то ба ҳол вазифаи раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистонро ба уҳда дорам. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошам.

- Солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Шумо пас аз сӣ сол он айёми нобасомониву нооромиҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буданд. Қалби нозуки модари тоҷик пора – пора ва хунчакон гардид. Барои зан — модар фоҷиа ва дарде бузургтар аз марги фарзанду пайвандон нест. Модарон ҳама гуна фоҷиаро пештар ва амиқтар аз дигарон эҳсос мекунанд ва ягон модар ҷангро намехоҳад.

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ теъдоди занон дар арсаи сиёсат кам набуд, вале оғози нооромиву ноамниҳо шумораи бонувонро хеле коҳиш дод.

Дар интихоботи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки моҳи феврали соли 1990 баргузор шуд, аз 230 нафар депутат ҳамагӣ 9 нафар зан буданд.

- Депутатҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти хеле ҷиддӣ — хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷбориро бар дӯш доштанд. Чӣ тавр муяссар гардид, ки депутатҳои халқ дар ­Қасри Арбоби Хуҷанд ҷамъ оянд?

- Мо масъулияти бар дӯш дош­таамонро хуб дарк мекардем. Зеро Ҳукумати муросои миллӣ, ки 17-уми май зери фишори неруҳои мухолифи ҳукумат аз ҷониби Р. Набиев созмон дода шуда, ба он 9 намояндаи мухолифин низ шомил буданд, вазъро ба эътидол оварда натавонистанд. Минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифт. Силоҳу силоҳдор, қатлу куштор зиёд шуд. Силоҳ ба воситаи асосии ҳалли масъалаҳо табдил ёфт. Бар замми ин, бархе аз роҳбарони мақомоти иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ аз иҷрои вазифаи хеш даст кашида, бетарафиро ихтиёр намуданд. Дар вилояти Қӯрғонтеппа муқовимати мусаллаҳона ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта, як қисми аҳолӣ тарки хонаву Ватан намуданд. Ин фоҷиаи миллӣ буд, ки хатари аз байн рафтани миллату давлати тоҷикро ба вуҷуд овард.

Ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот фаъолият надоштанд, дар бештари ҳудуди мамлакат бетартибиву бесарусомонӣ ҳукмрон буду амнияти касе таъмин намешуд. Ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқон дар саҳро бесоҳиб монд. Аҳолии русзабон ва дигар миллатҳо тарки ҷумҳурӣ карданд.

Пас аз истеъфои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев умеди охирини мардум ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва депутатҳои халқ даъвати дувоздаҳум монда буд. Бинобар ин, дар ҳар кунҷу канор оид ба зарурати даъвати Иҷлосияи навбатии XVI Шӯрои Олӣ баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд меомаданд. Дар баробари ин, ҳама дарку эҳсос менамуданд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор намудани иҷлосия имконнопазир аст. Пешниҳодҳо гуногун буданд. Иҷлосия дар шаҳрҳои Турсунзода, Хоруғ, Кӯлоб ва ҳатто берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шавад, зеро барои таъмини амнияти депутатҳо, фаъолияти самараноки онҳо ва қабули қарорҳои таъсиргузор ҷиҳати пойдории мамлакат ва давлатдории миллии тоҷикон шароити мусоид ва амният лозим буд. Дар ҳамон айём ягона минтақаи амну осоиш вилояти Суғд буд ва қарори Президиуми Шӯрои Олӣ бобати дар ин минтақа баргузор намудани иҷлосия аз ҷониби мардуми кишвар ва депутатҳо бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ҳамаи тадбирҳо андешида шуданд, то теъдоди ҳар чӣ бештари депутатҳо дар ин иҷлосия ширкат дошта бошанд.

Аз минтақаҳое, ки оташи ҷанг аланга мезад, ба Хуҷанд рафтан кори осон набуд. Бо вуҷуди ин, бо роҳҳои гуногун 193 депутат дар аввал ва дертар боз 4 нафари дигар ба иҷлосия ҳозир шуданд.

Дар ҷаласаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мо як қатор масъалаҳои муҳими калидиро бояд баррасӣ мекардем, ки тақдири мамлакат ва пойдории давлатдории миллии тоҷик ба онҳо вобаста буд. Қабл аз ҳама, ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи оқибатҳои он, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи сохторҳои фалаҷгаштаи давлатӣ, неруҳои сиёсӣ ва ташкилоту муассисаҳо буд. Масъалаи калидии дигар боздоштани раванди фирориён, баргардонидани фирориёни иҷборӣ ва оғози барқарорсозии иқтисодиёти кишвар буд. Бояд таъкид кард, ки ҳамаи масоили зикршуда ва ҳалли онҳо ба як масъала — интихоби Сарвари давлати Тоҷикистон вобастагӣ дошт.

Мо, депутатҳои халқ бо ҳамин гуна андешаҳо дар бораи оила, фарзандон, миллат ва Ватани ғаму аламдида субҳи 16-уми ноябр ба Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ даъвати дувоздаҳум ҷониби Қасри Арбоб роҳ пеш гирифтем. Мо ҳуқуқи хато кардан надоштем.

Расо соати 10-и субҳ иҷлосия ба кори худ оғоз кард, вале чанд рӯзи мо барои муайян намудани рӯзномаи он сарф гардид. Рӯзи 19-уми ноябр, пас аз истеъфои Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров мо ба интихоби Сарвари давлат шурӯъ кардем. Тавре маълум аст, то оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 5 роҳбари давлат иваз шуданд. Дар вазъи басо мураккабу душвори даврони гузариш барои онҳо идора кардани давлат хеле мушкил буд. Он лаҳзаҳои ҳассос роҳбаре лозим буд, ки идораи давлатро пурра ба даст гирифта, худро барои тақдири миллат масъул донад, дар атрофи хеш неруҳои солим ва тамоми халқро муттаҳид карда тавонад. Ин корро танҳо шахсе анҷом дода метавонист, ки сифатҳои воқеии роҳбарӣ, иродаи қавӣ дошта, ватандӯст, далеру ҷасур ва фидоии касбу кор ва роҳи хеш бошад.

Хушбахтона, дар байни мо чунин шахсият депутати халқ аз ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар ҳамон даврони пуртазоду ноором ҳамеша ошкоро ва бидуни тарс ба сухан мебаромаданд, мавқеи интихобкунандагонашонро ҳифз менамуданд. Бо сабаби он ки ҳамаи иҷлосияҳо мустақиман тавассути телевизиону радио пахш мешуданд, ӯро мешинохтанд. Бинобар ин, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмон амри воҷибу воқеӣ буд.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби депутат А. Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ пешниҳод гардид. Номзадии Изатулло Ҳаёев низ пешниҳод шуда буд, вале бо сабаби беморӣ ӯ номзадии хешро бозхонд. Аз 197 нафар депутат, ки дар иҷлосия иштирок доштанд, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Мо аз ҷойҳо бар­хоста, бо чашмони ашкбор барои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафкӯбӣ кардем. Гарчанд ҳама хеле амиқ дарк менамудем, ки дар он даврони пурхавфу хатар масъулияти бузург барои миллати ҷангзадаву азияткашида бар дӯши ӯ хоҳад афтод. Ифтихор дорем, ки дар ҳамон рӯз мо, депутатҳои халқи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар интихоб хато накардаем.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлатро ба уҳда гирифта, масъулияти бузургтаринро иҷро намуданд. Давлати миллии тоҷиконро аз маҳву нобудшавӣ наҷот бахшиданд. Сардори давлат дар ин роҳ аз худ ҷасорату матонати хос, садоқати беандоза ба давлату миллат нишон доданд. Таъкид бояд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан асосгузор ва поягузори давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикис­тон маҳсуб ёфта, дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми бесобиқа доранд. Хислатҳои Эмомалӣ Раҳмон, мисли садоқат ба мулки аҷдодӣ, матонату ҷасорати бемисл, серталабӣ ва муҳаббат ба халқ барои наслҳои имрӯзу фардо бояд сабақи зиндагӣ гардад. Эмомалӣ Раҳмон нагузоштанд, ки фирориёни иҷбории тоҷик кишварҳои бегонаро ватан ихтиёр кунанд ва номуси ватандорӣ поймол, нангу ғурури миллат зери по гардад.

Хурсандем, ки дар раванди баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ бисёр занону модарон, мисли Низорамо Зарифова, дар паҳлуи Сардори давлат қарор доштанд.

- Дар қатори аввалинҳо ба тими Сарвари давлат шомил гардидан барои ҳар инсоне бояд боиси ифтихор бошад. Шуморо чунин бахт насиб гардид ва шумо раиси Кумитаи сохтори давлатии Шӯрои Олӣ интихоб шудед. Оё барои чунин масъулиятеро ба дӯш гирифтан омода будед?

- Он айём дар иҷлосия 7 нафар бонувон будем. Занони мардсифату баҷасорат — Азиза Анварова, Валентина Абдусамадова, Зууракан Давлеталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова ва ман. Он айёми ноорому пурхавф, ки тақдири миллату давлат, Ватан — Модар ва фардои фарзандонамон ҳал мегардид, аз мо, бонувон низ мисли мардҳо ҷасорату мардонагӣ тақозо мекард ва занон, депутатҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз хатарҳои воқеӣ наҳаросидем. Якдилона Сарвари ҷавони давлатро дастгирӣ намуда, дар ҳайати тими ӯ, ҳар яке дар ҷои худ барои барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат ҷаҳду талош варзидаем.

Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ анъана ва расму оини ниёконро дар самти эҳтиром гузоштан ба зан — модар ва пайваста баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳо оғоз намуданд. Кор аз он оғоз ёфт, ки Эмомалӣ Раҳмон занҳоро низ ба ҳайати нави Президиуми Шӯрои Олӣ ва ҳайати нави Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд. Аз ҷумла, ман ҳам ба вазифаи раиси Кумитаи сохтори давлатии Шӯрои Олӣ ва узвияти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидам. Дарки вазъи айём, масъулиятшиносӣ, ҳамчунин ҷиҳати дастгирӣ намудани Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, эътимоду боварӣ ба ӯ ва кӯшиши нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу субот, яъне ҳифзи ҳаёти фарзандонамон маро водор намуданд, ки чунин масъулиятро бар дӯш гирам.

Бонуи дигар, ки он лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба тими Сарвари давлат шомил гашт, Бозгул Додхудоева буд, ки ба ҳайси вазири маорифи Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб гардид. Соли 1995 бошад, Б. Додхудоеваро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд. Баъд аз иҷлосия низ пешбарии бонувон ба вазифаҳои баландпояи давлатӣ идома ёфт. Зебо Аминзода — муовини Сарвазир, Зебуннисо Рустамова – сарвари Кумитаи варзиши ­назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Майсара Калонова – мушовири Сардори давлат таъин гардиданд.

Аслан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини интихоб шуданашон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ширкати бонувонро дар идоракунии давлат дар мадди аввал мегузоштанд. Натиҷа ин аст, ки имрӯз бонувон дар ҳама соҳаҳо баробари мардон кору фаъолият доранду дар ободонии мамлакат саҳм мегузоранд.

Ифтихормандам, ки шурӯъ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то имрӯз дар як арса бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, шахсияти барҷаста, фарзанди фарзона ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият менамоям. Дар тӯли 30 соли баъди иҷлосия ихлосу ­эътимоди ман ба бузургии шахсияти Сарвари давлат ба маротиб афзудааст.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»