Раҳи садҳо хатар бастӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

Ба пешвози иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эҳдо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамон рӯзе,ки халқи Меҳанам бехонаву дар буд,

Ҳамон рӯзе, ки тақдири Ватан андар лаби ҷар буд,

Ҳамон рӯзе, ки ақли халқи гумраҳ дур аз сар буд,

Ҳамон рӯзе, ки нархи санг болотар зи гавҳар буд,

 

Паи ободии меҳан ба амри дил камар бастӣ,

Зи баҳри ваҳдати халқат раҳи садҳо хатар бастӣ.

 

Ҳамон рӯзе, ки боғу роғҳо помоли зоғон буд,

Ҳамон рӯзе, ки халқи ҷабрдида бесаробон буд,

Ҳамон рӯзе,ки беқадртарин махлуқ инсон буд

Ва куштори касон монанд бар забҳи чу ҳайвон буд,

 

Ба дӯши хеш бигрифтӣ инони раҳнамоиро,

Ба ҳам овардӣ кулли мардуми аз ҳам ҷудоеро.

 

Ҳамон рӯзе, ки карсони Ватан аз орд холӣ буд,

Барои миллати мо давраи бечораҳолӣ буд,

Ҳама дар ҳайрат аз он ки чӣ ҳолеву чӣ фоле буд

Ва дар алфози ҳар кас шеваи бечоранолӣ буд,

 

Қасам хӯрдӣ, ки халқи хешро ман сер хоҳам кард,

Ватанро тоза аз шамшеру тӯпу тир хоҳам кард.

 

Ҳамон рӯзе, ки мафҳуми маҳал боло зи Меҳан буд,

Касе «мо» ҳам намегуфту ба ҳар ҷо даъвии «ман» буд,

Ҳамон рӯзе туфайли ҷанг сарҳо дур аз тан буд,

Падар андар ғами фарзанду шавҳар дар ғами зан буд,

 

Зи ҳам ранҷидагонро боз фарзанди падар кардӣ,

Ту шоми тираи ҳаммеҳанонатро саҳар кардӣ.

Ҳамон рӯзе, ки одам қадри инсонро намедонист,

Мақому маънии аслии «Қуръон»-ро намедонист.

Зиёну даҳшату неруи тӯфонро намедонист,

Баҳои Меҳани худ Тоҷикистонро намедонист.

 

Ватан обод кардӣ, беҳтарини ганҷаш инсон шуд,

Ба ҳукми қонун аз нав Тоҷикистон Тоҷикистон шуд.

 

Ҳамон рӯзе,ки душман андаруни хонаи мо буд,

Паи бишкастани паймону аз паймонаи мо буд.

Худӣ пиндоштемаш, лек ӯ бегонаи мо буд

Ва чашми тири ӯ бар пушту бар пешонаи мо буд,

 

Шиносондӣ ту халқи хешро бо насли худ аҳсант,

Сазовори ба номи қаҳрамони насли худ аҳсант.

 

Ҳамон рӯзе, ки гуфтӣ бар шумо ман сулҳ меорам,

Қасам бар ҷисму ҷонам, ки Ватанро дӯст медорам.

Қасам хӯрдӣ ба шири модару бар ҷону нони халқ,

Ки ман ҳаммиллатони хештанро бар Ватан орам,

 

Вафо кардӣ ба ҳар як ҳарфи савгандат, ҳалолат бод,

Туро ҳам, эй Ватан, фарзанди дилбандат ҳалолат бод!

 

Гумонам, ки на камтар буд аз ҳар панд ин ҳарфат,

Шуда бар шохи уммеди ҳама пайванд ин ҳарфат.

Чу Сарқонун, ки гирад ибтидо аз он ҳама қонун,

Бари савгандҳоят буд сарсавганд ин ҳарфат.

 

Вафо кардӣ ба подории ин миллат ҳалолат бод,

Вафо кардӣ вафодории ин миллат ҳалолат бод!

Чупон БАДАЛИ ВАНҶӢ