Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, зарурати таърихӣ буд, ки муҷиби арҷгузорӣ ба ақлу заковати вакилони мардумӣ гардид. Ҳадаф аз баргузории иҷлосия, тантанаи қонун, таъмини амният, баҳамоии миллати парешонгашта ва аз гирдоби даҳшат раҳо намудани кишвар буд. Хушбахтона, иҷлосия ақлҳоро ба ҳам наздик кард. Мурғи иқбол ба сари ин сарзамин соя афканд ва бахт ба рӯи тоҷикистониён хандид. Инак, аз он рӯзи фархунда 30 сол сипарӣ гардид. Ин 30 сол гарчанде барои таърих қимате надошта бошад, барои кишваре чун Тоҷикистон арсаи бунёду созандагӣ ва бинои давлату миллат мебошад, ки дар назари аввал барои бархе афсуну афсона гардид.
Вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 157-и шаҳри Кӯлоб Ҳикмат Шарифов андешаҳояшро чунин ёдовар шуд:
- Маро, табиати зотиам ба иҷлосия кашид, табиате, ки тӯли солҳои ҳаёти пурмоҷароям ҳамраъйи ман буд, вагарна барои ман ҳам як узр ё баҳона пеш овардан он қадар душвор набуд.
Барои дарёфтани роҳи хотима бахшидани хунрезӣ аз вакилони халқ ҳамеша талаб мекардам, ки ҳар чӣ зудтар иҷлосияи навбатӣ баргузор гардад, чунки ин масъала танҳо дар ҳамбастагӣ тавассути мақоми қонунгузор ҳал мегашт. Дар он ҷо нафароне буданд, ки намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ бошаду миллат аз вартаи ҷанг наҷот ёбад.
Дар иҷлосия вакилон — зеҳнҳои бедор муқобили раъйи Раиси Шӯрои Олии вақт ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ Акбаршо Искандаров баромаданд. Онҳо дар ҳамон шабу рӯз мехостанд баргузории сессияро мавқуф гузоранд. Акбаршо Искандаров аз сабаби ҳозир нашудани чанд нафар аз қумондонҳои саҳроии мухолифин пешниҳод кард, ки баргузории сессия ба дигар рӯз мавқуф гузошта шавад. Аз ин таклиф ҳама толор хомӯш монда, касе чизе намегуфт.
Аз ҷой бархоста гуфтам:
- Ҳама медонад, ки ҳоло чашми мардуми кишвар аз экрани телевизион ба мо дӯхта шудааст. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳар рӯз садҳо нафар фарзандони мо қурбон мешаванд. Ҳазорҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, аз даҳшати ҷанг гуреза шуданд. Аз ин сабаб ҳуқуқ надорем, ки сессияро мавқуф гузорем.
«…Муҳтарам депутатҳо! Таклиф дорам, ки сессияро давом диҳед. Хоҳишмандам, ки маро дастгирӣ кунед». Ин таклифи ман ба аҳли назар рӯҳияи тозаву ҷасорати мардонагӣ бахшид. Бо ҳамовозӣ иҷлосия ба кор шурӯъ кард ва он сарахбори сулҳу салоҳ ва баҳамоии миллат ва бинои сохти конститутсионии давлати ҳуқуқбунёди мо гардид.
19-уми ноябри соли 1992 ба иҷлосия фурӯғи тоза бахшид. Вакилон раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии рақами 172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Аксар тарафдори он буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардад, чунки ин на танҳо хости вакилон, балки хости ҳамаи онҳое буданд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири баромадҳояшон дар иҷлосияҳои қаблӣ мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Дар симои ӯ шахси муборакқадамро медиданд, ки давлату миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ мебарорад. Ҳамин тавр ҳам шуд, чунки ӯ андеша, ҷасорат ва табиати писандида дошта, ба ҷанг хотима доду миллатро ба ҳам овард. Давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сарвари онро ҳамчун шахси сулҳпарвар, ки акнун соҳибмактаб аст, шинохтанд. Яке аз суханони Сарвари кишвар ин буд: «…маҳаллаҳои дар натиҷаи ҷанг харобгардидаро бояд ҳамаи мо – тоҷикистониён дастаҷамъона барқарор созем». Бо ифтихор гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон ин суханонашро дар рӯ ба рӯи мо гуфта буд, вале фардо ин суханони ҳадисгунаро фақат аз саҳифаҳои таърих меҷӯянд. Ҷанг имтиҳони ватандорӣ буд, гарчанде дар ин марзу бум имтиҳонҳои зиёде гузашта ва боиси маҳву нести ҷавонмардони зиёде гардидааст. Ин рӯйдод бо ҳама неку бадаш, ҳамчун воқеаи гӯё фардо саҳифаҳои равшани таърихи моро пурра месозад.
Ҳамин тариқ, иҷлосия кори худро идома дода, бо роҳи конститутсионӣ Ҳукумати нави Тоҷикистонро интихоб кард, ки дар он рафъи ҷанги бародаркушӣ, сулҳоварӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ҳамчун мақсаду мароми асосӣ буданд.
Барои ман аз ин шарафи бузургтаре нест, ки бо сари баланд ба назди интихобкунандагонам баргаштам, — хулоса кард Ҳикмат Шарифов.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»